ЁДИ Ӯ ДАР ДИЛ

Дар давраҳо, ҷамъомадҳо вақте дар бораи роҳбарони муассисаҳои амнияти давлатӣ сухан равад, номҳои Асадуллоака Неъматов, Қудрат Узоқов, генерал-майор Ҳамидҷон Сатторов, Ислом Назаров, Абдураззоқ Узоқов, ки шахсони номии шаҳри Каттақӯрғон буданд, ба забон гирифта мешавад.

Дар давраҳо, ҷамъомадҳо  вақте дар бораи роҳбарони муассисаҳои амнияти давлатӣ сухан равад, номҳои Асадуллоака Неъматов, Қудрат Узоқов, генерал-майор Ҳамидҷон Сатторов, Ислом Назаров, Абдураззоқ Узоқов, ки шахсони номии шаҳри Каттақӯрғон буданд, ба забон гирифта мешавад.
Дар ҷодаи таъмини бехавфии диёр, осудагии ҳаёти халқ, пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои ногувор онҳо хидмати муносиб кардаанд. Хусусан, каттақӯрғониён аз кору фаъолияти ибратпазири фидоии амният Абдураҳмон Узоқов ифтихор доранд. Вай солҳои 1958-1980 дар шуъбаи шаҳрии Кумитаи амнияти давлатии ҷумҳурӣ чун роҳбар адои вазифа карда, ба ҳурмату эъзози халқ сазовор шуда буд. Чун депутати Шӯрои шаҳр низ пайи ободии диёр камарбаста гашт.
Ӯ соли 1934 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфта, баъди хатми мактаби нопурра дар  факултаи коргарӣ, баъдан дар шуъбаи савдою иқтисоди Институти давлатии хоҷагии халқи Самарқанд таҳсил намудааст. Соли 1941 донишкадаро хатм кард ва ихтиёрӣ ба фронт сафарбар шуд, солҳои даҳшатноки Ҷанги дуюми ҷаҳон 1418 шабонарӯз дар сафи артиши халоскорон мардонагиҳо нишон дод.
Соҳиби чанд ордену медал шуда, ба диёри аҷдодӣ баргашт. Ӯро дар муассисаҳои Кумитаи амнияти давлатӣ ба вазифаҳои масъул таъин намуданд.
Бо Абдураҳмон Узоқов солҳое, ки дар кумитаи ҳизбии шаҳр кор мекардам, аз наздик шинос шудам. Ҳис мекардам вай дар ҳар гуна амалҳои накӯ ба дигарон намуна аст.
А.Узоқов баъди ба нафақаи меҳнатӣ баромадан ҳам фаъолнокӣ нишон дода, ба таври ҷамоатӣ раисии кор бо собиқадорони ҷанг ва меҳнати шуъбаи шаҳрии «Нуронӣ»-ро ба ӯҳда гирифт.
Дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳи садоқат ба ғояҳои нек ва муҳаббат ба халқу диёр саҳми муносиб гузошт. Инсони некдил, собиқадори ҷанг ва меҳнат Абдураҳмон Узоқов соли 1990 аз олам гузашт. Ӯву ҳамсараш Муҳаррамапа фарзандони муносиб тарбия намуданд. Духтаронашон Муҳаббат ва Раъно, писарон Равшан ва Шавкат дар соҳаҳои гуногун кор карда, бо нафъ расондан ба ҷамъият ва давлат ба онҳо раҳмат меоранд.

Ғайрат ШУКУРОВ,
нафақахӯр.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: