Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй, Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.
Ба қарибӣ дар мактаби миёнаи рақами 33 ноҳияи Бойсун рӯзи ёдбуди омӯзгорони марҳум баргузор гардид.
Тадбири ёдкард дар маҷлисгоҳи таълимгоҳ бо иштироки пайвандони бисту шаш нафар устодони марҳум, муаллимони фахрӣ, фаъолони деҳ, намояндагони прокуратура ва шуъбаи таълими ноҳия сурат гирифт. Маҷлисгоҳро стенди хотиравии боҳашам, ки дар он сурати бисту шаш нафар омӯзгорони марҳум, навиштаҷоти «Хотира – муқаддас», гулҳои рангоранги муаттар шукӯҳи хоса бахшида буданд, зеб медод.
– Ман низ фарзанди омӯзгор ҳастам, бо нони муаллимӣ калон шудаам. Заҳмати муаллимро дар симои падарам, кору зиндагии ӯ хуб таҳлил карда тавонистаам. Мо ҳама дар назди устодони арҷманд умре қарздорем, – гуфт прокурори ноҳия Холмат Қуллиев.
Сипас, доири хислатҳои барҷастаи устодони гузашта, лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти онҳо суханҳои ҷолиб гуфта шуданд.
– Банда низ омӯзгорам, дар оилаи муаллим ба дунё омадаам. Падарам Бӯрӣ Холиқов муаллими синфҳои ибтидоӣ буданд. Ҳамеша ба мо – фарзандон саводомӯзӣ, ҳалолу пок зиндагӣ кардан, дили инсонҳоро озор надоданро таъкид месохтанд. Тарбияи дурусти падарам буд, ки аз оилаи мо шаш нафар касби омӯзгориро интихоб намудем, – таъкид сохт дар суханрониаш омӯзгори варзида Эронқул Бӯриев.
– Агар гӯем, ки Халил Холов ташаббускори ҳар кори неку ғамхори аҳли деҳ буданд, муболиғае нахоҳад шуд. Даҳҳо хатмкардагони мактабро сарварӣ намуда ба мактабҳои олӣ мебурданд, то хонда маълумоти олӣ гиранд. Ҳамеша дастурхонашон кушоду меҳмондӯст буданд, аз ҳоли беморон мунтазам хабар гирифта, онҳоро дилбардорӣ мекарданд.
Дар ҷараёни тадбир шеъри «Дидор дар қиёмат»-и Лоиқ, шеърҳои «Куҷо рафт?», «Падарҷонам», «Ифтихор»-и Р.Шоҳимардон муассир садо дода, аз эҷоди устоди шодравон Равшани Эҳсон шеърҳои «Вопасин наво», «Ғазали бойсуниён», «Тоҷикам» ва ғайра аз тарафи хонандагон қироат карда шуданд.
Тадбир бо рубоии Хайём, ки басо таъсирбахш аст, анҷом пазируфт:
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, к-орад хабаре,
З-аҳволи мусофирон бигӯяд, чун шуд.
Шамсуллоҳ МАҶИДОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд.