ЁДГОРИ УМР

Дар байни эҷодкорон шахсиятҳое ҳастанд, ки роҳи тайкардаи умри худро сарҳисоб намуда, дар байни талотумҳои давр бо изтиробу ҳаяҷон зиндагӣ мекунанд.

Ба молу мулк, айшу ишрат, мансабу мартаба беэътиборанд.
Яке аз шоирони дарвештабиат, тарҷумони забардасте, ки андешаҳои ирфонии худро дар достонҳояш бо обуранги бадеӣ ифода карда тавонистааст, Асқар Маҳкам мебошад.
Асқар Маҳкам соли 1958 дар деҳаи Ҷангалободи ноҳияи Кофарниҳони Тоҷикистон дида ба дунё кушод. Соли 1976 мактаби миёнаро хатм намуда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил гирифт. Баъди хатми донишгоҳ Асқар Маҳкам даставвал дар мактабҳо аз забон ва адабиёт дарс дод. Соли 1981 ба рӯзномаи «Халқ овози» ба кор гузашт.
Аз соли 1985 то охири умри худ дар Тошканд зиндагӣ карда, дар рӯзнома ва маҷаллаҳои «Санъат», «Нафосат», «Нури ислом», «Мусалмонони Мовароуннаҳр», «Гулистон» ва дар ҷамъияти миллии файласуфони Ӯзбекистон кор кард.
Ӯ дар давоми фаъолияти худ даҳҳо китоб, аз ҷумла «Наврӯз», «Тазаррӯъ», «Таваҷҷӯҳ», «Ишқ», «Ибодат», «Ҳақ», «Аналҳақ», «Дафтари Табрез»-ро пешкаши хонанда гардондааст. Мероси беш аз 30 нафар шоирони форсизабон – аз Рӯдакӣ то Лоиқро ба забони ӯзбекӣ баргардонд.
Шоир дар асарҳояш дарди ишқ, пазмонии зодгоҳ, қарзи фарзанд дар назди падару модар, азият кашидан аз дӯстони мунофиқ, меҳр ва қадр намудани мероси аҷдод ва арзишҳои миллиро бо назокати ба худ хос ифода намудааст.
«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ва китоби муқаддаси «Авесто» тарҷумаҳои беҳтарини Асқар Маҳкам ба шумор мераванд. Яке аз муваффақиятҳои ӯ нисбат ба дигар тарҷумонҳои китоби мазкур дар он аст, ки дар охири тарҷумаи «Авесто» эзоҳ ва иловаҳо оварда шудаанд ва китобхон метавонад бо матни мукаммали китоб ошно гардад. Дар он ибораҳои динӣ, асотирӣ, ном, лавҳа ва таркибҳо пурра шарҳ дода шудаанд. Ба ҷуз ин, аз тадқиқотҳои олимони авестошинос, аз ҷумла, Тафаззулӣ, Ҳошим Ризоӣ, далелҳо оварда, ёдгориҳои «Бундахшин», «Динкард»-ро мавриди истифода қарор додааст. Хулоса, китоби «Авесто»-и Асқар Маҳкам аз ҳар ҷиҳат тарҷумаи мукаммал ба шумор меравад.
Чанд сол пеш аз ин ду ҷилди нусхаи насрӣ-шарҳии «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар тарҷумаи Асқар Маҳкам аз чоп баромада, чун асари ноёб зуд паҳн шуда буд.
Дар китоби мазкур Мавлоно Балхии Румӣ бисёр ибора, таркиб, истилоҳҳои илоҳӣ, тасаввуфӣ ва асотириро истифода бурдааст, ки онҳоро танҳо шахси аз илму фарҳанг, дин, таърих, фикрҳои иҷтимоиву фалсафӣ бохабар ба дигар забон баргардонда метавонад. Шоир дар тарҷумаҳои шеърию насрӣ моҳияти ботинӣ ва зоҳирии матнро ҳис намуда, ба ӯзбекӣ ифода кардааст. Аз ин рӯ, ҳангоми хондани ҳар як байт маъно ва мусиқаи румиёнаро кас эҳсос менамояд. 
Тарҷумон муроҷиат ва ишораҳоро ба оятҳои Қуръон, ҳадиси шариф ва якчанд тимсоли асотир хуб дарк намуда, ба забони ӯзбекӣ баргардондааст.
Асқар Маҳкам, ки дар тӯли солҳои умри худ вазифаи кӯпруки байни адабиёти форс-тоҷик ва ӯзбекро иҷро мекард, агар имрӯз дар қайди ҳаёт мебуд, ба синни 61 қадам мегузошт.
Адиб бо асарҳои безавол ва тарҷумаҳои нотакрори худ дар дили халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша зинда мемонад.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
профессор.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: