ЮНУСОБОД ОБОДТАР МЕШАВАД

Президент Шавкат Мирзиёев чанде пеш бо раисони маҳаллаҳо ва ҷавонони ноҳияи Юнусободи пойтахт вохӯрд ва таъкид кард чун дар дигар ноҳияҳои пойтахт ҷорӣ шудани низоми маҳаллабайъ дар Юнусобод, фаъолнокии ҷавонон дар амалисозии ислоҳот дар кулли ҷабҳаҳо дар ноҳияи зикршуда низ, ки 40,6 км. кв. масоҳатро дар қисми шимолии пойтахт фаро гирифтааст, самараи худ мебахшад.

Президент Шавкат Мирзиёев чанде пеш бо раисони маҳаллаҳо ва ҷавонони ноҳияи Юнусободи пойтахт вохӯрд ва таъкид кард чун дар дигар ноҳияҳои пойтахт ҷорӣ шудани низоми маҳаллабайъ дар Юнусобод, фаъолнокии ҷавонон дар амалисозии ислоҳот дар кулли ҷабҳаҳо дар ноҳияи зикршуда низ, ки 40,6 км. кв. масоҳатро дар қисми шимолии пойтахт фаро гирифтааст, самараи худ мебахшад. 
Аз 297 ҳазор нафар аҳолие, ки дар ин ҷо маскун, қисми муайянро ҷавонони то 30-сола ташкил менамоянд. Дар 63 маҳаллаи ин ҳудуд фаъолнокии ҷавонон дар мустаҳкамсозии пояҳои иқтисодӣ бараъло ба мушоҳида мерасад.
Пойтахт аз 11 ноҳия таркиб ёфта  ва Юнусобод соли 1936 ташкил гардидааст. Пештар номи Кировро дошт, 8 майи соли 1992 Юнусобод ном гирифт, яъне ноҳия ба номи яке аз фарзандони шарафманди Чочи куҳан Юнусҳоҷӣ, ки дар асри XIX дар корҳои ободонӣ, барпои боғу токзорҳо,  сарҷамъсозии аҳолӣ дар маҳалҳо хидмати босазо карда буд, гузошта шуд. 
Зилзилаи соли 1966 ба ин қисмати Тошканди азим низ осеби калон расонд.
Барқарорсозие, ки оғоз ёфт, соли 1968 суръати тоза гирифт. Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳудуди 700 ҳазор кв.м. манзилҳои нави бисёрошёна сохта шуданд.
Соли 1985 дар Юнусобод телеманораи дар Осиёи Марказӣ баландатрин (375 метр) ба истифода супурда шуд. Соли 1997 боғи нави ҳайвонот дар ҳудуди 23 гектар барпо гашт. Алҳол дар зоопарки типи замонавӣ 415 навъ ҳайвонот парвариш меёбанд, миқдори умумиашон аз 3 ҳазор мегузарад. 
Дар ноҳияи Юнусобод алҳол 5302 корхонаву ташкилот фаъолият мебарад.
Аз ҷумла, 390 корхонаи муштарак маҳсулоти хушсифат бароварда, пойтахтро ба бозорҳои берунӣ мепайванданд.
Талаб ба маҳсулоте, ки заводи вагонсозӣ, фабрикаи китобу журнал, корхонаҳои «Зенит-электроникс», «Новофарм плюс», «Азия-Силк», «Растр», «Супертекстил» мебароранд, берун аз ҷумҳурӣ низ меафзояд.
Юнусобод бо ҷойҳои таърихӣ, қадамҷойҳои  муқаддас, иншоотҳои замонавӣ, масканҳои истироҳатӣ, айни замон, диққатҷалбкунанда мебошад. Дар кӯчаҳои ноҳия ба хориҷиён низ дучор меоед, ки барои зиёрат ё саёҳат, коршиносию тиҷорат омадаанд. 
Дар барномаи инкишофи маҷмӯии ноҳияи Юнусобод, ки барои солҳои 2021-2022 таҳия гардидааст, хусусан, тараққӣ додани саноат мадди назар аст. Хидматрасонӣ, айни замон, аз масъалаҳои муҳим. 141 лоиҳаи калон ва миёнаи сармоявӣ, ки арзиши умумиашон 14,4 триллион сӯмро ташкил менамояд, маҳз баҳри равнақи саноату хидматрасонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи онҳо бевосита азхуд карда шудани 936 миллион доллари ИМА ба  нақша гирифта шудааст.
Чун дар дигар ҷойҳо дар ҷамоатҳои шаҳрвандии маҳаллоти ноҳия мушкилот вобаста ба шуғл мавҷуд ва  имкониятҳо дар ин самт омӯхта мешаванд. Бо истифода аз имконоти дохилӣ ва ҷалбсозии сармояи хориҷӣ ташкил кардани саҳл кам 8 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша дароварда  шудааст. Ташаббусҳои ҷавонон  дастгирии соҳибкорӣ – пуштбонӣ, бо татбиқи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» рушди тиҷорати оилавӣ ва хонакорӣ аз вазифаҳои  муҳим қарор гирифтааст. Як миллиард сӯме, ки аз ҳисоби Бунёди кӯмак ҷудо гашт, баҳри ривоҷи соҳибкорӣ ва таъмин бо шуғл равона мегардад. Интизор меравад маҳз бо мадади молиявии Бунёди зикршуда 260 нафар бекорон дар ноҳияи Юнусобод ба шуғл фаро  гирифта шаванд. 
Бо пурра ба кор андохта шудани хати метрои Юнусобод дар шафати бозори деҳқонии ноҳия ва гирду атрофи «Универсам» ободонӣ ва хуррамсозӣ суръат ёфт, кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш куллан симои худро тағйир дод. Он тавре васеъ гашт, ки дар як вақт 8 автомобил баробар ҳаракат карда метавонад. Аз таъмири пурра баровардани боз 86 кӯча дар ноҳияи Юнусобод дар барномаи инкишофи маҷмӯӣ номнавис шудааст.
Маълум, ки баҳри омӯзонидани касбу ҳунар ба ҷавонон мақомоти меҳнат чораҳои мушаххас меандешад. Бо роҳхати ин мақомот 600 нафар ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Дар ҷамъомади фаъолони ноҳияи Юнусобод, ки бо иштироки Президент, ҳокимони ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони секторҳо баргузор гардид, раисон ва фаъолони маҳаллаҳо аз бобати норасоиҳо низ ҳарф заданд. Гуфта шуд байни биноҳои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои  «Янгибоғ» ва «Янгиобод» корхонае мавҷуд, занону духтарони ин ду маҳалла ва дигар маҳаллаҳои атроф дар он кор мекунанд, вале ин 5-6 моҳ давом мекунаду бас. Коргоҳ фаъолияти худро қатъ кардааст. Баъди чанде аз нав корҳои дӯхтудӯз сар мешаванд, вале дере нагузашта корҳо боз қатъ ва коргарон бекор мемонанд. Дар ду-се соли охир ин чанд бор такрор ёфт. Хуб мешуд мушкилот омӯхта ва фаъолияти муттасил дар ин ҷо ба роҳ гузошта шавад, занону духтарон сарсон нагарданд.
Дар масъалаи баробарии гендерӣ, таъмини ҳарҷонибаи ҳуқуқи бонувон, ҷалбсозии онҳо ба корҳои роҳбарию идорасозӣ низ Президент баромади ҷолиб намуд. 
Воқеан ҳам мард ба масал шоҳ бошад, вазири дасти рости ӯ – зани оқила. Юнусоҳоҷӣ, ки ба номаш гузошта шудани яке аз қисматҳои шаҳрро гуфтем, Шамсиқамар ном ҳамсари хуштадбир дошт, вай баробари шавҳар меҳнат мекард, дар азхудсозии майдонҳои мавзеъҳои Чинобод, Чоштепа ва Оқтепа, васеъсозии роҳҳо, кандани ҷӯйборҳо, барпои қалъа ва корвонсаройҳо саҳм мегирифт. 
Ӯву шавҳараш Юнус аз Себзор, Тахтапул, Катта Бузург ва дигар даҳаҳо оилаҳои ночорро кӯчонда оварда, хонаву ҷой сохта дода, қитъаҳои замин ҷудо карда, гов ва гусфанд туҳфа намуда, барои боғдорӣ ва чорвопарварии шаҳрванд имконият фароҳам меоварданд. 
Зану шавҳар ёфту даромади худро бо ночорҳо баҳам медиданд. Соли 1851 бо кӯмаки бевоситаи онҳо 12 тӯйи арӯсӣ, 7 тӯйи суннатии оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Аз ҳамон вақт сар карда дар иди Наврӯз ош додан, ба фақирон ҳадяҳо додан, бекас ва барҷомондаҳоро хабар гирифтан дар ин ҷо ба анъана даромад. Ҳар иди баҳор 2 барзагов, 10 гӯсфанд мекушонд Юнусҳоҷӣ, хайрияҳо ташкил мекард.
Юнус соли 1897 дубора ба зиёрати ҳаҷ рафт. Бемор гашт. Ҳамроҳонаш Қамбар ва Деҳқонбой бе ӯ ба Тошканд баргаштанд. Васиятномаеро, ки ҳоҷӣ ба Шамсиқамар навишта буд, расониданд. Хабари  нохуши «Юнусҳоҷӣ аз олам гузаштааст» барқвор паҳн шуд. Халоиқ, гуфт фаъоли маҳалла Солеҳхон. Аз нек боғ, гуфтаанд. Аз Юнусҳоҷӣ чӣ монд? Номи нек ва ватани обод, гуфтанд ҷамъшудагон. Аз ҳамин рӯз эътиборан ин ҷоро Юнусобод ном гузорем, чӣ мегӯед? Холдорбобо ном мӯйсафед: «Ин ҷойҳо ҳақиқатан Юнусобод!» гуфт бо овози баланд.
Имрӯз як маҳаллаи ҷудогона не, яке аз калонтарин ноҳияҳои Тошканд Юнусобод ном гирифтааст. Юнусобод боз ҳам ободтар мешавад.

М. ШОДИЕВ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: