Расо як сол пеш яке аз ҷавонмардони олиҳиммат, пуштибони забону фарҳанг, раиси ҳисобдории ширкати масъулиятмаҳдуди “Нурато”, зодаи шарафманди деҳаи Эҷи бостонӣ Ҷамоли Орзумурод ногаҳон ба марги муфоҷо рӯ ба рӯ шуда, ҷаҳони равшанро тарк намуда буд.
Аз ин даргузашти бемаврид на танҳо хонаводаи ӯ, балки тамоми деҳа, ноҳияи Нурато сахт андӯҳгин шуданд ва он замон ба унвони ҳамдардӣ ва поси хотир рӯзномаи “Овози тоҷик” мақолаи омӯзгор Узоқбой Муродовро таҳти унвони “Инсони сахиву меҳрубон буд” ва рӯзномаи “Ховар” новеллаи пурмуҳтавои адиб Юнуси Имомназар – “Орзуҳои нимароҳ”-ро ба табъ расонида буданд.
Ҷамоли Орзумурод чандин сол раёсати ҳисобдории яке аз калонтарин ширкатҳои чорводории ноҳияи Нурато – хоҷагии ҷамоавии “Нурато”-ро, ки бо пашму пӯстҳои волосифати қарокӯлии худ маъруф аст, ба уҳда дошт. Гузашта аз кори раҳбарӣ, намояндаи мардумӣ буд, дар тамоми кору тадбирҳои мардумиву иҷтимоӣ фаъолона ширкат меварзид, марди бениҳоят саховатманд ва дӯстдоштаи аҳли кӯҳпояи Нурато буд. Ӯ 6-уми январи соли 1959 зода шудааст ва рӯзи даргузашташ ҳам ба таърихи 26-уми сентябри соли 2018 мусодиф омад.
Меҳрубон будан, бар замми ин, саховату мурувват пеша кардан аз накӯтарин хислатҳои инсон аст. Ба хусус, инсоне, ки мақому манзалати худро дар байни мардум пайдо кунад, пайваста шарики шодию ғам ва осоишу ранҷи одамон бошад. Ин пешхате барои аҳли сахиву ғамгусор аст, ки ӯро саодатманду сарватманд мекунад ва наметавонад аз додани оромишу ишқ, меҳрубонию вафо ба дигарон худро нигаҳ дорад...
5-уми октябри соли равон ба ибтикори фарзандони Ҷамоли Орзумурод – Хайём ва Ҷалол Халеловҳо ва бевосита бо дастгирии маҳаллаи ширкати масъулиятмаҳдуди қарокӯлпарварии “Нурато” маросими густурдаи ёдбуд доир гардид. Пас аз паҳн кардани дастурхони худоӣ дар манзили Ҷамоли зиндаёд, дар толори варзишии шаҳраки Темирқовуқ мусобиқаи доманадори гӯштӣ (кураш) баргузор шуд. Дар ин сабқат бештар аз сад нафар донишомӯз аз мактабҳои Эҷ, Темирқовуқ, Қизилча, Ғазғон, деҳкадаҳои қазоқнишини атроф, деҳаҳои пушти кӯҳии қаторкӯҳи Нурато ширкат варзиданд. “Набард”-и паҳлавонони наврас аз соати 10-и субҳ то соати 17 идома ёфт, ки дар он гӯштигирон аз вазни 22 то вазни 68 талош карданд. Ин мусобиқа гузашта аз он ки як иқдоми хайру хотиравӣ буд, аз ду ҷиҳат ҷолиби диққат мебошад: аз як сӯ сатҳи тарбияти варзишии бачаҳо ва паҳлавонони воқеии ояндадори минтақаро муайян мекард, аз ҷониби дигар, тамоми ширкаткунандагони мусобиқа бо дарёфти ҳадяву ҷоизаҳо рӯҳбаланд гардиданд.
Дар ниҳоят, мусобиқаи ёдбуди марди фарҳехтаи шодравон Ҷамоли Орзумурод ба таври бошукӯҳ хотима ёфт ва ба барандагони он ҳамроҳ бо ташаккурномаю ҷоизаҳои қиматбаҳо ҷомҳои хотиравӣ супурда шуд. Аз рӯйи бароварди холисона тими гӯштигири мактаби миёнаи 32 (шаҳраки Темирқовуқ) ҷойи аввал, тими мактаби миёнаи 22 (деҳаи Қизилча) ҷойи дуюм ва тими мактаби миёнаи 43 (деҳаи Эҷ) ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Қӯзӣ ҚӮЗИЕВ,
омӯзгори мактаби
рақами 30,
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.