ЁДИ «РАФИҚ ОВОРАГАРД»

Дар ин рӯзҳои пешазсолинавӣ кинематографҳо, санъатшиносон ва тамошобинони оддӣ бахшида ба 95-умин солгарди зодрӯзи актёри машҳур, режиссёр ва филмсоз Раҷ Капур вохӯрию конференсияҳо мегузаронанд.

Номи ӯ ҳанӯз дар зиндагиаш (1924-1988) ба энсиклопедияи ҷаҳонии ихтисосаш ҳамакора дохил шуда буд. Дар кӯчаҳои Тошканд (дар асри гузашта) дар рӯзҳои кинофестивали кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ мухлисони кино ҷамъ омада, ба ҷои салом бо як овоз садо баланд мекарданд: «Ра-фиқ, о-во-ра-гард!» Ин шиор ба филми бадеии машҳури ӯ – «Оворагард» буд, ки соли 1951 офарида шуда, даҳсолаҳои зиёд намоиш дода шуд. Имрӯзҳо низ дар шабакаҳои телевизион ин филм бо забонҳои русию ӯзбекӣ намоиш дода мешавад.
Он нахустин бор дар кинотеатри «Ватан», воқеъ дар қисмати куҳнаи шаҳри Тошканд, намоиш дода шуда буд. Дар хотираи бачагӣ на танҳо иҷрокунандаи нақши асосии мардона, балки нақши занона – актёрзан Фотима Раҳмон, машҳур бо тахаллуси Наргис, нақш бастааст. Хушбахтона, мо бачаҳо филми «Оворагард»-ро дар як рӯз чанд бор медидем.
Солҳо гузаштанд. Аз соли 1968 то 1992 дар Тошканд дувоздаҳ маротиба Ҷашнвораи байналхалқии кино баргузор шуд. Аз Ҳиндустон ҳайати бештари намояндагон – қариб 50 нафар омаданд. Агар Раҷ Капур дар киноанҷуманҳои аввал бо ҳамкори ҳамешагии худ – Наргис меҳмон шуда бошад, дар анҷуманҳои баъдӣ ҳамроҳи бародарону писаронаш омад.
Илова бар ин, дар ҳар филми нав Раҷ Капур режиссёр, ё киносоз буд. Вай соли 1974 бо писари худ ба тамошобинони пойтахт филми бадеии «Боббӣ»-ро пешниҳод кард. Раҷ ва Риши Капурро, ки аз кӯчаҳо савори «Чайка» мегузаштанд, бо хурсандӣ пешвоз мегирифтанд.
Раҷ Капур дар сад филм ба сурат афтидааст. «Ҷаноб 420», «Сангам», «Номи ман масхарабоз», «Душмани ишқ»-ро мо хуб медонем.
Дафтари хотираро варақгардон мекунам, сабти куҳнаи диктофонро гӯш мекунам. Раҷ Капур дар самовори 40-литраи чойхонаи назди «Ӯзбекфилм» оташ афрӯхтанро дӯст медошт. Вай ба карнайи он бо завқ як-як чӯбҳои майдакардаро меандохт. Рӯйи кат бо мухлисон чойи кабуд менӯшид.
Киноактёри бузурги ҳинд ва ҷаҳон он вақт ба саволҳои мо – журналистон чунин ҷавоб дода буд:
– Ман 14-декабри соли 1924 дар оилаи актёрон таваллуд шудаам. Падарам собиқадори кинои мо ва яке аз асосгузорони театри ҳинд Притвӣ Раҷ буд. Шояд тамошобинон медонанд, вай дар филми «Оворагард» нақши падарро бозидааст. Ман аз 14-солагӣ дар киностудияи Бомбей ба сифати ёрдамчӣ фаъолият оғоз намудаам. Дар филм соли 1944-ум нақши аввалинамро бозидаам... Дертар ба сифати режиссёр дар офаридани филми «Оташ» ва «Борон» иштирок кардам. Дар эҷоди филми «Оворагард» мушкилиҳои моддӣ пеш омаданд, бо вуҷуди ин филм рӯйи экранро дид...

Ш. ЗАЙНУДДИНОВ,
журналист.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: