Бори инсонпарваронае, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия тақдим гардид, бо киштии ҳавоии ширкати «Uzbekistan airways» ба Тошканд расонда шуд.
Бори инсонпарваронае, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия тақдим гардид, бо киштии ҳавоии ширкати «Uzbekistan airways» ба Тошканд расонда шуд.
Аз тариқи самолёте, ки бо хати «Истанбул – Тошканд» парвоз мекунад, ёрии башардӯстона дар аэропорти байналхалқии Тошканд ба номи Ислом Каримов аз ҷониби ходимони масъули Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вакилони сафоратхонаи Туркия дар мамлакатамон пешвоз гирифта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркия Реҷеп Тоййип Эрдуғон зимни суҳбати телефонӣ 22 апрели соли ҷорӣ дар бобати мубориза бар зидди бо шиддат паҳн гардидани хатари ҷаҳонӣ – инфексияи коронавирус боз ҳам муттаҳид гардиданро дастгирӣ намуда буданд.
Ба туфайли иродаи қатъии роҳбарони давлатҳо дар ҳоле ки муносибатҳои тарафайн ба қуллаи баланд баромадааст, ҳамчунин ҳамкорӣ аҳамияти фавқулодда муҳим касб менамояд. Зеро ҳамбастагии мо дар замони тамоми ҷаҳонро ба ларзиш овардани пандемияи коронавирус боз як натиҷаи амалии муоҳидаи байни сарони мамлакатҳоямон зоҳир гардид.
50 дона дастгоҳи василаи нафаси сунъии шуш, ки дар Туркия истеҳсол гаштааст, дар навбати аввал ба эҳтиёҷмандтарин нуқтаҳои ҷумҳурӣ паҳн карда мешавад. Дастгоҳи мазкур дар асоси стандартҳои байналхалқӣ озмуда шуда, барои ба ҳаёти солим баргардондани беморҳои намуди вазнини маризи коронавирус мадад мегардад.
– Дар ҳоле ки дар тамоми ҷаҳон вазъияти мураккаб ба вуҷуд омадааст, кӯмаки ҳамдигари ду мамлакати бародар, дастгирӣ намудани якдигар ҳолати табиӣ аст, – гуфт намояндаи сафоратхонаи Ҷумҳурии Туркия дар мамлакатамон хонум Айбуке Эҳсен Турон. – Зеро ки дар рӯзҳои сахт дасти мадад дароз кардан хоси табиати халқҳоямон мебошад. Чунин кӯмаки Туркия мисли дастгоҳҳои тиббӣ мисоли равшани фикрҳоямон мебошад.
Бино ба фикри мутахассисон, дастгоҳи нафаси сунъии шуши истеҳсоли Туркия нисбат ба чунин дастгоҳҳои дигар молики сифати баланд буда, барои беморони тамоми синну сол муқаррар гаштааст.
Пештар бо мақсади дастгирӣ намудани муборизаи босамар бар зидди эпидемия Туркия ба Ӯзбекистон василаҳои ҳимояи шахсӣ – 50 ҳазор дона ниқоби тиббӣ ва 200 ҳазор либоси махсусро чун кӯмаки башардӯстона фиристода буд.
Ғайрат
ХОННАЗАРОВ,
мухбири ӮзА.