ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ БУХОРО – ШОМИЛИ ICESCO

Маълум аст, ки Бухорои шариф дар соли 2020 ҳамчун пойтахти маданияти олами ислом (ICESCO) эълон шуда буд.

Моҳи июни соли 2021 дар сессияи IХ  Кумитаи мероси олами ислом ба тарзи онлайн  аз хусуси бақайдгирӣ ва ҳифзи як қатор  ёдгориҳои таърихии шаҳри куҳан сухан рафт.
Ба қарибӣ дар сессияи Х ICESCO бобати шомили рӯйхати мероси мадании олами ислом гардидани ҳафт объекти мероси мадании Бухоро: мақбараи Исмоили Сомонӣ, маҷмӯъҳои «Чорбакр», «Баҳоуддини Нақшбанд», «Пои Калон», масҷиди «Мағоки Атторӣ», харобаҳои қалъаи Пойканд ва шаҳристони он, мадрасаи Сарои санг сертификатҳои дахлдор супорида шуд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: