ЮНЕСКО: АНҶУМАН ДАР ХЕВА – БОЗ ЯК ИМКОНИЯТИ ХУБ БАРОИ ОМӮХТАН ВА ОММАВӢ КАРДАНИ ФАРҲАНГУ МЕРОСИ УМУМИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар веб-сомонаи муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои таълим, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар соли 2021 дар шаҳри Хева гузаронидани Анҷумани байналхалқии фарҳангии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ» қайд шудааст.

Хабар дода мешавад, ки анҷуман дар ҳамкорӣ бо Сектори улуми иҷтимоӣ ва инсонпарварии ЮНЕСКО ташкил карда хоҳад шуд. Бо назардошти вазъи ҷории санитарӣ санаи баргузории анҷуман дар соли 2021-ум муайян карда мешавад.
«ЮНЕСКО саъю кӯшишҳояшро барои оммавӣ кардани таърих ва мероси умумии фарҳангии Осиёи Марказӣ дар тӯли бисёр даҳсолаҳо, аз ҷумла дар доираи барномаи худ «Роҳи абрешим», дар асарҳое, ки ба китоби бисёрҷилдаи «Таърихи тамаддун дар Осиёи Марказӣ» дохил гардидаанд, сафарбар намуд, – гуфта мешавад дар мақола. – Анҷумани пешистода боз як имконияти хуб барои омӯхтан ва оммавӣ кардани фарҳанг ва мероси умумии Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар ташаккули тамаддуни минтақа ва хориҷи он нақши муҳим бозидааст».
Зикр мегардад, ки Хева яке аз шаҳрҳои куҳан буда, дар шафати Роҳи абрешим қарор дорад, он маркази таълим, илм ва фарҳанг буд, тӯли ҳазорсолаҳои зиёд ҳамчун гаҳвораи тамаддун хидмат кард, шаҳри дохилии он – Ичан Қалъа соли 1990 ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

АИ «Дунё»,
шаҳри ПАРИЖ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: