ЁДИ ОН СОЛҲО

Таърихи башар ҷангу ҷидол ва кашмакашиҳои зиёдеро дидааст.

Ҷанг бо фашизм, ки бо номи Ҷанги дуюми ҷаҳон ёд мешавад, хунрезиҳои зиёду талафоти калон дод, ки мислаш дар таърих набуд.
Халқҳои бародари собиқ иттиҳод бар зидди фашистон, ки аҳдшиканона ба хоки Шӯравӣ зада даромада буд, мардонавор ҷангиданд, ба хоку хун оғушта, кишварро аз душман ҳифз намуданд.
Гарчанде Ӯзбекистони офтобрӯ аз нуқтаҳои оташфишони ҷанг дур буд, чаҳоряки аҳолӣ (асосан мардон) ба размгоҳҳо раҳсипор гардида, дар майдони ҷанг ҷасорату мардонагӣ зоҳир намуданд. Аз он қариб панҷ ҳазор нафар дар ҷанг ҳалок гардид. Модарон дар роҳи фарзандон чашминтизор обу адо шуданд. Бонувони зиёд бева монданд, бачаҳо муштоқи як нигоҳи меҳромези падар шуданд. Он рӯзгор дар ақибгоҳ бо шиори «Ҳама чиз барои фронт» меҳнат карда, ба ҷанггоҳ вагон-вагон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сару либос мефиристоданд. Садҳо нафар бехонумону маъюбу захмиро аз ҷумҳуриҳои бародар ба кишвари мо сафарбар карданд. Халқи Ӯзбекистон бачагони бепарасторро бо навозиш «Ту ятим нестӣ!» гӯён сарашро сила кард, як бурда нонашро баҳам дид.
Аз вилояти Ҷиззах 39 ҳазору 620 нафар ба майдони ҷанг рафта, зиёда аз ёздаҳ ҳазор нафари он беному нишон мондаанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад. Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев 16 апрели соли 2018 фармон «Дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуввуми ҷаҳон» ва қарор «Дар бораи чораҳои тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр» ба имзо расонд, ки дар замири он ғамхорӣ ва эътибор таҷассум ёфтааст.
– Дар ин рӯзҳо ҳокими вилоят ва мутасаддиёни дигар табрики Президент ва мукофотпулии 5 миллион суминаро ба иштирокдорони ҷанг (онҳо ҳамагӣ 45 нафаранд) бурда месупоранд, – гуфт мутахассиси Бунёди «Нуронӣ»-и вилоят Баҳром Ҷӯраев. 
– Ба ғайр аз ин, ҳокими вилоят туҳфаҳо, ба монанди қолин, кӯрпа ва либосвориро ба онҳо фиристонд. Хиёбони «Хотира»-и шаҳри Ҷиззах бо кӯмаки Садорати ободонии назди ҳокимияти шаҳр таъмир ва обод гардонда шуд. Зиёда аз 600 ҳазор дона ниҳол ва гулҳои мухталиф шинонда шуданд.
Яке аз иштирокдорони ҷанг Юсуф Турсунов мебошад, ки соли 1921 дар шаҳри Ҷиззах ба дунё омадааст. Вақте ки ба ҷанг рафт,  20 сол дошт.
– Аввал дар муҳорибаҳои Сталинград иштирок кардам. Дар яке аз ҳарбҳо сахт ярадор шуда, дар госпитали ҳарбӣ хобидам. Саломатиам андак беҳ шуд ва боз ба майдони ҷанг баргаштам. Аммо захми поям азоб медод. Командир амр дод, ки ба сарошпаз кӯмак расонам. Бо ду асп ва ароба бо ҷанговарон ҳамроҳ мерафтем. Дар дегҳои калон ба панҷсад нафар хӯрок мепухтем. То наздикии Берлин рафтем.  Ҳамагӣ 22 медалу орден дорам, ки подоши хидматҳои мананд. Аз Тоҷикистон (вилояти Суғд) Неъматҷон Қодиров ва Шароф Хӯҷаев барин ҳамяроқон доштам. Онҳо ҳам баъди ҷанг ба Ватани худ баргаштанд. Ҳамсарам Меҳриниссо Расулова ҳашт сол пеш вафот кард. Ба Президент ташаккур, ки ба мо – куҳансолон ғамхорӣ мекунад.
Дар охир мӯйсафед «илоҳо номи ҷанг гум шавад, ба тинҷиву осоиштагӣ чашм нарасад. Кишварамон аз ин ҳам ободу зебо гардад» гуфта, даст ба дуо бардошт.
Ба бобо келинаш Мавҷуда Турсунова, ки ҳамшираи шафқат аст, нигоҳубин мекунад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: