«ЗАБОН ДАР ДАҲОН...»

Нутқ неъмати бебаҳои инсон аст, он як ҷиҳати фарқкунандаи байни одаму мавҷудоти дигар ба шумор меравад.

Нутқ неъмати бебаҳои инсон аст, он як ҷиҳати фарқкунандаи байни одаму мавҷудоти дигар ба шумор меравад. Мо фикри худро бо воситаи забон ифода мекунем. Забони беустухони моро сию ду посбон (дандон) ҳифз менамояд.
Дар адабиёти исломӣ ривояте ҳаст. Ҳар субҳ чун одам аз хоб мехезад, тамоми узвҳои дигари ӯ аз забон хоҳиш мекардаанд, ки: «Ту неку боандеша бош, вагарна бо як ҳарфу каломи ношоиста метавонӣ моро ба бало гирифтор кунӣ».
Забон, қатъи назар аз он, ки сию ду посбонаш ҳаст, ба ғайбат, дурӯғгӯӣ, манманӣ, ҳақорат, дашномҳои беҳаёёна майл дорад, зеро устухон надорад.
Ривояте мефармояд. Халифа Абубакри Сиддиқро дидаанд, ки забонашонро берун мекашанд. Чун сабаб мепурсанд, халифа ҷавоб додаанд: «Ин забон манро ба роҳи ҳалокат мебарад».
Мутафаккирони гузашта, адибону олимон барои тарбияи забон аз усулҳои гуногун истифода бурдаанд. Яке аз онҳо сукут кардан бошад, усули дигар кам, боандешаву мулоҳизакорона сухан гуфтан аст. Як иддаи одамон барои кам сухан гуфтан ба даҳонашон меваи хушк андохта мегирифтаанд.
Беҳуда нагуфтаанд: «Забон дар даҳон посбони сар аст». Аз ин рӯ, дар сухан гуфтан мулоҳизакор, дурандеш, ботамкину ором будан, санъати суханронӣ, хушсуханиро омӯхтану онро ба хурдон, наврасону ҷавонон ҳам омӯзондан зарур аст. Хабари нохушро ҳам метавон бо мулоҳиза, оромона ва бо суханҳои хушу мақбул расонид, то ки шунаванда асабӣ ва хашмгину маҳзун нашавад.
Фарқи шогирдони таълимгоҳҳои динӣ аз хонандагони таълимгоҳҳои дунявӣ он аст, ки суханронии толибилмони муассисаҳои динӣ хеле бомулоҳиза, бамаврид, ҷо ба ҷо, оромона, дилкашу ҷаззоб мебошад, онҳо ҳангоми суханронӣ ҳеҷ гоҳ як калимаро ду бор такрор намекунанд. Мутаассифона, аксар хатмкунандагони мактабҳои олӣ дар пеши аҳли маҷлис сухан ронда наметавонанд, ё дар мавриди баҳсу мунозира зуд асабӣ мешаванд, ки ҷойи мулоҳиза аст...

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи ЧУСТ.


ЗУДБОВАРӢ ГАРОН АФТОД
Фолбинҳои сохта дар ҳар давру замон одамони содаи ба сарашон мушкилӣ афтодаро фиребида, чун доғҳои ҷамъият ба назар намудаанд. Имрӯзҳо, мутаассифона, адади онҳо аз ҳарвақта зиёд. Ба доми ин тоифа ҷавононе низ меафтанд, ки замонавианд, зодаи шаҳр, вале дар содалавҳӣ гоҳо аз солхӯрдаҳои деҳотӣ мегузаронанд.
Шавкат ном ҷавони 31-сола ба лофу газофи Ситораи 32-сола бовар кард. Хост бо кӯмаки ин «гарму хунук»-гари сохта дӯстдоштаи ранҷидаашро баргардонад. Фолбинҳо 50 ё 100 ҳазор сӯм пурсиданашон мумкин, вале чун Ситора ҳис кард, ки Шавкат аз бойбачаҳо, 3 ҳазор доллар талаб намуд.
Шавкат фиреб хӯрдани худро пай бурда, ба идораи ҳифзи ҳуқуқ маълум намуд. Шуъбаи тафтишоти додситонии шаҳри Бухоро фиребгарро ба даст афтонд.  Мувофиқи банди 168-уми Кодекси ҷиноӣ (фиреб, сӯиистеъмол аз боварии дигарон) инак, фолбини сохта ба кирдори худ ҷавоб медиҳад. Вале баргардондани 3 ҳазор доллар ба бойбачаи содалавҳ осон мекӯчида бошад?

А. АМРУЛЛОҲӢ.

 


ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.

Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи шоир фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Оташи шавқ» ниҳодем  ва онро ҳамроҳ бо шарҳи фолаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» ба хонандагони азизи «Овози тоҷик» пешкаш менамоем. 

Оташи шавқ

Моро зи хаёли ту чӣ парвои шароб аст,
Хум гӯ сари худ гир, ки хумхона хароб аст.

Гар хамри биҳишт аст, бирезед, ки бе дӯст,
Ҳар шарбати азбам, ки диҳӣ айни азоб аст.  

Бедор шав, ай дида, ки эмин натавон буд,
З-ин сели дамодам, ки дар ин манзили хоб аст.

Маъшуқ аён мегузарад бар ту, валекин,
Ағёр ҳамебинад аз он баста ниқоб аст.

Гул бар рухи рангини ту то лутфи арақ дид,
Дар оташи шавқ аз ғами дил ғарқи гулоб аст.

Сабз аст дару дашт, биё, то нагузорем,
Даст аз сари обе, ки ҷаҳон ҷумла сароб аст.

Дар кунҷи димоғам маталаб ҷойи насиҳат,
К-ин гӯша пур аз замзамаи чангу рубоб аст.

Ҳофиз чӣ шуд ар ошиқу ринд асту назарбоз,
Бас, таври аҷаб лозими айёми шабоб аст.

Комхоҳиҳои зиндагонӣ дар канори дӯст ва маъшуқ зебост, ки баҳрагирии комил аз лаззатҳои ин ҷаҳони фонӣ дар гарави ҳузури маҳбуб аст ва бар покбохтагон ва ошиқони ростин хӯрда наметавон гирифт, ки бе ёр чаро чунинанд.

Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: