ЁДДОШТ ДАР БОРАИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА ОИД БА АЗНАВКОРКАРДИ ПАРТОВҲОИ АВТОМОБИЛҲО БА ИМЗО РАСИД

Муовини якуми раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Куриё – Ӯзбекистон Ким Чан Кеон дар доираи сафари худ ба Ӯзбекистон ба вилояти Сирдарё ташриф оварда, бо ҳокими вилоят Ғофурҷон Мирзаев мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум дар бораи татбиқи лоиҳаи коркарди пар-товҳои мошинҳоро ба имзо расонданд.
Дар рафти музокирот ба ҷониби Куриёи Ҷа-нубӣ барои аз ҷониби Палатаи савдою саноати Хвасони Куриёи Ҷанубӣ ба вилояти Сирдарё додани се автомобил барои эҳтиёҷи одамони имконияти ҷисмониашон маҳдуд, ки бо дастгирии Ассотсиатсияи соҳибкорони Куриё – Ӯзбекистон ташкил карда шудааст, миннатдории алоҳида изҳор карда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи бомуваффақияти лоиҳа оид ба коркарди партовҳо барои ҷалби ширкатҳои Куриёи Ҷанубӣ ба минтақа ангезаи хубе хоҳад буд ва ҳамчунин ваъда дода шуд, ки барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар аз ҷониби ҳокимияти вилоят дастгирии ҳамаҷониба расонда хоҳад шуд.
Дар навбати худ Ким Чан Кеон ҷониби Ӯзбекистонро дар омодагиаш дар дастгирии ҳамаҷониба аз ҷониби ассотсиатсияи соҳибкорони Куриё – Ӯзбекистон бобати татбиқи зудтари лоиҳаи коркарди партовҳо бовар кунонд, инчунин дар бораи ташкили сафари ҳайат таҳти сарварии ҳокими вилоят ба Куриёи Ҷанубӣ, бо намояндагони ҳукуматҳои мунисипиалӣ ба имзо расондани созишномаҳо, баргузор намудани анҷуманҳои тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони доираҳои корчаллонии ду мамлакат хабар дод. Намояндаи Ассотсиатсияи соҳибкорони Куриё – Ӯзбекистон таъкид намуд, ки чунин чорабиниҳои муштарак ҳамкориро натанҳо байни ассотсиатсия ва ҳокимияти вилояти Сирдарё мустаҳкам мекунад, балки бо саъю талоши умумии ҷонибҳо метавонад ба рушди ҳамкории иқтисодии байни ду кишвар ҳиссаи назаррас гузорад.
Лоиҳаи коркарди партовҳои автомобилҳо дар пойгоҳи консорсиум, ки ба он чор ширкати Куриёи Ҷанубӣ ворид мегардад, ба нақша гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии сармояи ҷониби Куриёи Ҷанубӣ 3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷониби ҳокимияти вилояти Сирдарё ҳудуди истеҳсолӣ пешниҳод карда мешавад.
Лоиҳаи мазкур ба  ри-воҷ додани соҳаи азнавкоркарди партовҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза  дар Ӯзбекистон ҳиссаи назаррас мегузорад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: