ЁДНОМАИ ҚИБЛАГОҲУ ДАВЛАТИ САРАМ

Соли 2020 барои мо – бародару хоҳарон соли мудҳише буд.

Зеро дар ин сол аз модару падари меҳрубони худ ҷудо гаштем. Ин бароямон андӯҳи гароне буд. Ман гумон надоштам, ки ягон рӯз ин сатрҳоро рӯйи коғаз меоварам. Зеро се сол боз азм мекунам, ки барои қиблагоҳам ва модари мушфиқи худ чизе нависам...
Падару модарам зиёда аз 65 сол бо ҳам зиндагӣ карда, соҳиби 7 духтару 3 писар, наздик ба 40 набераву 60 абера гаштанд. Зиндагии бофароғат доштанд. Ҳар гоҳ ки ҳама ҷамъ мешудем ҳавлӣ, ба тӯйхонаи калоне табдил меёфт. Ҳама ба зиндагии онҳо бо ҳавас менигаристанд. Мо фарзандон мефахридем, ки фарзанди чунин волидонем.
Падарам одами бофарҳанг, соҳиби маълумоти олӣ буданд. Лекин дили мисли кӯдакон содаву беғубор доштанд, маслиҳатгари ҳамдеҳагону насиҳатгари ҷавонон буданд. 
Он кас агрономи соҳиби маълумоти олӣ, солҳои зиёд дар хоҷагии ҷамоавӣ бо касби агрономӣ машғул шуда, барои пешрафти ҳаёти он ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд. Боғҳои зиёде бунёд карданд, ки имрӯз дарахтонаш серҳосилу серсоя аст.
Ёд дорам, ман ҳанӯз духтарчаи хурдакак будаму пинҳонӣ аз паси дар ба намозхониҳои падар гӯш меандохтам. Падар баъди адои намоз дуойи дуру дароз мекарданд. Барои саломативу саодати тамоми оламиён, фарзандҳою наздикон даст бар дуо мебардоштанд.
Азбаски худашон соҳибмаълумот буданд, барои соҳибмаълумот гардонидани се писару ҳафт духтари худ кӯшиш мекарданд.
Натиҷаи ҳамин сахтгирию нигоҳи некбинонаи падарам буд, ки имрӯз ҳамаи фарзандонашон соҳибмаълумот ҳастанд. Духтарон духтуру муаллима, писарон муҳандису коркуни идораи корҳои дохилӣ мебошанд. 
Марги нобаҳангоми модарам падарамро афтодатар кард. Падарам баъди вафоти модарам ҳамагӣ 40 рӯз зиндагонӣ кардаанду халос...
Хислатҳои неки падарам зиёд буд, ки онро бо гуфтан адо карда наметавонам. Дилам ба дидори падар гум мезанад. Дил мехоҳад, ки ақаллан боз якборакак дидори гармашонро бинам:
Дили покизаи ту меҳру вафо меборид,
Зи ҷабини ту ҳаме субҳи сафо меборид,
Зи ду дасти басахои ту сахо меборид,
Нури Шамсу қамарам, во падарам, 
во падарам!
Модарам зани солиҳаву худотарсе буданд. Ҳастии худро барои фарзандон нисор карданд. Якумр аз паи ободии рӯзгору тарбияи фарзандон мегаштанд. Хусусан, бар мо –духтарон ниҳоят сахтгир буданд. Бе иҷозаташон мо аз хона пой берун монда наметавонистем. Мегуфтанд, ки духтар бояд дар назди модар калон шавад, тарбияи нахустинро аз модар мегирад. Вай бояд ҳамаи кори рӯзгорро дурустакак омӯзад, зеро дар оянда вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як духтар ин обод кардани рӯзгоре мебошад.
Модарам яке аз занҳои фаъоли маҳалла буданд. Пиллапарварию чорводорӣ мекарданд. Раҳматӣ рӯзгори бе чорвою бе ширу ҷурғотро рӯзгори бебарака меҳисобиданд. Ҳавлиашон ҳамеша бофайз буду моро ба сӯи худ мекашид. Рӯзгорашон пурфайзу осуда буд. То дами пириашон обу хӯроки падари раҳматиамро ба касе бовар намекарданд. Куҷое, ки падарам по мегузоштанд, модари раҳматиам сар мегузоштанд. Аз духтарону келинҳояшон ҳам боисрор талаб мекарданд, ки ҳурмати шавҳарашонро ба ҷояш гузоранд. Мегуфтанд: «Шавҳар пири зан ҳисоб меёбад. Ягон кори зан бе розигии шавҳар барор намегирад. Аз хона бе иҷозати шавҳар берун набароед». Худашон бе иҷозаи падарам ҳеҷ гоҳ аз хона берун намешуданд. Аз фарзандон ягон тамаъ надоштанд. Як гапро борҳо такрор мекарданд: «Ба ману падарат ҳеҷ чиз лозим нест. Дар куҷо бошед сиҳат бошед. Овозаи сиҳат буданатон ба гӯшамон зада истад, бас». 
***
Ҳар гоҳ ки ба деҳа меравам, албатта, ба қабристон, ба зиёрати қабри падару модари мушфиқам, ки паҳлӯи ҳамдигар хобидаанд, меравам ва ба даргоҳи Парвардигор илтиҷо мекунам, ки рӯҳи волидонамро шоду хонаи охираташонро обод гардонад.

Сайёра САИДОВА, 
муаллимаи кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи ДД Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: