ЁДЕ АЗ УСТОД УЛУҒЗОДА

Имсол ба зодрӯзи адиби маъруфу забардасти миллат Сотим Улуғзода 110 сол пур мешавад.

Имсол ба зодрӯзи адиби маъруфу забардасти миллат Сотим Улуғзода 110 сол пур мешавад. Ӯ баъди устод Садриддин Айнӣ суханофарини тавоно ва эҷодкори сеҳрофарине буд, ки дар бунёд ва рушду нумӯи адабиёти навини тоҷик саҳми арзандае гузошта, дар ҷодаи «ба мо моро шиносонидан» ҳампояю ҳамсанге надошт. 
Ман чун як шефтаи осори гаронмояи ӯ аз он ифтихор дорам, ки бо ин абармарди майдони сухан ҳамдеҳаам ва тақдир бо лутфу инояти хеш маро аз дидору сӯҳбати ин марди хирадманд боре чанд бархурдор гардондааст.
Ӯ низ чу ман зодаи деҳкадаи қадимии тоҷикнишини Варзик бошад ҳам, дасти бешафқати тақдир ва талотумҳои бенизоми зиндагиву ҳаёти иҷтимоӣ ӯро аз Варзик дур андохта буд. Мо ҳамдеҳагон бо ӯ ифтихор дошта, муштоқи дидору сӯҳбаташ бошем ҳам, ин кор муяссарамон намешуд. 
Шояд хонандаи закии мо асари ҳасбиҳолии адиб «Субҳи ҷавонии мо»-ро мутолиа карда, аз айёми пурғаму андӯҳи бачагии у огаҳӣ дошта бошад. 
Тақдир аз хурдӣ ба адиб чандон меҳрубон набуд. Сотимхон дар нӯҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар ятим мондааст. Ҳангоми вафоти модараш бародари хурдияш – Мурувватхон (дар «Субҳи ҷавонии мо» Мухтор – И.Ҷ.) ҳамагӣ якуним сол дошт ва нигоҳубину парастории ӯ низ дар дӯши Сотимхони нӯҳсола буд. Баъди реҳлати падар аҳволи ӯ боз ҳам бадтару вазнинтар гардид. Ҳарчанд модари мушфиқ онҳоро тарк гуфта буд, мадори дилу пуштибону ғамхор падар дошт. Азобу машаққати рӯзгор, ғами ҷудоӣ аз ҳамсари меҳрубону оқила, доғи фарзанд марди қавипайкари паҳлавонро низ аз по афтонд, ду кӯдаки ноболиғро дар чорсӯи зиндагӣ лолу ҳайрон гузошта, олами ҳастиро падруд гуфт. Бино ба тасвири худи нависанда акааш Азизхон бачаи нозпарвару эрка буда, ба машаққату азоби зиндагӣ тоқат надошт. Пас аз вафоти модар, ҳанӯз ҳангоми зиндагии падар ҳафтаҳо ғайб мезад, падар ба ҷустуҷӯяш баромада зориву тавалло карда ёфта меовард, вале боз ғоиб мешуд. Модархонду падархонди нав ёфта буд. Дере нагузашта ӯ ҳам ба сабаби беморӣ ин дунёро тарк кард. 
Иштиёқи хондан, илм омӯхтан, соҳиби хату савод шудан нависандаи ояндаро лаҳзае ором намегузошт. Шӯълаи шавқи илмомӯзӣ, забондонӣ ҳангоми дар шаҳри Тошканд зистани онҳо, дар ҳалқаи ҷӯраҳои дар завод пайдокардаи ӯ, китобҳои рангаву суратдори онҳоро тамошо кардан дар дилаш оташаке афрӯхта буд.
Бо маслиҳати хешони калонсол додари хурдакаки худро ба ӯҳдаи аммааш, ки дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ дошт, гузошта роҳи мактаби усули нав, ки дар шаҳри Чуст ташкил шуда буд, пеш гирифт. Аз ҳамдигар ҷудо шудани ду бародари ятим, ки шабу рӯз якҷову ба якдигар сахт унс гирифта буданд, дар асар хеле риққатовар тасвир шудааст. Ҳангоми мутолиа ашки чашмро доштани хонанда амри маҳол аст. 
Ин ибтидои пайраҳае буд дар зиндагии Сотимхон, ки адиби ояндаро ба шоҳроҳи бузурги илму эҷод раҳнамоӣ мекард.
Баъди хатми мактаб-интернати шаҳри Чуст ба Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд дохил шуд. Соли 1932 барои кор ба пойтахти ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон – Сталинобод омада, дар идораи рӯзномаву маҷаллаҳо фаъолият оғоз кард. Солҳои 1934-1937 вазифаи котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Баробари оғози ҷанг Улуғзодаро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват карданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун мухбири ҳарбӣ дар рӯзномаҳои фронт фаъолият бурд. Бо фаро расидани солҳои осоиштагӣ ба кори эҷодӣ даст зад ва то охири умр ба эҷоди асарҳои баландғояву сермазмун машғул шуд. 
Зодгоҳи биҳиштосои мо – Варзик яке аз деҳаҳои қадима ва бонуфузи тоҷикнишини ноҳияи Чуст аст.
Улуғзода дар «Субҳи ҷавонии мо» вожаи Чустро Тус ном бурдааст, ки айни хақиқат аст. Дар ёд дорам, ки вақтҳои кӯдакии ман калонсолон забони русӣ он тараф истад, ҳатто дар забони ӯзбекӣ ҳам чандон балад набуданд, Тус мегуфтанд. Калимаи Чуст бошад, талаффузи русишудаи ин вожа аст. Чи хеле ки ба пештоқи автобусҳо Деҳнавро Денау, Новро Нау менавистагӣ шуданд. 
Аввалин вохӯрии ман бо нависанда моҳи майи соли 1968 ба вуқӯъ пайваста буд. Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо як шукӯҳу тантана идома дошт.
Нависанда ва шоирони машҳур Турсунзода, Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Улуғзода ва аз шоирони ҷавон Гулчеҳра Сулаймонова, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминзода, Мӯъмин Қаноат ва дигарон аҳли адабиёту фарҳангро бо намунаҳои эҷоди худ ошно мекарданд. 
Шеъри «Ба бародарам» (порча аз достони «Суруши Сталинград»)-и Мӯъмин Қаноат ҳамон шабу рӯз хеле машҳур буд. Вақте ки дар минбар шеър аз забони худи шоир садо дод, гӯё дар толор пашша пар занад шунида мешуд. Бо як лаҳни форам, бо овози марғуладору эҳсосоти баланд хонда буд шоир. Мо аҳли оила ҳама дар пеши оинаи нилгун тамоми ҷисм гӯё гӯшу ҳуш шуда маҳви тамошо будем.
Ба дида нақши рӯи ту, ба гӯш гуфтугӯи ту,
Ҳанӯз аз димоғи ман, нарафтааст бӯи ту, 
Шудам калону омадам, кунун ба 
ҷустуҷӯи ту,
Бародарам, бародари ба ҷону дил
 баробарам.
Ин шеър ҳам асоси ҳаётӣ дошта, ба хотири бародари бузурги шоир, ки дар ҷанг бедарак гаштааст, бахшида шуда буд, мисраъҳои шоир бо ҷаззобии худ торҳои нозуки дили хонандаро нохун мезад. 
Мо ҳамон сол хатмкунандаҳои мактаб будем, моро ба толори мактаб ҷамъ намуда гуфтанд, ки як гурӯҳ нависанда ва шоирони тоҷикистонӣ, ки дар Рӯзҳои адабиёту санъат иштирок доранд, ба мактабамон меҳмонӣ омадаанд, дар байни онҳо нависанда Улуғзода низ ҳастанд.
Ғоибона Улуғзодаро мешинохтем, бо номи ӯ фахр мекардем. Аз китобҳои дарсӣ бо осораш ошно будем. Ниҳоят, дидани нависандаи машҳури ҳамдеҳа насибамон гашта буд. Вай як марди қоматбаланду тануманд, чашму абрӯ ва мӯйсари ғӯлии сиёҳ дошт. Чеҳраи ботамкину нигоҳи мутафаккираш ба ӯ салобат мебахшид.
Ҳама дар ҳаяҷону ҳайрат будем, аз шодию фараҳ чӣ гуфтанро намедонистем. Аз эҷоди шоирон шеърҳо хондем, саволу ҷавобҳо гузарондем. Муаллими забон ва адабиёти мо аз кам будани китобҳои бадеӣ, оиди барномаву асбобҳои аёнӣ бо забони тоҷикӣ, умуман, аз мушкилоти таълиму тадрис сухан намуд. Меҳмонҳо ваъда доданд, ки албатта дар ҳалли мушкилот кӯмак хоҳанд кард. Дар ҳақиқат, дере нагузашта китобҳои зиёди бадеиву услубӣ аз Душанбе ба китобхонаи мактаб ирсол гардид.
Бори дигар ҳангоми донишҷӯиям дар байни донишҷуён гап-гап шуд, ки Улуғзода ба Самарқанд омадаанд. Ин вохӯрии дуюми ман бо адиби машҳури ҳамдеҳаам буд. Агар хотира маро фанд надиҳад, ин дар тирамоҳи соли 1971 ба вуқӯъ пайваста буд. Дар ин айём адиб ба рӯзҳои сахт рӯ ба рӯ шуда буд. Писараш Азизхон (ба хотири бародари бузургаш номи ӯро ба фарзандаш гузошта буд) хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов буда, аз мутахассисони ангуштшумори забони қадими ҳиндӣ-санскрит маҳсуб мешуд. Ба сифати омӯзгор дар ҳамон мактаби олӣ фаъолият мебурд. Ҳангоми сафари расмӣ ба Ҳиндустон аз сафоратхонаи Британияи Кабир паноҳгоҳи сиёсӣ хоста, ба хориҷа фирор кард. Аз адиб талаб намуданд, ки ба таври расмӣ аз фарзандаш рӯй гардонад. Вале вай ин тавр накард. Баъди ин Сотим Улуғзода ба таъқибу фишори сахт гирифтор шуд. Нависандаро аз сафи ҳизби коммунист хориҷ карданд. Тадриси осораш дар макотиби миёнаву олӣ боз дошта шуд. Чопи асарҳояшро манъ ва аз ҳама имконияту имтиёзҳо маҳрум карда буданд. 
Ҳар як бадбахтии ба сари банда омада беҳикмат нест мегӯянд дар урфият. Аз ҳаёти иҷтимоӣ дур шуда, дар гӯшаи орому холӣ аз ҳама шӯру мағал маскан гузида эҷод кардан, ба нависанда имкон дод, ки беҳтарин ва марғубтарин асарҳои худро маҳз дар ҳамин давра офарад. 
Повести дилнишини «Ривояти суғдӣ», «Достонҳои «Шоҳнома», ки иборат аз ду ҷилд дар асоси «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, ки барои мактаббачагон бо наср таҳия карда шудааст, тарҷумаи намунаи беҳтарини адабиёти халқҳои ҷаҳон «Гамлет»-и Шекспир, «Табиби зӯракӣ»-и Молйер, «Дон Кихот»-и Сервантес, аксарияти асарҳои нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов маҳсули эҷоди ҳаминдавраинаи нависанда аст. 
Сафари нависанда ба шаҳри Самарқанд дар арафаи 60-солагии ӯ мувофиқ афтода буд. Як гурӯҳ ҷавонони косонсойӣ бо сарварии толибилми пешқадаму бедордил Усмонхон Хайриддинов барои гузаронидани вохӯрӣ бо адиби барҷаста саъйу кӯшиш намуданд ва ӯро аз меҳмонхонаи шаҳр дарёфт карда омаданд.
Одатан чунин вохӯрӣ бо адибон аз ҷониби ҳукумату сохторҳои раҳбарикунанда бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардид, вале Улуғзода дар гӯшаи фаромӯшӣ буд. 
Дар хобгоҳи донишҷӯён дасторхони хоксоронаи талабагӣ оростанд ва Улуғзода асое дар даст даромада омаданд. Адибро як марди оддии зиёинамои варзикии муқими Душанбе ҳамроҳӣ мекарду халос. Шодию хурсандии мо ҳадду канор надошт! Охир, Улуғзода барин нависандаи маъруф меҳмони донишҷӯёни намангонӣ! 
Ҳамшаҳриҳо дар сари як дасторхон таом хӯрдем, сӯҳбат хеле қӯр гирифт, дар хотима чун анъана аз адиб соядаст гирифтем. Дар Самарқанд, дар назди бозори Сиёб дӯкони маъруфи «Тоҷиккитоб» вуҷуд дошт ва масъулин онро бо китобҳои бадеиву илмӣ ва услубӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои нав ба нав аз Душанбе таъмин карда меистоданд ва ин дӯкон ҷойи дӯстдоштаи донишҷӯёни факултетҳои тоҷикӣ буд. 
Ман дар даст китоби «Субҳи ҷавонии мо»-ро доштам. «Ба ҳамдеҳаи барною зебоям аз адиб» – соядаст навиштанд устод. Пурсиданд, ки «духтари кӣ мешавӣ?» Духтари муаллим, – номи падарамро гуфтам. Нашинохтанд, вақте ки бобоямро ном бурдам, дар чеҳраашон хушҳолӣ пайдо шуда, «мешиносам, мешиносам, набераи раис» - гуфта ба ҳамроҳи худ маро муаррифӣ карданд. 
Навбати соядастгирӣ чун ба акаи Усмонхон расид «Мову шумо ҳамқабила будаем» – гуфта хандиданд, чунки адиб аз сулолаи хоҷагон буданд, ки ин қабила мардум дар деҳаи мо бонуфузанд. Муллову эшон, одамони аз дину диёнат бохабар, саводи кӯҳнадошта аксар аз ҳамин авлоданд ва дар номашон «хон» ё «хоҷа» илова доранд. Нависандаро ҳам дар ғайбашон «Сотимхон» мегуфтанд. Улуғзода фаъолияти худро чун мунаққид ва адабиётшинос сар карда буд. Ҳангоми таҳсил дар аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳони Маскав ҷиддан ба фаъолияти илмӣ машғул мешавад. Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷодиёти шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш асару мақолаҳои пурқимат таълиф намудааст. Рисолаҳои «Аҳмади Дониш» ва «Пири ҳакимони Машриқзамин» – дорои қимати калони илмӣ мебошанд. Ӯ чун узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон асару мақолаҳои зиёд таълиф намуда, дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузоштааст. 
Ҷиҳати ба худ хоси фаъолияти Улуғзода дар он аст, ки вай бештар ба мавзӯъҳои таърихӣ даст задааст ва ин қабил асарҳо бо гузашти замонҳову тағйироту сиёсату давлатдориҳо кӯҳна намешаванд, баръакс қимату арзиши онҳо меафзояд. 
Романи таърихии «Восеъ», ки ба шӯриши деҳқонони Ховалингу Балҷувон, бо сарварии ҷавони ҷасуру ғаюри ӯ Восеъ, зидди амлокдорони аморати Бухоро, ки пас аз хушксолии пай дар пайи дусола аз деҳқонҳо андози зиёдро меситонд ва аҳволи бе ин ҳам гарони аҳолиро боз ҳам вазнинтар гардонида буд, бахшида шуда, аз ҷониби нависанда хеле ҳаётӣ, бо ҳамаҷониба омӯхтани рӯзгори ҳамондавраинаи мардум, бо фактхои таърихиву обуранги бадеӣ, бо забони хеле равону фасеҳ таълиф гардидааст. Асар аз ҷониби аҳли адаб ва мухлисон хеле хуб пазируфта шуд. Филмномаи «Ҷавонии Ибни Сино» ва «Пири ҳакимони Машриқзамин» дар бораи ҳаёти Ибни Сино, бахшида ба Одамушшуаро Рӯдакӣ филми бадеии «Қисмати шоир», песаҳои «Темурмалик» ва аз рӯзгори Аҳмади Дониш «Аллома Адҳам» ва повести «Ривояти суғдӣ» аз саҳифаҳои таърихи қаҳрамониҳои халқи тоҷик ҳикоят мекунад, далели фикрҳои болоиянд. Филмномаи «Қисмати шоир» дар Фестивали филмҳои Осиё ва Африқо ба дарёфти ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» сазовор гардидааст. 
Аз ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.
Аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва Сотим Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ адиб ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Баъди ин воқеа дар суҳбате ба рӯзноманигорон нависанда қитъаи машҳури Мушфиқиро ба ҳасрат хонда буд:
Имтиҳон карданд ҳама пиру ҷавон, 
Ки ҳеч кори олам басомон нест.
Ком ба вақте бахшад, ки ком намонд,
Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест.
Дар поёни умр ӯ бо номи «Фирдавсӣ» шоҳасаре офарид, ки на танҳо комёбии нависандаву муваффақияти адабиёти навини тоҷик, балки чун шоҳкории тамоми адабиёти форсигӯён эътироф гардид. Ин буд, ки соли 1997 чун «Романи сол» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷоизаи байналхалқӣ муносиб дониста шуд.
Роман танҳо аз баёни воқеаву ҳодисаҳо ё нақли саргузашту ҳаёти шоири ҷаҳонӣ иборат набуда, дар он зиддиятҳои рӯҳӣ ва хислатҳои наҷибу ношоистаи инсонҳо, носозгории замон ба аҳли фазл, носипосиву қадрношиносии зимомдорони давр, гавҳарношиносии «саррофон»-и сухан, зиндагии фақирона, аммо сарафрозонаи аҳли дил, хиёнати дӯст, ноқобилии фарзанди саркаш ва ғайра чунон табиӣ ва боварибахш қаламдод шудааст, ки бешак хонандаро ба андешаи амиқ ва тафаккури худошноӣ ва худогоҳӣ водор месозад. Зотан, арзиш ва рисолати асари бадеӣ ҳам дар ҳамин аст.  
Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода 25 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав алоқамандону мухлисонашро абадӣ падруд гуфт. Ҳамдеҳагони мухлису ҳаводори адиб хостанд, ҷасади ӯро ба зодгоҳаш оварда ба хок супоранд. Вале ҳукумати Тоҷикистон ба ин розӣ нашуд, ба Душанбе оварданд ва чанд соат сокинони пойтахт тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо нависанда видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии Сотим Улуғзода дар мазори боғи Лучоб қарор гирифт.  
Аммо бузургворе гуфтааст: 
Баъд аз вафот турбати мо зи хок маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.

Иноят ҶӮРАЕВА, 
собиқ омӯзгори мактаби рақами 
12-уми ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: