ЗАБОН ДАР ДАҲОН ТАРҶУМОНИ ДИЛ АСТ...

Бо хидмати сафарӣ дар вилояти Ҷиззах ва Навоӣ шудам.

Одатан рӯзҳои сарди зимистон ба деҳаҳои кӯҳӣ хеле барвақт ҳукм мефармояд. Мардум аллакай ҷомаю либоси гарми зимистонаро ба бар кардаанд, аз мӯриҳои боми онҳо дуди кабудчатоб баромада, ба осмон паҳн мегардид. Чорво ва бузу гӯсфандон баргҳои тиллоранги дарахтонро, ки ба замин рехта буданд, бо талоши ба худ хос мехӯрданд ва тамошои ин манзара аҷиб буд...
Бо омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои деҳаи Порашт, Ӯхм, Моҷарми ноҳияи Фориш, Синтаб, Соб, Эҷ ва Сойихурди ноҳияи Нурато, бо фаъолони маҳаллаҳо доир ба маъракаи обуна суҳбат оростем. 
– Бори нахуст кӯдак аз аллаи модар, ки ба ҷисму ҷонаш оромӣ ва ҳаловат мебахшад, ғизои маънавӣ мегирад. Дертар баъди худро камтар шинохтан, волидон ба ӯ бо пойи рост қадами аввалинро ниҳодан, бо дасти рост хӯроку нон хӯрдан, бо забони модарӣ ростгӯиву росткориро меомӯзонанд ва ин иқдоми некро муаллимон дар мактаб давом медиҳанд,– гуфт дар рафти суҳбат роҳбари мактаби миёнаи 49-уми деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато Боймаҳмад Ниёзов. – Рӯзномаи «Овози тоҷик» нашрияи ягонаи тоҷикзабонони ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То худамро мешиносам, рӯзнома ҳамроҳ, ҳамроз ва ҳамдарди ман аст. Тавассути рӯзнома аз сиёсати давлат, дӯстию ҳамкории он бо хориҷиён, панду андарзи бузургон, тарзи оиладорӣ, тарбияи фарзанд, пос доштани арзишҳои миллӣ ва қадр намудани забони ниёкон ҳамеша бархӯрдор мешавем. Чун ҳарсола ният дорем ба рӯзномаамон обуна шавем. 
Вақте бо мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Алишер Шокиров суҳбат оростем, ӯ таъкид намуд, ки дастгириву пойдории забон ба ҳамон халқ вобаста аст. Умед дорем дар маъракаи обуна зиёиён, омӯзгорон, хонандагон, фаъолони маҳаллаҳои ноҳияи Нурато, ки аксарият тоҷиконанд, фаъол иштирок мекунанд.
– Солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат ба дӯстиву бародарии миллатҳо, пос доштани забон ва арзишҳои миллии он роҳи васеъ кушода шуд. Дар қатори дигар миллатҳо тоҷикони ҷумҳурӣ низ баҳри фаровонӣ, ободӣ ва шукуфоии мамлакат саҳмгузор ҳастанд. Рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳамеша рӯи мизи кории ман аст. Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дар ҳар як шумораи он аз панду андарзҳои бузургон, эҷодиёти даҳонии халқ намунаҳо оварда шавад, оид ба ҳаёти ҷавонони боиқтидору фаъол бисёртар мавод рӯи саҳифаро бинанд, хеле хуб мешуд. Инчунин, мехоҳем дастурҳои методӣ кӯмакрасони омӯзгорон гардад, – фикру дархостҳои худро баён намуд омӯзгори мактаби миёнаи рақами 30-юми ноҳияи Нурато Очил Бозоров.
Очил шахсест хушчақчақу хушгуфтор. Ӯ ба муаллимон рӯ оварда гуфт, ки ба янгаю арӯсон як либоси қиматбаҳоро камтар хареду ба рӯзнома обуна шавед. Либос кӯҳнаю фарсуда мегардад, аммо ғизои маънавии рӯзнома ҳамеша бо мо мемонад.
Оре, Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Забон дар даҳон тарҷумони дил аст,
Сухан бар забон аз забони дил аст.

С.БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: