ЁДИ ОН РӮЗҲО...

Соли нав, арчаи сарсабз ва Бобои барфию Барфак зодгоҳ, кӯҳҳои осмонбӯси барфпӯш, ҳавлӣ, хонаи хурдакаки пур аз меҳри падару модар, додару хоҳаракон, ҳамсояву наздиконро ба ёд меорад.

Лаҳзаҳои шаккаринам,
Хони шаҳду ангубинам.
Хуштаринам, беҳтаринам,
Бачагии нозанинам...
Соли нав, арчаи сарсабз ва Бобои барфию Барфак зодгоҳ, кӯҳҳои осмонбӯси барфпӯш, ҳавлӣ, хонаи хурдакаки пур аз меҳри падару модар, додару хоҳаракон, ҳамсояву наздиконро ба ёд меорад.
Бахусус, нафаре, ки аз зодгоҳ дур аст, манзили бобоиро бо пазмониҳо ёд мекунад. Шабҳои зимистон аҳли оила дар як хона ҷамъ мешудем. Падарам китобу рӯзнома мехонд, хоҳарам дарс тайёр мекард, додарам сурат мекашид, модарам либосҳоямонро бо дарзмоле, ки бо лахчаи ангишту чӯб гарм мешуд, дарзмол мекард.  
Момоям урчуқ мересид, мо – хоҳарон кашидаю сӯзанӣ медӯхтем. Ҳамаи ин гирумон дар зери чароғи керосинӣ анҷом меёфт.
Падарам омӯзгор буд. Дар қатори фарзандони мардум, саъй менамуд барои донишомӯзии даҳ нафар фарзанди худ шароит фароҳам оварад. 
Шаби Соли нав рӯйи дасторхонро бо таомҳои миллӣ ва меваҷот, аз ҷумла, барак, ғилминдӣ, чалпаку қатлама, шираки бодом, пичаки кадугин, тутмавизу ғӯлинг, қоқии себу шафтолу, талқони себ, мураббоҳои гуногун, ки маҳсулоти боғамон буд, пур мекардем. “Соли нав соли серию пурӣ шавад”, дуо мекард момоям. 
Падарам шеър мехонд, аз ҳар яки мо низ шеъру суруд талаб мекард.
– Саёҳатҷон, духтарам, ту ҳоло кадом шеърро мехонӣ? Ба ивази шеър – аз ман туҳфаи солинавӣ, – мегуфт ба хоҳарам.
Додару хоҳарон як-як шеър мехондем, то аз туҳфаи падар бенасиб намонем:
Соли нав омад саломам кун қабул,
Барги сабзи эҳтиромам кун қабул.
Мисли арча зиндагият сабз бод,
Барфи испеди паёмам кун қабул.
Мефиристам барфии андешаҳо,
Дарҷ дар онҳо каломам кун қабул.
*** 
Ин духтаракро бингаред,
Дар тан либоси сап-сафед.
Меҳмон ба назди мо шудаст,
Шодӣ кунед, шодӣ кунед...
Туҳфаи падарам аз қаламу дафтар, китоб, барои хоҳарони хурдсолам зочаю бозичаҳо буд. Баъзан танҳо аз “боракаллоҳ”, “офарин”-гӯиҳои падарам курта-курта гӯшт мегирифтем...
Дар ёдам, шабҳои зимистон баъди хӯроки шом падарам мегуфт: 
– Биёед, бозӣ-чистони “Рав кунҷи биҳишт” мебозем. Ва худ оғоз мекард: “Панҷ духтару ду писар, аз чашма боло”, ё ин ки “Се писару як духтар, аз чашма поён”. Ва мо шумораи фарзандони оилаҳои аз чашма боло ва ё поёнро як-як аз пеши назар гузаронда, дар кадом оила ин миқдор бача буданашро меёфтем. Масалан, оилаи амаки Йӯлдош, оилаи апаи Нурбӣ, оилаи янгаи Ойбӣ ва ғайра. Агар наёбем, падарамро “Рав кунҷи биҳишт” мегуфтем. Бозии дигареро низ якҷоя иҷро мекардем. Боре модарам ба бозӣ ҳамроҳ шуда гуфт: “Сарҳарфаш “ч”, узви одам, ёбед». Хоҳарам Латофат фаъолтар буд. “Ёфтам, ёфтам, “чашм”, – гуфт ӯ. 
– Не, наёфтӣ.
– Чиллак (ангушт).
– Не, не, «рав кунҷи биҳишт» гӯ.
Мо бо як овоз “Рав кунҷи биҳишт” гуфтем. 
– Ҷавоби дуруст “чини пешонӣ”, – гуфт модарам.
Фикр мекунам, чунин машғулот ба бачаҳо ҳозирҷавобиро меомӯхт, фикрашонро чарх медод. Дареғ, ҳоло ҷойи ин бозиҳоро воситаҳои техникӣ гирифтаанд. 
Дар деҳаи мо зимистон, ба назарам, он солҳо (солҳои 60) хеле сард меомад. Аз хунукии сахт бузу гӯсфандон нобуд мешуданд, ему хошок намерасид.
Рӯзе саҳарӣ овози гиряолуди модарам шунида шуд:
– Ғуноҷин аз хунукӣ бача партофтааст, хабаргириву ғамхориҳоям беҳуда рафт. 
– Афсус нахур, балои омада ба ҳамин зада бошад,– гуфт падарам.
– Охир, рӯзгорамон аз паси чорво, ширу ҷурғот буд. 
Дар ёдам, моҳи январи соли 1972 қариб як ҳафта беист барф борид. Барои об ба чашма рафта натавонистем. Модарам фармуд, ки ҳамаи зарфҳо  – сатилу чойнак, дегу кӯзаҳоро аз барф пур кунем. Вақте дар зарфҳо барф об мешуд, аз докаи чорқабата гузаронда, ба чою хӯрок, ҷомашӯиву дастшӯйӣ истифода бурдем...
7 январи ҳамон сол тӯйи арӯсии ҳамсояамон – апаи Муҳтарам барпо гардид. Рӯзи дуюми тӯй бояд маросими арӯсбиёрон мегузашт. Ҳамон шаб чунон барф борид, ки субҳ дарҳоро кушода натавонистем. Роҳҳо то қади одам барф. 
– Додош, арӯсро чӣ хел мебаранд? – пурсид модарам.
– Барф каме об шавад, мебурдагистанд, – бепарвоёна гуфт падарам. 
Баъди ду рӯз арӯсро аспсавор ба хонаи бахташ бурданд.  Он рӯзгор дар гирди гулхан базм меоростанд. Ҳофизон, доиранавозону танбӯрнавозони деҳа ҳунарнамоӣ мекарданд...
Баъзан, ҳаёти имрӯзаро бо он рӯзгор муқоиса мекунам. Ба фикрам, дар он рӯзгор мардум шукргузор ва таҳаммулпеша буд, ба будааш шукр, ба набудааш қаноат мекард. 
Имрӯз баъзе арӯсшавандаҳо талаб мекунанд, ки домод бо мошинҳои қатор-қатори замонавӣ омада онҳоро барад, сарупо ва ҷиҳози қиматбаҳо биёрад. Ба камию костиҳои рӯзгор сабр намекунанд, кӯтоҳандешанд. Ин аст, ки теъдоди оилаҳои парокандашуда торафт зиёд мешавад. 
Бигузор, соли нав ба ҳар як пиру ҷавон соли пурфайзу баракот бошад, бинои оилаҳои ҷавон мустаҳкам бошад.

Саодат РӮЗИЕВА.                         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: