ЁЗЁВОН: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО

  • ЁЗЁВОН: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО
  • ЁЗЁВОН: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО
  • ЁЗЁВОН: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО

Дар шаҳру ноҳияҳои гуногун арзи вуҷуд намудани шаҳрак ва мавзеъҳои “Ӯзбекистони Нав” пиру барнои мамлакати соҳибистиқлоламонро ба ваҷд овардааст.

Инро дар мисоли вилояти Фарғона дидан мумкин. Ғайр аз бунёди шаҳракҳои истиқоматӣ ба роҳ мондани саноати моҳипарварӣ, роҳандозӣ ва анҷоми сохтмони корхонаҳои гуногуни саноатӣ низ аз падидаҳое мебошанд, ки дар партави “Ӯзбекистони Нав” ҷомаи амал мепӯшанд ва ин ҳаргиз муҳобот нест.
Дарвоқеъ, барои ба кор таъмин шудани аҳолии зиёд ин дигаргуниҳо, хосатан арзи вуҷуд кардани корхонаҳои саноатӣ чун обу ҳаво заруранд. Дар шаҳрҳои Марғелон, Қувасой, Қӯқанд, Фарғона, инчунин ноҳияҳои Сӯх, Риштон, Бувайда, Бешариқ, Олтиариқ, Фарғона, Қува, Ёзёвон ва амсоли он маҳз бунёди минтақаҳои саноатӣ мунҷар ба он шудаанд, ки дар солҳои охир ҳаёти мардум хеле фаровон ва мушкилоти зиёди иқтисодии онҳо бартараф шавад.
Нуктаи ҷолиб, ки барои пешрафти вилояти Фарғона мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани инвесторҳои хориҷӣ мебошад. Онҳо ворид намудани сармояҳои калонеро ба мақсад мувофиқ медонанд, ки дар ивази он бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатии вилоят таъмин мегардад ва дар рушди иқтисоди он ҳамчун воситаи муҳим хидмат мекунад.
– Барпо шудани  корхонаҳои саноатӣ ва аз тарафи дигар, арзи вуҷуд намудани шаҳракҳои истиқоматӣ баёнгари онанд, ки вилояти мо беш аз пеш тараққӣ мекунад ва зиндагии мардуми мо фаровон мегардад. Ин раванд мусоидат менамояд, ки салоҳияти иқтисодиамон пеш равад. Бовар дорам, ки дар солҳои наздик таъмини аҳолӣ бо манзил дигар ҳамчун масъала  муҳокима карда нахоҳад шуд. Шумо медонед, ки бо бунёди шаҳри “Гулистон”-и ноҳияи Бағдод мо тавонистем собит кунем, ки ин даъвоҳо беасос наянд, – мегӯяд ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров.
Тибқи дастури Президенти мамлакат чанд мавзеъи “Ӯзбекистони Нав” бунёд мегардад. Анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоотҳои истиқомативу маъмурӣ охири соли равон ба охир хоҳанд расид. 
– Муҳимтар аз ҳама,  шароит ва иқлими вилояти Фарғона мусоидат менамояд, ки биноҳои истиқоматии 5-12 қабата сохта шаванд. Чунин тарзи кор ҷиҳати таъмини ниёзмандон бо хонаву ҷой дар фурсатҳои наздик моро аз ташвишҳои иловагӣ раҳо хоҳад кард, – иброз дошт Хайрулло Бозоров. 
Ҳоло дар мисоли ноҳияи Ёзёвон бубинем, ки чӣ дигаргуниҳо дар он ба вуҷуд омадааст.  Оё таъмини мардуми эҳтиёҷманд бо ҷои зист ба таври эҳсосшаванда коҳиш дидааст ё на? Бидуни шак, минтақаҳои мухталифи ноҳияи Ёзёвон дар се-чор соли охир куллан намои нав ва шукӯҳи тоза касб намудаанд. Аз чеҳраи одамон низ ҳувайдост, ки ин дигаргуниҳо эътимоди онҳоро ба фардо боз бештар афзун гардонидааст. Шояд ҳоло фикру хаёлашон дар бораи он ки фарзандону наберагонашон чи рӯзу рӯзгореро хоҳанд дошт, дигар онҳоро ноорому нороҳат нахоҳад кард!
Ёдовар мешавам, ки чанд сол муқаддам ба ин ноҳия бо сафари хидматӣ рафта будам. Роҳҳои ноҳамвор, биноҳои фартут, чанд кӯдакистон ва мактаби солҳо тармимнадида, иншоотҳои маъмурии тарҳашон кӯҳна ва амсоли онро дида кас гумон мекард, ки дар беш аз ду даҳсолаи касби истиқлоли мамлакат ин ҷойҳо ягон таҳаввулоти ҷиддиро аз сар нагузаронидааст.
Дар идораи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Порлоқ”-и деҳаи Қаротеппа, воқеъ дар ноҳияи Ёзёвон, маро Элмира Аҳмадова ном зан истиқбол гирифта буд. Маълум шуд, ки вай дар мақоми ҷонишини раиси ҷамоат доир ба масъалаҳои занону духтарон ва иҷтимоӣ-маънавӣ кор мекунад. Вай гуфт, ки раис Тӯлқинбой Улиқов ва ҷонишини ӯ Салимҷон Ҷӯраев ба мактабҳои таълимоти умумии рақами 28 ва 30-ум рафтаанд, то ки бо рафти таълиму тарбия дар ин маскани маърифат аз наздик ошно шаванд. 
– Мо борҳо ба идораҳои гуногун муроҷиат кардем, ки Қаротеппаи мо – деҳаи калони тоҷикнишини ноҳияи Ёзёвон ба дигаргуниҳои ҷиддӣ ниёз дорад. Ҳанӯз дар маркази он ягон иншооти дурусти замонавӣ сохта нашудааст. Идораи ҷамоатамонро мебинед, ки дар чи ҳолу аҳвол аст, – гуфта буд Тӯлқинбой Улиқов.
Ҳоло аз дидани манзараҳои тамоман дигар табъатон болидаву чеҳраатон шод мегардад. Ин деҳа аз чаҳор ҷамоати шаҳрвандони маҳалла иборат аст. Зимни суҳбат як сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Дӯстлик» Ӯғилой Йигиталиева мегӯяд, ки зиндагиаш хеле бад буд. Баъд аз он ки вайро ба «Дафтари занон» ворид карданд, ҳолати зиндагии хонаводааш беҳбуд ёфт. 
– Ман дӯзандагиро аз модару модаркалонам ёд гирифта будам. Аммо шароит даст намедод, ки ҳадди ақал як адад мошини дӯзандагӣ харида, зиндагии аҳли хонаводаамро таъмин кунам. Ҳоло дар ивази маблағҳои субсидия як кооператсияи дӯзандагӣ ташкил кардаам, ки чанд зани бекори деҳаамро тавонистам ба кор ҷалб намоям. Дар ҳамин ҳол теъдоди онҳо ба даҳ нафар расидааст, ки панҷ нафари онҳо ба ҳайси шогирд дӯзандагиро ёд мегиранд, – мегӯяд соҳибкорзани қаротеппагӣ Ӯғилой Йигиталиева.   .
Вай афзуд, ки масоҳати чевархона бояд фарохтар карда шавад. Он гоҳ имкон пайдо мекунад, ки боз чанд нафар занону духтарони деҳ он ҷо омада, соҳиби кор шаванд. Гузашта аз ин, Ӯғилой Йигиталиева як салони занона низ ифтитоҳ намудааст ва он ҷо аллакай ду нафар машғул ба фаъолият мебошанд.
– Ман дар масъалаи бинои нав ба ноиби ҳокими ноҳияи Саддам Субҳонов муроҷиат карда будам. Ҳоло дар ҷое, ки корхонаи дӯзандагӣ ташкил кардаем, марбути шахси дигар аст ва мо иҷорашин ҳастем. Як қисми маблағ ба ҳақи иҷорапулӣ сарф мешавад. Барои ҳамин агар аз ҳисоби биноҳои навсохт ба мо низ ду хонаро ҷудо карда диҳанд, дигар ягон мушкил боқӣ намемонад, ки дар кори мо халал эҷод намояд, – иброз дошт Ӯғилой Йигиталиева.
– Бо ин соҳибкорзани қаротеппагӣ комилан ҳамовозам. Масъалаи таъмини дӯзандагон бо хонаи нисбатан васеътарро ҳатман бо ҳокими ноҳия Дилшодҷон Ҷалилов матраҳ мекунам. Ба назарам, дар ин боб вай ҳатман мушкили шуморо сосон хоҳад кард, – гуфт котиби матбуоти ҳокимияти ноҳияи Ёзёвон Азимҷон Худойқулов. – Дарқақиқат, одамони зиёдро гирд оварда, онҳоро ба кор таъмин кардани Ӯғилой Йигиталиева ҷасорати калонест. Чунин соҳибкорзанҳоро дастгирӣ кардан лозим аст, – афзуд вай.
Ин бор зимни сафари кӯтоҳ Азимҷон Худойқулов маро ҳамроҳӣ мекард. Аз вай пурсидам, ки доир ба масъалаи бунёди мавзеъи “Ӯзбекистони Нав” андак маълумот ироа кунад. 
– Мувофиқи фармони Президенти мамлакат аз 9 декабри соли 2021 “Дар бораи барпо намудани мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» ва чораву тадбирҳои таъмин намудани рушду ривоҷи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ”, инчунин қарори ҳокими вилоят аз 7 январи соли 2022 ба ҷамоати шаҳрвандони Юқори Cойбӯйӣ барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ дастикам 69 гектар замин ҷудо карда шуд. Аз ин ҳисоб дар 15-уним гектар боғи “Ӯзбекистони нав”, инфрасохторҳо ва хонаҳои бисёрошёна сохта мешаванд, – мегӯяд роҳбалади ман. – Аз 33 хонаи 5 ва 7-ошёна, ки имсол сохта мешавад, 15-тоаш ба 12 ташкилоти бинокорӣ вобаста карда шудааст. Маълум шуд, ки 6-тои ин хонаҳо 7 ошёна ва  2 даромадгоҳ, 6-тоаш 5 ошёна ва 2 даромадгоҳ, 21-тоаш 5 ошёна ва 1 даромадгоҳ дошта, дар маҷмӯъ шумори хонаҳо 948-торо ташкил хоҳад кард.
Дар ин замина шуъбаи сохтмони ноҳия хабар медиҳад, ки қитъаҳои замини 33 хона ба платформаи савдои «Auction E execution» ворид карда шудаст. Қитъаи замини ҳашт хона аз ҷониби ташкилотҳои пудратчии хусусӣ ва 25 қитъаи замин аз ҷониби сармоягузорон – шаҳрвандони хориҷӣ харида шудааст. Бино ба ин манбаъ дар ҳамин ҳол корҳои маблағгузорӣ бо суръат идома дорад.
– Барои он ки корҳои сохтмонӣ тез, бо сифати баланд ва осон анҷом пазиранд, дар ноҳия як ситоди ёрирасон ташкил карда шуд, 850 метр шабакаи барқ ва 16 чароғҳои шабона насб гардид, 800 метр шабакаи оби нӯшокӣ хобонида, 2 ҳазору 200 метр роҳҳои дохилӣ ҳамвору мумфарш карда шуд. Дар майдони 3,7 гектар боғи «Ӯзбекистони Нав» бунёд гардид, ҳазору 400 дарахти ороишӣ шинонида, мавриди парвариш қарор дода шуд, – мегӯяд Азимҷон Худойқулов. 
Тавре ки роҳбаладам тазаккур дод, ҳамчунин бунёди шифохонаи хусусӣ, ошхона, маркази ҷавонон, ҷойи баргузории маросимҳо ва сохтмони ду иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар назар аст. Агар сохтмони 1 муассисаи таълими томактабӣ барои 420 кӯдак ва 1 кохи фарҳанг бо гунҷоиши 960 нафар ба охир расад, бархе аз мушкилот бартараф хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки дар мавзеъи “Ӯзбекистони Нав” барои ташкили минтақаи хурди саноатӣ бештар аз 10 гектар замин ҷудо карда шудааст. Сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин минтақаи хурди саноатиро ҶММ «Поско Интернешнл Текстил» ба дӯш гирифтааст.
– Мо бо корҳое, ки қисман анҷом дода шудаанду қисман идома доранд, қонеъ нахоҳем шуд. Ҳокимияти ноҳия таҳти сарварии Дилшодҷон Ҷалилов талош ба харҷ медиҳад, ки дар ҳар минтақаи он шукӯҳи “Ӯзбекистони Нав” ҷилвагарӣ кунад. Арзи вуҷуд намудани маҷмааи бисёрсоҳавии иҷтимоӣ, ки ду ҳудуди мавзеъи “Ӯзбекистони Нав”-ро ишғол хоҳад кард, аз бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва савдо иборатанд, – шарҳ дод Азимҷон Худойқулов.
Қобил ба ёдоварист, ки дар баъзе нуқоти ноҳияи Ёзёвон камбудии оби ошомиданӣ эҳсос мегардид. Қаблан таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ҳудуди шасту се фоизро ташкил мекард. Аз буҷаи ҳокимияти вилоят барои бисту шаш ҷамоати шаҳрвандони ноҳия як миллиарду панҷоҳ миллион сӯм  ихтисос дода шуд, ки кашидани 37 километр лӯлаи об, тармими панҷ манора, насби дувоздаҳ насоси обкашӣ, кофтани якчанд чоҳҳои оби ошомиданиро барои иҷро кардан мадди назар дошт. Хушбахтона, ин корҳо кайҳо дар амал татбиқ гардидаву аҳолии ба оби тозаи ошомидани эҳтиёҷманд ба карат коҳиш ёфтааст. 
Дар ҷамоатҳои шаҳрвандони «Янгиобод», «Гулистон», «Сойбӯйӣ», «Сувлиариқ», «Тошҳавз» таъмири коллектор-дренажҳо анҷом дода шудааст, ки агар таъмир намешуданд, ба кишти зироати майдонҳои наздиҳавлигӣ хисороти ҷиддӣ ворид мекунад. Ғайр аз ин, дар ҷамоатҳои «Сойбӯйӣ», «Дӯстлик», «Янгиобод», «Юқори сой-бӯйӣ», «Гулистон», «Қоратеппа» имкон фароҳам оварда шудааст, ки садҳо хонаводаи он бидуни монеа майдонҳои кишти зироати худро  обёрӣ кунад. Дар ҷамоатҳои «Гастон» ва «Иштирхон» муддати дароз аҳолӣ ҷиҳати обёрӣ кардани майдонҳои кишти худ ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ буданд. Ба манзури бартараф сохтани ин мушкилиҳо низ ҳокимияти ноҳия дар ҳамдастӣ бо ҳокимияти вилоят чораҳои фаврӣ андешид. Дар натиҷа насоси обкаши барқӣ насб гардид, ки дар як сония аз зери замин ҳудуди сесад литр об мекашад. 
– Вақте ки муроҷиати мардум шунида мешавад, мушкилоти вай рафъ мегардад. Он гоҳ кор ҳам пеш мераваду марраҳои нав ба нав фатҳ мегарданд. Ман зодаи ҳамин ноҳия мебошам. Деҳаи мо — Қаротеппа аз қадим ҷойи буду боши мардуми тоҷиктабор аст ва инро таърих собит намудааст. Дар солҳои охир хоҷагиҳои фермерӣ низ аз ваколатҳои зиёд наҷот ёфтанд. Баъзе хоҷагиҳои фермерӣ ҳатто ба ғун кардану супурдани оҳанпора ҷалб шуда буданд, – мегӯяд сарвари хоҷагии фермерии “Фар-Расулҷон” Рустам Абдураҳмонов.
Вай меафзояд, ки солона дар 17 гектар майдон пахтаву дар 10 гектар кишти ғалла парвариш намуд. Ҳосили хуб ба даст омад ва нақшаҳои давлативу шартномавӣ иҷро шуданд. Ҳосили пахтаро ба кластери “Баҳодир-Лоғон” супурд ва аз ҳисоби он аввал маоши коргаронашро пардохт. Имсол низ корҳои хоҷагии фермариаш хеле хуб пеш меравад. 
– Ҳоло кишвари мо на ба ном, балки воқеъан ба “Ӯзбекистони Нав” табдил меёбад. Деҳаҳои зиёд зебову обод мешаванд. Давлат маблағҳои зиёдеро дар ин самт равона мекунад, то ки мардумро аз худ розӣ кунад. Чунин ҳол дар таърихи мамлакати мо назир надорад. Агар дастаҷамъона иллатҳои ногуворро решакан намоем, кишваарамон ба бӯстон мубаддал мешавад, – мегӯяд Рустам Абдураҳмонов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: