ЁДКАРДИ САНЪАТКОРОНИ СУРУДУ РАҚСҲОИ МАРДУМИИ БУХОРО

Чоштгоҳи рӯзи якшанбеи гузашта тарабхонаи «Шаби Шабнам»- и шаҳри Бухоро файзи хоса дошт.

Чоштгоҳи рӯзи якшанбеи гузашта тарабхонаи «Шаби Шабнам»- и шаҳри Бухоро файзи хоса дошт. Дар ин ҷо мутасаддиёни савту суруду маданияти вилоят, ҳофизону дастаҳои ҳунарӣ, шоиру журналистони расонаҳои ахбори оммавӣ, хешу табор, наздикони санъаткороне, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, меҳмонону мизбонон, аъзои марказҳои миллию маданӣ ва алоқамандон ташриф оварданд. 
Онҳоро созмондиҳандагони ин тадбир – садорати фарҳанги вилоят, шуъбаҳои вилоятии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон, «Ӯзбекконсерт», Бунёди «Умрбоқий мерос», Ширкати телевизион ва радиошунавонии вилоят ва  Маркази миллию мадании тоҷикон ва форсҳои вилоят – «Офтоби суғдиён» чанд рӯз муқаддам даъват карда буданд. Мақсад аз ин ҷамъомад ёдкарди устодони нотакрори савту сурудҳои халқии Бухоро, асосгузорони дастаҳои ҳунарии фолклории «Нозанин», «Моҳу ситора» Тӯҳфахон Пинхасова, Олияхон Ҳасанова, мавригихони шуҳратманд Маъдӣ Ибодов, инчунин эҳёи  савту сурудҳои қадимии Бухоро ва дастраси умум гардондани онҳо мебошад.
Ба тадбир роҳбари шуъбаи вилоятии Бунёди «Умрбоқий мерос» Матлуба Бозорова ибтидо гузошт. Сипас ҳозирон, ҳамкорони собиқ, аз ҷумла Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Нишон Отамуродов,  духтари Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Олия Ҳасанова, давомдиҳандаи ҳунари модар Шарифахон, роҳбари мактаби мусиқӣ Машраб Қодиров, шоир Асад Гулзодаи Бухороӣ, меҳмон –  рӯзноманигори тоҷик Насибҷон Амонов ва бисёр дигарон дар бораи санъаткорони шодравон, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, сиёсати халқпарваронаи Ш. Мирзиёев хотираю мулоҳизаҳои худро баён карданд. Дастаҳои ҳунарии «Мавригӣ», «Ширу шакар», «Моҳу ситора», ҳофизони шинохта Юсуф Шукуров, Дилмурод Хӯҷаев ва дигарон бо рақсу сурудҳои дилнишин ба тадбир ҷозибаи нотакрор бахшиданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки кормандони телевизиони вилоятӣ ҷараёни тадбирро пурра ба навор гирифтанд.Онҳо ният доранд, ки рӯзҳои наздик дар ҳамин асос барномаи дилкаши мусиқӣ таҳия кунанд.
Қисми дуюм дар ресторани меҳмонхонаи «Осиё»-и шаҳри куҳна дар атрофи дастархони пурфайз идома ёфт.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»,
вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: