Дар кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи факултети филологияи рус ва шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба муносибати 112-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабинии адабиву фарҳангӣ зери унвони «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ҳамкории Маркази миллии тоҷикони вилояти Сурхондарё рӯйи кор омад. Дотсент Рамазон Абдуллоев аз саҳми беназири устод Мирзо Турсунзода дар рушди равобити адабӣ ва дӯстии халқҳо ёдовар шуд ва гуфт, ки устод Турсунзода бо эҷоди шеърҳои мондагораш дар мавзӯъҳои сулҳу дӯстӣ ва ватану модар ҳамеша вирди забонҳо хоҳад буд ва хидматҳои беназири ин фарзанди фарзонаи миллат дар роҳи тарғиби дӯстии беғараз аз ёдҳо ҳаргиз зудуда нахоҳад шуд.
Намоиши филми ҳуҷҷатӣ доир ба лавҳаҳои ҷолиби зиндагии устод Турсунзода ва қироати достони «Ҷони ширин» бо садои марғуби муаллиф ба аҳли толор таассуроти нек боқӣ гузошт. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шариф Халил дар бораи хидматҳои беназири Мирзо Турсунзода дар роҳи баланд бардоштани обрӯю эътибори тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ сухан ба миён оварда, бо донишҷӯён мубодилаи афкор намуд.
Масъалаҳои муҳими рӯзгор, осор ва хидматҳои устод Мирзо Турсунзода тариқи иҷро ва гузоришҳои рангоранги толибилмони кафедра басо хотирмону муассир буд. Дар интиҳо донишҷӯёни фаъол бо туҳфаҳои хотирмони Маркази миллии тоҷикони вилоят ва кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДТ сарфароз гардонида шуд. Дар маҷмӯъ ин чорабинии фарҳангӣ дар зеҳнҳои ҳозирон як чизро ба ҳамеша боқӣ гузошт, ки дар васфи шоири шаҳир Илҳоми Насафӣ барҳақ гуфтааст:
Намоди асли инсонӣ ба
рӯи ӯ муҷассам буд,
Ки гӯё мисли Турсунзода
шоир дар ҷаҳон кам буд.
Азиза РАҶАБОВА,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.