ЁДКАРДИ ШОИРИ ХУШКАЛОМ

Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ёдкарди Шоири мардумии Ӯзбекистон Муҳаммад Юсуф бо иштироки адибон, мунаққиду адабиётшиносон, санъаткорон ва ҳаводорони шеърият баргузор гардид.

Муовини аввали раиси Иттиҳоди нависандагон Минҳоҷиддин Мирзо дар бораи ҳаёт ва роҳи эҷодии ба худ хоси шоири зиндаёд мухтасар ҳарф зад.
Наттоқи телевизиони ҷумҳурӣ Муслимбек Йӯлдошев, ки ёдкардро пеш бурд, таъкид сохт Нахустпрезиденти мо баъди вафоти ду нафар шахсияти намоёни санъату адабиёт – Камолиддин Раҳимов ва Муҳаммад Юсуф шахсан ба аҳли байти онҳо барқия фиристод. 
Шоира Нодира Рашидова (духтари шоир Ӯткир Рашид) дар хотираҳояш ҳамроҳ ба вилояти Кемеровои Русия сафар намуда (соли 1987), дар ин сафари вазнин, чӣ гуна барояш муттако гардидани Муҳаммад Юсуфро нақл намуд. Гурӯҳи панҷнафара барои зиёрати қабри Усмон Носир, ки солҳои машъуми сиюм дучори табъид гашт, рафта буданд. Нодира дар хокҷои тағои ҷавонмаргаш Усмон Носир ашк мерехт, Муҳаммад Юсуф ӯро тасаллӣ мебахшид.
Муҳаммад Юсуф бинобар вафоти дӯсти ҳамқаламаш Шавкат Раҳмон шеъри басӯзе навишт бо унвони «Лолақизғалдоқ». Тавре дар ёдкард таъкид гашт, шоир гӯё наздикрасии марги худ ҳис мекард, дар бораи фоҷиаи Шавкат Раҳмон ҳарф зада, айни дам, сарнавишти ғамангези хеш пешгӯӣ менамуд.
– Талхии зиндагӣ, ғамҳои ҷудоӣ бисёр кашидам, – гуфт ҳамсари шоир Назира Саломова. – Вале кулли маҳрумиятҳо як тарафу ҷудоӣ аз соҳиби сар як тараф гардид ба назарам. Ашки се ятимро пок карда, барояшон ҳам падар, ҳам модар шудан осон накӯчид.
Шоирон Мунаввара, Ғайрат Маҷид, Бибисоро Туробова, Баҳодур Исо, адабиётшиносон Сайдӣ Умиров, Мӯъмин Сиддиқ ва дигарон бо нақли хотираҳои хеш дар бораи Муҳаммад Юсуф ва шеърхонӣ бахшида ба ӯ эътибори ҷамъомадагонро ба худ кашиданд. Овозхонҳо Тошпӯлод Маткаримов, Ғиёс Бойтоев, Илҳом Фармонов бо ашъори Муҳаммад Юсуф сурудҳо хонданд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: