ЁЗЁВОН НАҚШАИ ПИЛЛАСУПОРИРО ИҶРО КАРД

Ба ин муносибат дар «Кохи тантанаҳо»-и мавзеи Сойбӯйии ноҳия таҳти шиори «Монда набошед, кирмакпарварони азиз!» чорабинии доманфарохи идона баргузор гардид.

Дар он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Зулайхо Маҳкамова, муовини ҳокими вилоят Комила Кавлонова, намояндагони иттиҳодияи «Ӯзбекипаксаноат», занони фаъол ва кишоварзони пешқадам иштирок намуданд.
– Шумо дар ҷумҳуриамон аввалин шуда нақшаи шартномавии пилласупориро сарбаландона фатҳ намудед. Ба даст овардани чунин комёбӣ ҳаргиз ба осонӣ муяссар намешавад ва он аз кирмакпаварон заҳмати зиёд тақозо менамояд. Шумо шабу рӯз аз пайи он шудед, ки меҳнататон ройгон наравад ва натиҷа рӯи шуморо сурх намуд. Собит гардид, ки кирмакпарварони ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона устоди кори худ мебошанд. Офарин бод бар шумо! – гуфт зимни ибрози муборакбодӣ Зулайхо Маҳкамова.
Вай афзуд, ки дар ин пешаи заҳматталаб занону духтарон нақши асосиро мебозанд. Мардон барои сари вақт расонидани барги тут ба онҳо аз наздик ёрӣ мерасонанд. Онгоҳ самараи кор боровор шудаву чунин натиҷаи хурсандибахш ба даст меояд.  
Дар ин чорабинии идона як гурӯҳ кирмакпарварони ноҳия бо мукофотҳо қадршиносӣ гардиданд. Тантанаи мазкурро суруду тарона ва рақсҳои ҷолиби дастаҳои ҳунарӣ файзу футӯҳ бахшид. 

Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: