То оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон Ӯзбекистон 6 миллиону 551 ҳазор аҳолӣ дошт.
Дар ҷанг 1 миллиону 950 хазору 700 нафари он иштирок карда, дар муҳорибаҳои шадид барои Ғалаба зиёда аз 535 ҳазор нафар шаҳид шуданд. Аз ҷанг баргаштагони солиму маъюб 1 миллиону 425 ҳазор нафарро ташкил дод, ки дар байни онҳо қаҳрамони мо Эгамбердӣ Остонов низ ҳаст.
Ӯ 22 октябри соли 1921 дар ноҳияи Ӯртачирчиқи вилояти Тошканд дар оилаи хидматчӣ таваллуд ёфтааст.
Солҳои 1939-1940 дар мактаби миёнаи рақами 115-уми шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. Солҳои 1941-1942 дар омӯзишгоҳи миёнаи ҳарбии савораи шаҳри Тошканд таҳсилро давом дода, онро бо баҳои аъло хатм намуд, рутбаи лейтенантиро гирифт.
Ӯ дар корпуси 4-уми савораи дивизияи 61-уми полки 2-юм хидмат кардааст. Командири взвод буд.
Остонов ба муқобили истилогарони фашист аввал дар Белоруссия ва баъд дар фронтҳои Украина мардонавор ҷангид. Ӯ, ки ду маротиба сахт ярадор шуда буд, дар госпиталҳои ҳарбии Курск, Уфа табобат карда, ба фронт баргашт.
Солҳои 1945-1946 ҳамчун командири взводи полки 189-уми савораи округи ҳарбии Приморе дар Шарқи Дур дар ҷангҳои зидди армияи Квантуни империалистии Ҷопон иштирок карда, бо ордени «Ситораи сурх» ва медалҳои гуногун мукофотонида шудааст.
Солҳои 1947-1951 сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Пискенти вилояти Тошканд буд. Муддати 13 сол муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд шуда кор кард. Солҳои 1970-1979 сардори управленияи иқтисодиёти Вазорати корҳои дохилӣ буд. Ӯ соли 1981 барои хидматҳои шоистааш бо унвони «Ҳуқуқ-шиноси шоистаи Ӯзбекистон» сарфароз гардонда шудааст.
Баъди ба нафақа баромаданаш то охири умр ҷонишини раиси Хидмати маишии ноҳияи Ӯртачирчиқ буд. Ӯ бо ҳамсараш Махсума умри дарозу хушбахтона ба cap бурда, панҷ фарзандро ба воя расонданд. Фарзандон низ касби падарро гирифта, кори ӯро давом доданд.
Марги бешафқат баҳори соли 2014 ин марди оқил, хоксор, фидокор ва меҳнатдӯстро аз байни мо бурд.
Миролим ҲАЙДАРОВ,
собиқадори меҳнат аз ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд.