Ёрдамчии Президенти Ӯзбекистон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо мулоқот кард

23 май ёрдамчии Президенти Ўзбекистон Саида Мирзиёева бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо таҳти сарварии намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала мулоқот кард.

«Мо тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро, бахусус дар соҳаҳои таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, табодули фарҳангӣ, маориф, ҳуқуқи занон баррасӣ кардем», — навиштааст ёрдамчии Сарвари давлат дар канали телеграми худ. Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти расонидани кумак ба занони афғон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: