ЁДИ ШОИРИ НОМВАР

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бо ҳамкории гурӯҳи эҷодии «Мурувват» бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Ӯзбекистон, публитсист ва тарҷумони моҳир, драматург ва арбоби ҷамъиятиву давлатӣ Ҷумъаниёз Ҷабборов шабнишинии адабиву маърифатӣ таҳти мавзӯи «Эҳтиёт созед, ёрон ҳамдигар» баргузор шуд.

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бо ҳамкории гурӯҳи эҷодии «Мурувват» бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Ӯзбекистон, публитсист ва тарҷумони моҳир, драматург ва арбоби ҷамъиятиву давлатӣ Ҷумъаниёз Ҷабборов шабнишинии адабиву маърифатӣ таҳти мавзӯи «Эҳтиёт созед, ёрон ҳамдигар» баргузор шуд.
Дар чорабинӣ шоиру нависандагон, адабиётшиносону санъатшиносон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд, Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон ва аъзои оилаи шоир иштирок карданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Ҷумъаниёз Ҷабборов дар якчанд жанри адабиёт, аз ҷумла, баробари насру назм дар соҳаи драматургия низ сермаҳсул эҷод кардааст. Ғазал, достон ва ҳаҷвияҳои Ҳофиз, Абулқосими Фирдавсӣ ва Убайди Зокониро аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба ӯзбекӣ бо маҳорати баланд тарҷума кардааст.
Баромадкунандагони чорабинӣ оиди фаъолияти адабиву сиёсии шоири маъруф сухан ба миён оварданд. 
Ҷумъаниёз Ҷабборов зодаи деҳаи Пӯлодии ноҳияи Косони вилояти Қашқадарёст. Ӯ баъди хатми мактаби миёнаи деҳа ва Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон фаъолияти меҳнатиашро дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи» оғоз менамояд. Фаъолияти адабии шоир ба солҳои 50-уми асри гузашта рост меояд, ки зиёда аз 50 сол давом кардааст.
Маҷмӯи аввалини шоир «Дар ёди Ватан» соли 1953 рӯйи чопро дида буд.
Сипас, чандин маҷмӯаи шеърӣ ва достонҳои ӯ бо номҳои «Нафаси баҳор», «Ба роҳи мақсад», «Шеърҳо», «Садои кӯҳҳо», «Зебосанами саҳро», «Суруди Модар-замин», «Эътиқод», «Лирика», «Достонҳо», «Сарзамини осмон», асарҳои саҳнавии «Бо гузашти солҳо», «Тамошои пеш аз тӯй», «Кабӯтари сафеди ман» ба дасти нашр расиданд.
Ҷумъаниёз Ҷабборов бахшида ба насли наврас якчанд маҷмӯаи шеърҳоро ба мисли «Вохӯрӣ дар кӯҳ», «Гулҷаҳон ва Ҳасанҷон», «Гулҳои саҳро» офаридааст.
Ҷумъаниёз Ҷабборов аз фаъолони ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, маданиву маърифии ҷамъият буд. Ӯ дар тӯли умр вазифаҳои сармуҳарририи маҷаллаи «Гулхан», директори Хонаи табъу нашри адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом, мушовири шӯрои тарҷумонии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, котиби масъули Кумитаи мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон дар соҳаи меъморӣ, адабиёт ва санъати назди Девони Вазирони ҷумҳуриро дар ӯҳда дошт.
Дар хотима фарзандон ва наберагони шоир ба ҳомӣ ва ташкилотчиёни чорабинӣ арзи сипос намуданд.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: