Кайҳоннаварди аввалин чандин бор ба ҷумҳурии мо омада, аксаран бо ҷавонон, баъзан бо арбобони фарҳанг, адабиёт ва санъати Ӯзбекистон вомехӯрд, мулоқот мекард.
Кайҳоннаварди аввалин чандин бор ба ҷумҳурии мо омада, аксаран бо ҷавонон, баъзан бо арбобони фарҳанг, адабиёт ва санъати Ӯзбекистон вомехӯрд, мулоқот мекард. Алҳол аз ин хусус сухан гуфтан бамаврид аст, зеро ба парвози нахустини инсон ба фазо 60 сол пур мешавад. Аллакай ҳамон вақт, 12 апрели соли 1961 номи ӯ дар тамоми сайёра маълуму машҳур гардид. Юрий Гагаринро дар ҷараёни сафарҳои оламшумул ва вохӯриҳояш дар қитъаҳои гуногуни олам барҳақ «нахустшаҳрванди коинот» меномиданд. Бояд таъкид кард, ки ӯро ҳам шахсони аввал – котибони генералӣ, президентҳо, шоҳон, сарвазирон ва ҳам шаҳрвандони қаторӣ ба мулоқот даъват мекарданд. Ҳатто боре ба Гагарин аз ворисони кошифи аввалини Амрико даъватнома расид, ки ба ӯ боз як исми нав – «Колумби кайҳон» ном доданд.
Кайҳоннаварди рақами 1-ум солҳои 1961 ва 1968 ба Ӯзбекистон омадааст. Дар ин бобат филмҳои мустанад, журналҳои синамоӣ, фонограмма ва суратҳое, ки онҳоро метавон аз бойгониҳои давлатии Ӯзбекистон ва Русия пайдо кард, шаҳодат медиҳанд. Хотираи Гагарин дар бойгониҳои оилавии шаҳрвандони оддӣ низ эҳтиёткорона нигаҳдорӣ мешавад. Бори аввал Юрий Гагаринро (якҷо бо ҳамсараш Валентина) моҳи декабри соли 1961 дар аэропорти Тошканд роҳбарони ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ бо сарварии Шароф Рашидов ва намояндагони ҷамъиятӣ истиқбол карда буданд. Ин таваққуфи кӯтоҳмуддати фазонавард ҳангоми сафараш бинобар хатсайри Ҳиндустон – Сейлон – Афғонистон, ҳамчунин ҳангоми бозгашташ ба Маскав буд.
Баъдтар Юрий Алексеевич ба кишвари мо барои ширкат дар анҷуманҳои мухталифи ҷавонон ва илмӣ омад. Ҳамчунин ӯро дар мавзеи Чилонзор истиқбол намудаанд, ки он замон дар ин ҷо лагери тобистонаи истироҳатии пионерон барои фарзандони ноширон ва журналистони пойтахт амал мекард. Ин ҷо қайд мекунем, ки аллакай ҳамон вақт лагери мазкур номи фазогири нахустинро гирифта буд.
Сипас сафарҳои хотирмони ӯ ба Мирзочӯл, водиҳои Фарғона ва Зарафшон сурат гирифтанд, дар он ҷойҳо Гагарин бо ирригаторҳо, деҳқонон, коргарон, олимон, лётчикҳо, адибону рассомон, донишҷӯёну хонандагони мактабҳо мулоқот дошт. Дар суратҳо ҳамчунин лаҳзаҳое, ки Гагарин дугоникҳои дар рӯзи таърихӣ – парвози нахустин инсон ба дунё омадаро навозиш мекард, тасвир ёфтаанд. Гашту гузори Гагарин дар кӯчаҳои Тошканд, баромади ӯ аз минбари анҷуманҳои ҷавонон низ дар суратҳо акс ёфтаанд, ки дар онҳо аксаран ӯ дар либоси ҳарбӣ буд. Кайҳоннаварди аввалин дар ҷамъомади ҷумҳуриявии пахтакорон – механизаторони ҷавон бо сару либоси оддӣ иштирок кардааст.
Баъд аз чандин даҳсолаҳо моҳи марти соли 1991 ба муаллифи ин сатрҳоро имконияти иштирок дар ҷашни Наврӯз, ки дар шаҳраки Звезднийи назди Маскав баргузор шуда буд, фароҳам омад. Оре, дар ин ҷашн намояндагони Ӯзбекистон, ки бо таомҳои ӯзбекӣ, меваву сабзавоти кишвари офтобии мо иштирок карданд, меҳмонони азиз буданд. Дар хотир дорам, шабнишинии идона ба вуқӯъ пайваст, дар он ҳам собиқадорони ҷанг ва ҳам фотеҳони кайҳону самонавардони минбаъда иштирок доштанд. Дар байни онҳо ҳамватани мо – ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Владимир Ҷонибеков ва дар он замон лейтенанти калон Солеҳҷон Шарифов, ки ҳоло Қаҳрамони Русия ва Қаҳрамони Қирғизистон низ буданд. Пас аз таҷлили Наврӯз мо якҷо бо ҳамкори тошкандии худ Виктор Чиркин дар хонишҳои гагаринӣ, ки дар зодгоҳи кайҳоннаварди нахустин – деҳаи Клушинои вилояти Смоленск баргузор шуд, ширкат ҷустем. Маҳз дар ҳамон ҷо мо дар бораи кӯдакӣ ва солҳои наврасии Гагарин аз забони бародари ӯ Валентин маълумот гирифтем. Бояд гӯям, ки Валентин Гагарин дар маросими кушоиши ҳайкали фазонаварди нахустин дар шаҳри Гагарини вилояти Ҷиззах иштирок карда буд.
Ҳамчун анъана дар соли ҷашнии парвози нахустин ба коинот 12 апрел намояндагони «Россотрудничество» ба пояи ёдгории Гагарин дар Чилонзор гулгузорӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷо кӯчае ба номи кайҳоннавард гузошта шудааст. Интизорӣ меравад, ки пас аз даҳ рӯз дар Ӯзбекистон ҳайати сернамоянда бо сарварии раиси Кумитаи мудофиаи Думаи давлатӣ Владимир Шаманов ба Ӯзбекистон меояд. Дар ҳайат қаҳрамонони ИҶШС ва Русия, авиасозон ва кайҳоннавардон хоҳанд буд.
Меҳмонони Маскав аз шаҳри Гагарини вилояти Ҷиззах, ки дар он ҷо кушоиши осорхонаи бузурги Кайҳоннаварди рақами якум пешбинӣ мегардад, боздид ба амал меоваранд.
Шаҳобиддин Зайниддинов.