ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо

зиндагии мардуми деҳотро беҳбуд мебахшанд

зиндагии мардуми деҳотро беҳбуд мебахшанд
Бахшида ба пиёда кардани барномаи нави ҳукумат, ки таҳти унвони “Рушди малакаи бо кор таъминкунӣ дар деҳоти Ӯзбекистон” ва дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо сурат хоҳад гирифт, конфаронси онлайн баргузор шуд. 


Дар конфаронс ҷонишини Нахуствазир, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Азиз Абдуҳакимов, ҷонишини директори генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои омӯзишу парвариш Стефания Ҷоннини, сафири ИА дар Ӯзбекистон Эдуардс Стипрайс, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Ин лоиҳаи саривақтӣ ва хеле муҳим арзёбӣ гардид. Талошҳои ҳукумати мо баҳри беҳбудии ҳаёти деҳот равона шудааст, ки аз пандемияи коронавирус осеб дидаанд ва одамони зиёд шуғли худро аз даст додаанд.
– Ин лоиҳа ҳамчунин барои тарбияи насли наврас дар давраи баъди пандемия низ мусоидат менамояд ва устувории онро ба ҳар гуна таҳдидҳои оянда низ таъмин мекунад, – гуфт А. Абдуҳакимов.
Тазаккур ёфт, ки мақсад аз татбиқи ин лоиҳа ҳамкорӣ барои такмили таълими техникӣ ва касбӣ дар деҳот, омӯзонидани соҳаҳои кишоварзӣ ва ирригатсионӣ, ҳамзамон ривоҷ додани малакаи ба кор таъминкунӣ дар деҳот мебошад.
Маблағи умумии лоиҳа барои 4 сол 9,6 миллион евроро ташкил менамояд. Бахши муҳими барнома модернизатсияи тадрис ва тайёр намудани кадрҳо дар коллеҷҳо, идора кардани коллеҷҳо, ҷорӣ кардани усулҳои нави рушди малака дар хоҷагии қишлоқ, таълими иқтисоди рақамӣ ва онлайн-офлайн барои ҷавонони деҳотро мадди назар гирифтааст. Дар баробари ин, ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунии хоҷагии қишлоқ бар асоси инноватсияҳои байналмилалӣ ва миллӣ низ дар лоиҳаи мазкур пешбинӣ шудааст.
Коргарони деҳот бо малакаҳои наве, ки дар секторҳои хоҷагии қишлоқ заруранд, таъмин карда мешаванд. Ин малакаҳои нав аз хоҷагии қишлоқи дорои технологияи баланд, механизатсияи такмилёфта, пармакунии фосилавӣ, истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бидуни пилот, техникаи робот, биотехнология, истифодаи таҳлил намудани маълумоти зиёд ва интеллекти сунъӣ иборатанд.

М. АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: