ЁДИ БУЗУРГОН ДАР ДИЛИ МО

Чорабинии фарҳангию маърифатӣ ва адабие, ки бо ташаббуси роҳбарияти мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 25-уми шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд ва Маркази миллию мадании тоҷикони шаҳри Чирчиқ «Суғдиён» бахшида ба 578-умин солгарди зодрӯзи Алишер Навоӣ, 536-солагии шоҳ ва шоир Заҳириддин Муҳаммад Бобур, инчунин 605-солагии шоир Абдураҳмони Ҷомӣ дар мактаби номбурда баргузор шуд, чунин ном дошт.

Дар он намояндагони ҳокимияти шаҳр, таълими халқ, шоирону адибон, аскарони қисми ҳарбӣ, омӯзгорону хонандагон, донишҷӯён ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок карданд. 
Дар чорабинӣ омӯзгорон ва хонандагони мактаб дар аввал оид ба зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва корейсӣ маълумот доданд. 
– Вақте ки сухан дар бораи Алишери Навоӣ меравад, албатта, устоди ӯ Абдураҳмони Ҷомӣ ба ёд меояд, – гуфт дар баромади худ омӯзгори мактаб Шоиста Исометова. – Зеро дар ҳаёт ва фаъолияти эҷодии  Навоӣ устодаш Ҷомӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, мо дӯстии ин ду халқи бародарро аз муносибат, устоду шогирдии ин ду абармарди адабиёт медонем ва бо онҳо ифтихор дорем. 
Сипас аз ҷониби хонандагон шеъру ғазалҳои шоирон бо се забон – ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ қироат шуд, ҳамчунин саҳнаҳои «Навоӣ ва Гулӣ», «Бобур» бо маҳорати хос намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, баромади рақсии гулдухтарони мактаби номбурда ва хонандагони мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақамҳои 7 ва 28-уми шаҳр таҳти оҳангу сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, қазоқӣ табъи иштирокдорони чорабиниро болида сохт. Ҳамчунин, аз ҷониби донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ К.Қучқорова, хонандагони мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагонаи мазкур сурудҳо аз ғазалиёти шоирон, инчунин баромади рақсии гурӯҳи «Вирани пуче чум»-и Маркази мадании корейсҳо пешкаши иштирокдорон гардид. 
Директори мактаб Орзугул Абдураҳмонова қайд кард, ки имрӯз дар мактаб таълим ба ду забон – русӣ ва ӯзбекӣ бошад ҳам, дар ин ҷо фарзандони миллатҳои тоҷик, ӯзбек, рус, қазоқ, тотор, корейс ва немис якҷо, аҳлу тифоқ ва бо дӯстиву рафоқат таълиму тарбия мегиранд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: