ЁЗЁВОН БА НОҲИЯИ ЗАМОНАВӢ ВА ПЕШРАФТА ТАБДИЛ МЕЁБАД

Мувофиқи нишондоди сарвари давлат дар минтақаҳои гуногун мавзеъҳои “Ӯзбекистони Нав” барпо мегарданд.

Мувофиқи нишондоди сарвари давлат дар минтақаҳои гуногун мавзеъҳои “Ӯзбекистони Нав” барпо мегарданд. Айнан бунёди ҳамин гуна мавзеъ барои соли 2022 дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Юқори Сойбӯйии ноҳияи мазкур  барномарезӣ шудааст. Тавре ки маълум шуд, дар ин ҷо 135 хонаҳои баландошёна қомат меафрозанд ва ба ҳусни ин маҳалла ҳусни тоза зам мекунанд. 
Гуфта мешавад, ки ин хонаҳои баландошёна аз панҷ даҳлез иборат буда, 2 ҳазору 700 оиларо бо манзили зист таъмин хоҳад кард. Ғояи бунёди чунин шаҳракҳои замонавӣ дар ноҳияҳои Олтиариқ, Ёзёвон ва Фарғона зимни ташрифи сарвари давлат ба вилояти Фарғона, ки дар арафаи интихоботи президентӣ сурат гирифта буд, пайдо шудааст ва бар асоси ин ғоя корҳои сохтумон тарҳрезӣ гардидааст.
– Шароити ин минтақа мусоидат менамояд, ки ин биноҳои истиқоматӣ метавонанд аз 5 то 12 қабат сохта шаванд ва аҳолии бештарро ба канори худ пазиранд. Мавзеи “Ӯзбекистони Нав” майдонеро бо масоҳати 53 гектар ишғол мекунад. Дар он ғайр аз биноҳои истиқоматӣ, биноҳои мактаби таълими ҳамагонӣ, таълими томактабӣ низ қомат баланд намуда, ба минтақаи хурди саноатӣ, объектҳои марбут ба хизматрасонии маишӣ, тиббӣ, техникӣ ва амсоли он табдил хоҳад ёфт,– мегӯяд ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров. 
Дар ин рӯзҳо боз як бинои хушсохту замонавӣ дар ноҳияи Ёзёвон қомат меафрозад. Сохтумони он дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Ин бино маркази байниноҳиявии муолиҷаи ҷароҳатҳои гуногун ва  бемориҳои дилу рагҳои хунгузар мебошад. Ин марказ бар асоси лоиҳаи калоне бунёд мешавад, ки ба соҳаи тиб ихтисос дода шудааст. Маркази тиббӣ дорои панҷоҳ кат буда, дар он беморон аз ноҳияҳои атроф низ метавонанд саломатии худро барқарор кунанд.
Ҳоким бо ҷараёни сохтумони маркази нави тиббии байниноҳиявии Ёзёвон аз наздик ошно шуд. Ба гуфтаи ӯ барои бунёди чунин маркази наву замонавӣ аз буҷаи давлат ҳафтуним миллиард сӯм ҷудо шудааст. Ғайр аз ин, ҳокимият барои харидории таҷҳизот ва муҷаҳҳаз намудани марказ панҷ миллиард сӯм маблағи иловагӣ ихтисос додааст.
Дар маркази тиббӣ шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва баҳушоварии дорои 9 кат низ ташкил карда мешавад. Ҳокими вилоят аз мутасаддиёни ташкилотҳои сохтумонӣ тақозо намуд, ки дар мавриди бо сифат ва дар муддати муқарраршуда ба анҷом расонидани сохтумони он мутаваҷҷеҳ бошанд. 
– Ин объектҳо дар ояндаи наздик намои ноҳияи Ёзёвонро куллан тағйир хоҳанд дод ва он  шукӯҳи тозаро касб хоҳад кард,– гуфт Хайрулло Бозоров.
Дар минтақаи хурди саноатии “Гулистон”-и ин ноҳия якчанд корхона бунёд мегардад. Он марбути сектори прокурори ноҳия мебошад. Дар ин минтақа 15 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дода шудааст ва масоҳати он чоруним гектарро ташкил мекунад. Барои иҷрои корҳои сохтумонӣ бештар аз 182 миллиард сӯм ихтисос дода шудааст. Ба истифода супурдани ин корхонаҳо 400 нафар одамони маҳаллиро ба ҷои кор таъмин хоҳад кард.
Дар маҳаллаи Тошҳавзи ноҳия бунёд ёфтани боз як иншооти муҳим – “Гузари меҳнатии ҷавонон” қобили ситоиш мебошад. Сохтумони ин иншоот бо ташаббуси яке аз соҳибкорони варзидаи маҳаллӣ Абдуманноб Каттабеков роҳандозӣ шудааст. Дар утоқҳои гуногуни ин бино аҳолӣ, хусусан ҷавонони маҳалла метавонанд вақти холии худро бофароғат ва хуш гузаронанд.
Ин бино аз ҳисоби маблағҳои шахсии Абдуманноб Каттабеков ва воми имтиёзнок қомат афрохтааст. Барои бунёди он ҳудуд дуним миллиард сӯм харҷ намудааст. Дар айни ҳол ин бинои хушсохту замонавӣ дорои дӯкони китоб, дӯзандагӣ, сартарошхона, мағозаи фурӯши хӯрокворӣ мебошад. Дар ин ҷо барои 25 нафар кӯдакон курси тайёрӣ низ ташкил шудааст. Кӯдакон баъди анҷоми курс дар мактаби таълимоти умумӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. 
– Ин биноро бунёд намуда, 25 нафар ҷавонони маҳалларо бо ҷои кор таъмин кардам. Аммо теъдоди китобҳои дӯкони китобфурӯшӣ ҳанӯз маро қаноат надодааст. Он бояд афзоиш дода шавад, – мегӯяд соҳибкор Абдуманноб Каттабеков.
Шавкат Худойбердиеви ёзёвонӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов, воқеъ дар шаҳри Қӯқанд таҳсил мекунад. Вай ҳамчун яке аз донишҷӯёни ихтироъкор ном баровардааст. Шавкати ҷавон ба ҳокими вилоят таҷҳизотеро нишон дод, ки гуфта мешавад трансформаторҳоро аз сӯхтор ва инфиҷори ногаҳонӣ ҳимоя мекунад.
– Ин таҷҳизотамро бо кӯмаки устодонам сохтам. Аммо барои ба роҳ мондани истеҳсоли ин таҷҳизот ба маблағ ва бинои алоҳида эҳтиёҷ дорам. Агар шумо дар ин маврид ба ман дасти ёрӣ дароз кунед, хеле хурсанд мешавам,– гуфт Шавкат Худойбердиев.
Хайрулло Бозоров ваъда дод, ки ҳатман ӯро дастгирӣ мекунад ва аз пайи иҷрои он мешавад, ки вай соҳиби маблағ ва хонаи алоҳида гардад.
Сипас, ҳоким бо як гурӯҳ ҷавононе мулоқот намуд, ки аз хонаводаҳои камбизоат ҳастанд ва дар донишкадаву донишгоҳҳо мехонанд, аммо имкони пурра пардохт намудани маблағи шартномаи таҳсилро надоранд. Дар ҷараёни мулоқот ӯ ба сӣ нафар чунин ҷавонон сертификат тақдим намуд. Тавассути ин сертификат ҷавонон аз 50 дарсади пардохти ҳақи таҳсил озод карда мешуданд ва нисфи онро ҳокимияти вилоят пардохт менамуд.
То имрӯз ҳокимият аз ин тариқ ба 104 нафар ҷавонон кӯмакҳои моддӣ расонид ва маблағи умумии он бештар аз 407 миллион сӯмро ташкил мекунад. 
 Дар байни ҷавондухтарони ноҳияи Ёзёвон шахсонеро пайдо кардан мумкин аст, ки аз рӯи кураш зинаҳои баланди ғалабаро ишғол кардаанд ва боиси ифтихори мардуми худ ва саросари кишвар гаштаанд. Яке аз ин духтарон Манзура Муйдинова мебошад. Вай дар чемпионати нуздаҳуми ҷаҳон аз рӯи кураш дар Россия соҳиби медали биринҷӣ шудааст. Ҳокими вилоят дар маросими тӯйи арӯсии Манзура Муйдинова иштирок намуд ва ба ҷавонон саломативу бахту саодат орзу кард. 
Ҳодисаи дигаре, ки боиси хушҳолии мардуми ноҳияи Ёзёвон гаштааст, баргузории маросими ба истифода супурдани бинои иловагии мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 35 дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Мустаҳкам дӯстлик” мебошад. Ин мактаб аз маркази ноҳия дар масофаи 14 километр воқеъ гаштааст. Гуфта мешавад, ки то анҷоми сохтумони бинои иловагӣ донишомӯзон ҳатто дар ду баст бо мушкилӣ дар дарсҳо ширкат мекарданд.
Бинои мактаби мазкур ҳамагӣ 80 нафарро гунҷонида метавонист. Сохтумони бинои иловагии мактаб дар муддати шаш моҳи охир ба анҷом расида, имкон фароҳам овард, ки боз 160 нафар дар синфҳои озодаву барҳаво ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Синфҳои он муҷаҳҳаз гардидаву 24 нафар омӯзгор ба 192 нафар донишомӯз таълиму тарбия медиҳанд. 
Барои сохтумони бинои иловагӣ якуним миллиард сӯм харҷ шудааст ва аз ин ҳисоб танҳо 170 миллион сӯми онро буҷаи давлат бар дӯш доштааст. Қисмати боқимондаи маблағро соҳибкорон ва ҳомиёни саховатманди маҳалла пардохтаанд. 
Дар рӯзи ифтитоҳи бинои иловагии мактаб бар асоси лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз”  дар атрофи он якчанд дарахти манзаравӣ ва мевадиҳанда шинониданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: