ЁВАРОНИ ҲОКИМ ҚУВВАИ ҲАЛКУНАНДА МЕГАРДАНД

  • ЁВАРОНИ ҲОКИМ ҚУВВАИ ҲАЛКУНАНДА МЕГАРДАНД
  • ЁВАРОНИ ҲОКИМ ҚУВВАИ ҲАЛКУНАНДА МЕГАРДАНД

Фестивали ҷавонон, ки бинобар гуфти ҳокими шаҳри Олмалиқ Қобил Ҳамдамов тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷавононро фаро мегирифт, барои насли навраси шаҳр дар маҳаллаи ба номи Ибни Сино ба вуқӯъ пайваст.

Дар ин ва фестивалҳои дигар ноҳияву шаҳрҳо шиори «Ӯзбекистони Нав – нигоҳи нав» интихоб гаштааст, ки тибқи 5 ташаббуси Президент  дар меҳвари он ҷойгир шудааст.
Аз намоиши асару наққошиҳои ҷавонону мактабиён то техника ва намунаҳои яроқи ҳарбӣ дар ин маҳалла гузашта шуда буд, ки хурду калон аз ин асарҳо дидан карда, бо шавқ ба техникаи ҳарбӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард ва бо аслиҳаҳои гуногуни оташфишон аз наздик шинос мешуд.
– Мо ҳоло барои 51 маҳаллаи шаҳр ёварони худро интихоб кардем ва бояд бигӯям, ки барои ҳар як чунин вазифа то шаш нафар довталаб буд, – мегӯяд ҳокими шаҳр.
Дар ин фестивал дасти ёрии ёварони ҳоким аз намояндагони маҳаллаҳо эҳсос мешуд, ки бо ҳам якҷоя барномаи аҷиб таҳия кардаанд.
Беш аз 500 нафар ҷавонон дар фестивал бевосита иштирок карда, дар бозиҳои варзишӣ, ақлӣ, ҳарбӣ ва ватанпарварӣ қуввасанҷӣ намуданд ва ин воқеан барои ҷавонони шаҳри саноатӣ рӯйдоди муҳим буд, зеро  онҳо на ҳамеша чунин имкониятро доранд, ки маҳорати худро озмоиш кунанду аз қувваи рақибон низ огоҳ гарданд.
Ҳоким мегӯяд, ки барои маҳфилҳои варзишӣ дар қадами аввал мураббиён зарур мебошанд, чунин нозукии ҳар як намуди варзишро мутахассис ва варзишгари ҳамон навъи ҳарбу зарб медонад, аз ин боис ҳама варзишгарони касбии шаҳрро барои кумак ҷалб кардем, ки дар роҳандозии корҳо мусоидат намоянд.
Яке аз чунин толорҳои машқ дар таҳхонаи яке аз иморатҳои маҳаллаи «Коинот» ташкил карда шудааст, ки барои тамоми харҷу таҳияи он 400 млн. сӯм сарф гаштааст. Соҳибкор Темур Абдулҳаев барои ин мақсад 120 млн. сӯм харҷ карда, боқимондаашро ба тариқи кредити имтиёзнок ба даст овардааст. Ҳоло дар майдони 400 м.мураббаъ, ки ҳанӯз бештар аз нимаи ин майдон муҷаҳҳаз нагаштааст, бачаҳои синни гуногун ба чандин намуди варзиш машғуланд.
Дар ин сафари матбуотӣ, ки хидмати матбуоти вилоят ташкил намуд, боз як муассисаи дигар барои журналистон шинос карда шуд. Дар ҷамоати шаҳрвандони «Фурқат» ба номи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шарқ стар мед» клиникаи хусусии Баҳром Ҷӯрабеков ба табобат ва ташхис кори худро шурӯъ кард. Барои таъмир ва ҷиҳози клиника 500 млн. сӯм харҷ гаштааст. Ба туфайли боз гардидани ин клиника даҳ нафар бо кор таъмин гардида, барои аҳли маҳалла низ хеле шароити хуб фароҳам омад, ки дар сурати зарурат роҳи дур намераванд ва дар худи маҳалла аз хидмати тиббӣ баҳраманд мегарданд.
Дар Олмалиқ қарори Президентро «Дар бораи чораҳои куллан пурзӯр намудани низоми кор бо ҷавонон», ки моҳи январи соли ҷорӣ ба имзо расидааст, дастури кор қарор додаанд ва дар айни ҳол дар ҳалли масъалаҳои, хусусан, ҷавонон ёварони ҳоким нақши муҳим доранд. Дар рӯзҳои охир бинобар тавсия ва ғояҳои онҳо баъзе аз мушкилот ҳал гардид ва дар айни ҳол барои семоҳаи дуюми сол нақша тартиб дода мешавад.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: