Ёди устоди накӯном

Беҳуда намегӯянд, ки «аз дил наравад ҳар он ки аз дида бирафт».

Беҳуда намегӯянд, ки «аз дил наравад ҳар он ки аз дида бирафт». Онҳое, ки нек кор карда ва як умр дар хидмати мардум будаанд, баъди чашм аз ҷаҳон пӯшидан ҳам дар дилу хотирҳо мемонанд.
Дабистони рақами дуюм яке аз калонтарин мактабҳои таълими умумӣ дар ноҳияи Сӯх мебошад. Бештар аз 100 нафар алоқамандони соҳаи таълим, ки тӯли солҳои гуногун дар ин маскани маърифат омӯзгорӣ кардаанд, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Бо кӯшиши муаллими ташаббускор Нурмуҳаммад Аҳмадов дар яке аз ҷойҳои ба назар намоёни дабистон «Гӯшаи хотира» ташкил карда шудааст, ки «зиёратгоҳи кӯчак»-ро монад. Шарҳи ҳол ва фаъолияти мухтасари устодони зиндаёд дар лавҳҳо сабт ёфта, лавҳаҳои ҷолиб марбут ба рӯзгори ибратбахши муаллимони раҳматишуда ва гузаштаи пуршаъни ин маскани таълиму тарбияро пеши назари бинанда зинда мегардонанд.
Дар мактаби зикршуда зуд-зуд чорабиниҳои адабию маърифатӣ баргузор мегарданд. Таҳти мавзӯи «Зиндагиномаи аҷдод – барои мо ибрат» низ нишастҳо бо иштироки зиёиён ва шахсиятҳои шинохта рӯи кор меоянд, ки ба шод кардани рӯҳи бузургмардони олами хиради мо нигаронида шудаанд. Гирдиҳамоии навбатӣ ба ёдбуди омӯзгори шинохта, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шодибой Маҳмудҷонов бахшида шуд.
Мо, насли имрӯз, нафақат бо аҷдод, ки осори ҷовидонаашон дар илм ва адабиёти ҷаҳон хазинаи бебаҳост, балки бо устодони накӯномамон, ки дар гузаштаи наздик фаъолияти ибратбахш нишон дода, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, инчунин ифтихор менамоем, гуфт директори мактаб Ф.Мирзоев ва илова намуд яке аз ин гуна шахсиятҳои дар ноҳияамон маълум ва машҳур Шодибой Маҳмудҷонов ба шумор мерафтанд.
Ш.Маҳмудҷонов солҳои тӯлонӣ дар мактаби рақами 1-уми ноҳия ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик фаъолият бурда бошад ҳам, дар асл зодаи Янгиариқ ва таҳсилкардаи мактаби рақами 2-юми ба номи А.С.Макаренко буд. Баъди хатми мактаб соли 1972 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд дохил ва онро соли 1976 хатм сохта, ба деҳа баргашт, дар мактабе, ки номи Калининро дошт, ба омӯзгорӣ пардохт.
Ш. Маҳмудҷонов чанд сол дар хоҷагии давлатии Сӯх низ ҳамчун раиси кумитаи коргарӣ кор кард, дар пешбурди корҳои хоҷагӣ, равнақи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия, беҳсозии ҳаёти халқ саҳм гузошт, вале ин инсони накӯномро мо пеш аз ҳама ба сифати муаллими пешқадам, фидоии таълими халқ, устоди азизи садҳо ҳамдиёронамон мешиносем, ки аксарияташон ҳоло дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор карда, дар равнақи кишвари соҳибистиқлол ҳисса мегузоранд.
Вай барои хидматҳои шоён бо нишони сарисинагии 20-солагии истиқлолият, чандин ифтихорномаҳо тақдиронида шудааст. Чанд сол дар шуъбаи таълими халқи ноҳия ҳамчун мушовир хидмат ва чун узви гурӯҳи экспертӣ дар хушсифатии китобҳои дарсии тоҷикӣ ҳиссагузорӣ намуд. Мақолаҳои методӣ-проблемавиаш дар саҳифаҳои матбуоти давр чоп шудаанд.
Ш.Маҳмудҷонов ровии хушбаён ҳисоб меёфт, бо ифоданок шеър хондан ва дар давраҳо барандагӣ кардан эътибори умумро ба худ мекашид. Бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър менавишт, соҳибкитоб буд.
«Домулло Шодибой» мегуфтанд он касро бо эҳтиром. Домулло ҳоло дар қайди ҳаёт набошанд ҳам ёдашон ҳамеша дар дил, хотираашон барҳаёт, гуфтанд баромадкунандагон.
Дар ташкили ёдбуд роҳбари Маркази ахбору захираи ноҳия Г.Эргашева, китобдори мактаби рақами 2 Г.Қамбарова, муаллими таълими ибтидоии ҳарбӣ Э.Файзуллоев ва муаллимони забон ва адабиёти дабистони ноҳия сару бар буданд. Хидматчиёни қисми ҳарбии 92-08, дар баробари толибилмон Дурдона Шодибоева, Мафтуна Абдуваҳҳобова, Оқила Маҳмашарифова, Марҷона Абдураҳимова, Қизлархон Нурматова, Мадина Маҳмасобирова, Марҷона Қодирова бо баромадҳои рангин шаби ёдбудро ҷолиб ва таъсирбахш гардонданд.

Санҷар 
ИСМОИЛЗОДА,

ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: