“ЁР АҲЛ – КОР САҲЛ”

Орзугулро ҳамчун фаъоли Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ хуб мешиносем.

Орзугулро ҳамчун фаъоли Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ хуб мешиносем. Ӯ бонуи суҳбаторо, ба атрофиён чун дӯсти дерина зуд унс мегирад.
Орзугул Абдураҳмонова дар баробари он ки директори мактаби миёнаи рақами 25-уми шаҳри Чирчиқ аст, бори раисии Маркази миллӣ-мадании тоҷикони шаҳри Чирчиқ “Суғдиён”-ро аз соли 2005 инҷониб бар дӯш дорад. Дар мактабе, ки апаи Орзугул роҳбарӣ мекунад, корҳои таълиму тарбия, азхудкунӣ, иштироки фаъоли хонандагон дар озмунҳои шаҳриву вилоятиву ҷумҳурӣ, ободониву кабудизоркунӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. 
Апаи Орзугул ба сифати раиси марказ дар тӯли фаъолияти худ ба барқарор ва мустаҳкамсозии дӯстиву бародарӣ, ҳамҷиҳатӣ, кушодадилии байни миллат ва халқиятҳо, рушди анъанаву расму оин, ҳунару санъати миллӣ ва таомҳои миллӣ саҳми бузург мегузорад. Ӯ дар атрофи худ шахсони ташаббускор ва  ҷонсӯзи миллатро ҷамъ намуда, дар ҳар як ҷашнвора, чорабиниҳои идона ва суҳбати мизи мудаввари тоҷикони натанҳо шаҳри Чирчиқ, балки миқёси вилоят фаъол иштирок менамояд. Бо ташаббуси ӯ гурӯҳи фолклории “Суғдиён” ташкил гардид. Вақте дар чорабиниҳои идона  гурӯҳҳои раққосадухтарони “Суғдиён”, ки зери суруду оҳанги тоҷикӣ бо либоси миллии тоҷикона дар саҳна мерақсанд, дил аз шодӣ лабрез мегардад, ҳар як миллатпарвар фахр мекунад. 
Ансамбли мазкур дар озмунҳои миқёси шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ таҳти шиори “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо”, “Неруи мо — дар ягонагӣ ва ҳамҷиҳатӣ”, “Ватан ягона аст – Ватан яктост” баргузор мегарданд, фаъол иштирок карда, ҷойҳои муносибро ишғол намудааст. Аз ҷумла, соли 2019 дар фестивали байналхалқии бахшӣ дар Тирмиз, фестивали байналхалқии ҳунарманд дар шаҳри Қӯқанд бо баромадҳои худ иштирок намуданд. Баробари ин, ҳамчун идомадиҳандаи анъанаҳои дӯстиву бародарӣ дар чорабиниҳои  миллатҳои дигар низ иштирок мекунанд. 
Бо саъю ҳаракати Орзугул ҳар сол бахшида ба зодрӯзи Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Заҳириддин Бобур ва дигар бузургони илму адаб бо иштироки шоиру нависандагон  шабнишиниҳои адабӣ баргузор мегарданд.  Баҳри рушди маънавияти ахлоқии ҷавонон низ доимо дар ҳаракат аст. Барои онҳо маҳфилҳои “Китобдӯсти ҷавон”, “Ҷавонони дирӯз, имрӯз ва фардо”, “Ҷавонон – ояндаи мо” ташкил мекунад. Ӯ ба сифати депутат мушкилоти маҳаллаашро омӯхта, ба оилаҳои камтаъмин, серфарзанд, маъюб ва танҳо ғамхор аст, ба онҳо маслиҳатҳо медиҳад, кӯмаки моддӣ мерасонад. Ҳар сол дар арафаи иди модарон ва ҷашни Наврӯз чорабиниҳои бошукӯҳро бо ҳамдастии ҳаммаҳалла, намояндагони дигар миллатҳо, хонандагони мактаб, донишҷӯён ва шоиру адибони тоҷик ботантана мегузаронад.
Заҳматҳои муаллимаро ҳукумати кишвар ба назар гирифта, соли 2018 бо нишонҳои сарисинагии “Аълочии таълими халқ”, 25 солагии Истиқлолият ва ба қарибӣ бахшида ба рӯзи “Дӯстии халқҳо” бо медали “Шуҳрат” сарфароз гардонд. 
Орзугул Абдураҳмонова, баробари фаъоли ҷомеа будан, модари меҳрубон ва момои ғамхори набераҳо мебошад. 
– Муаллима, бо ин ҳама серкорӣ оё ба кору бори рӯзгор вақт меёбед?– пурсидем аз ӯ.
– “Ёр аҳл бошад – кор саҳл” гуфтаанд бузургони мо. Дӯстон, бародарон, ҳамкорон маро дастгирӣ мекунанд. Шавҳарам аҳли фаҳм, ин кори ман, ин кори ту намегӯяд, – бо табассум ҷавоб медиҳад муаллима.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.     
     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: