Хондиза деҳаест зебоманзар.
Хондиза деҳаест зебоманзар. Мардумонаш шеърдӯсту шеърпарвар. Ба қадри шеъру шоирӣ мерасанд. Бо худ ва бо гузаштагонаш ифтихор доранд. Ҷамоаи омӯзгорони таълимгоҳи рақами 85-уми деҳаи Хондизаи ноҳияи Сариосиё ва як гурӯҳ фаъолон ба зиёратгоҳи ду тан аз шахсиятҳои забардасти деҳа – Домулло Сӯфӣ Ҳисори Хондизагӣ ва Муҳаммад Юсуфи Хондизагӣ рафта, қабрашонро зиёрат намуданд. Пасон ҳамагон ба мактаб баргаштанд, ки онҳоро хонандагон бо нону намак интизор буданд. Он рӯз хонандагони таълимгоҳи мазкур таҳти роҳбарии директор Ҳабибулло Раҳимов, ҷонишини директор оид ба корҳои маърифатӣ ва маънавӣ Ҷаҳонгир Нуруллоев, мудирони қисми илмӣ Мустафоқул Муҳаммадиев ва Абдулло Ғафуров, китобдори мактаб Шаҳобиддин Султонов ва як гурӯҳ омӯзгорони дигар ташаббус бардошта барномае бахшида ба 150-солагии шоири сӯфимашраби тоҷик, ифтихори мардуми Хондиза Муҳаммад Юсуфи Хондизагӣ, ки мутахаллис ба Маъюсӣ аст, бо унвони «То тавонӣ чанд ҳарфе баҳра аз олим бигир...» омода намудаанд. Дар ин барнома Раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё Рамазон Абдуллоев, директори Маркази реабилитатсияи вилоят Манзура Абдуллоева, сармуҳаррири рӯзномаи «Ховар» Олим Панҷизода, муаллимони Донишгоҳи давлатии Тирмиз Кароматулло Ҷонмуҳаммадов, Иқрориддин Айниддинов, директори фароғатгоҳи бачагонаи «Хондиза» Раҳматулло Соҳибов ва чанде дигарон иштирок доштанд.
Хонандагони мактаб бо навбат аз ашъори Маъюсӣ шеърҳо қироат намуданд. Зиёда аз 200 мисраъи маснавии «Асмо-ул-ҳусно»-ро хонандаи синфи 7-ум Муҳаммадӣ Раҳматуллоев ва шеъри шоири хушбаёни Хондиза Хусрави Саъдуллоҳ ба ёди ҳазрати Маъюсӣ «Таҳороти ово»-ро Мӯъҷизаи Саъдулло хонда ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд.
Иштирокдорон низ ҳар яке оиди маҳфил ва эҷодиёту шахсияти Маъюсӣ ҳарф заданд. Ниҳоят, дар анҷом ба фаъолоне, ки дар чорабинӣ ба муносибати 150-солагии ёдбуди шоир Муҳаммад Юсуфи Хондизагӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд, сертификати Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилоят ва китобҳо тақдим карда шуд. Чорабинӣ хеле пуртаъсир ва хотирмон буд ва зикр гардид, ки барои шод гардонидани хотири ин шахсияти бузург ҷамоаи мактаб ба кори хайр даст задаанд.
Барнои САЛОМИЁН,
омӯзгори мактаби рақами 85-уми ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.