ЗАБОН – ИНТИШОРДИҲАНДАИ МАЪНАВИЯТИ ВОЛОИ МО

Давлатдории мо таърихи сеҳазорсола дорад.

Агар китоби бузурги «Авасто»-ро, ки 2700 сол қабл офарида шудааст, ба назар гирем, таърихи маънавиятамон низ ба дарозо мекашад. Агар аз навиштаҷоти рӯйисангии Ӯрхуну Энасой сарфи назар карда, танҳо ба намунаҳои адабиёти туркие, ки дар «Девони луғот-ит-турк»-и Маҳмуди Қошғарӣ ва «Қутадғу билиг»-и Юсуф Хос Ҳоҷиб такя кунем, мебинем, ки адабиёти хаттии мо таърихи ҳазорсола дорад.
Вале халқ аввал забон, баъд адабиёт меофарад.
Таърих гувоҳ аст, агар дар Ҷумҳурии Халқии Бухоро, ки солҳои 1920 – 1924 фаъолият дошт, забони туркӣ (ӯзбекӣ) эълон гардидани забони давлатиро ба назар нагирем, дар кишварамон то 21 октябри соли 1989 ба забони ӯзбекӣ ҳеч гоҳ мақоми давлатӣ дода нашудааст. Биноан, бояд ошкоро эътироф намуд, ки дар тӯли таърих забони сиёсии ӯзбек дар тасаввури имрӯзиаш ташаккул наёфтааст.
Дар қарни XV аз темуризодагон Ҳусайн Бойқаро ғояи таълифи асарҳои бадеиро бо забони туркӣ ба миён гузошт. Ба шоирони ӯзбек дар ин хусус супоришҳои даҳонӣ дода шуд. Худаш низ девони шеърҳои ӯзбекиашро тадвин намуд. Алишер Навоии бузург ин мақсади неку наҷибро олӣ ба амал татбиқ намуд. Аммо забони расмии давлати Хуросон, ки Ҳусайн Бойқаро идора мекард, забони форсӣ буд. Дар асрҳои баъдӣ анъанаи коргузории давлатӣ бо забони форсӣ-тоҷикӣ дар хонигариҳои Қӯқанду Хева ва аморати Бухоро идома пайдо кард.
Насли ҳамсоли мо гувоҳ аст, ки солҳои охири Иттифоқи собиқ, дақиқан то давраи соли 1989, қариб баромади ҳамаи онҳое, ки дар Ӯзбекистон бори роҳбариро бар дӯш доштанд, ҳуҷҷатҳои ҳизби комунистии  Ӯзбекистон ва ҳукумати ҷумҳурӣ аввал ба забони русӣ омода мегардиду баъд барои расонаҳои ахбори оммавӣ ба забони ӯзбекӣ баргардонда мешуд.
Солҳои 1976 – 1991 ба забони ӯзбекӣ навиштан ва дифоъ кардани рисолаҳои илмӣ манъ карда шуда буд. Олимон маҷбур буданд, ки диссертатсияҳои худро доир ба тадқиқи забон ва адабиёти ӯзбек ба забони русӣ нависанд. Ин кори пурмашаққат буд. Ҳол он ки аъзои шӯрои илмии ихтисосонидашуда ҳама ӯзбек буданд.
Шодравон Шароф Рашидов – нависандаи ӯзбек низ соле танҳо як маротиба, дар қурултойи ходимони хоҷагии деҳот, ки моҳҳои зимистон дар Қасри санъати Тошканд баргузор мешуд, бо забони ӯзбекӣ баромад мекард.
Гарчи дар аҳди шӯравӣ ба забони ӯзбекӣ ҷилд-ҷилд китобу асноди рӯҳияи сиёсидошта рӯйи чопро медиданд, қариб ҳамаашон аз забони русӣ тарҷума мешуданд. Ҳақиқати талх ин аст, ки дар таърихи ягон халқ танҳо тавассути тарҷума забони сиёсии воқеӣ ташаккул наёфтааст ва намеёбад.
Солҳои охири аҳди шӯравӣ, дақиқтараш солҳои 1985 – 1991, ки М. С. Горбачёв роҳбари давлат буд, ба таърих бо номи «бозсозӣ» ворид шуд. Ба шарофати оғоз ёфтани ошкорбаёнӣ ғояи забони давлатӣ эълон кардани забони миллате, ки қисми асосии аҳолиро дар ҷумҳуриҳои таркиби Иттифоқ ташкил медод, ба миён омад. Зиёиёни  миллат дар ҳар  як ҷумҳурӣ ин масъаларо ҳаллу фасл намуданд.
Албатта, сиёсати ҳоким алайҳи ин муборизаи шадид бурд. Баҳси доманадоре ба вуқӯъ пайваст. Баҳсу мунозира дар расонаҳои ахбори оммавӣ идома пайдо кард. Ӯзбекистон низ аз ин ҷараёнҳо дар канор намонд. 
Гурӯҳе бар он буданд, ки бояд забони давлатӣ забони русӣ бошад, онҳое низ кам набуданд, ки ба ҳар ду забон мақоми давлатӣ доданӣ мешуданд.
 Дар охир ҷонибдорони сиёсати давлатӣ тасмим гирифтанд, ки бигузор, забони далатӣ забони ӯзбекӣ бошаду забони русӣ воситаи алоқаи байни миллатҳо гардад.
 Дар чунин вазъи мураккабе, ки баҳсу мунозираҳо авҷ гирифта буданд, 23 июни соли 1989 Ислом Каримов роҳбари Ӯзбекистон таъин гардид ва нуқтаи назари роҳбарияти ҷумҳурӣ пешбарӣ шуд, ки он ғояи: «Дар Ӯзбекистон бояд ба забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дода шавад!» буд.
21 октябри соли 1989 қонуни қабулгардида «Дар бораи забони давлатӣ» иқдоми нахустин ва қатъие буд дар роҳи истиқлолияти ҷумҳурӣ.
4 октябри соли равон ба тасвиб расидани қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи васеъ таҷлил намудани 30-солагии қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» саҳифаҳои таърихи навини моро бори дигар пеши назар овард.
Боз як чизро бояд ошкоро эътироф намуд. Бо вуҷуди ба забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ додан, агар ҷумҳурӣ истиқлолияти давлатиро ба даст намедаровард, пояҳои забони давлатӣ устувор намемонд. Зеро барои амалкарди воқеии забони давлатӣ бояд бо ин забон сиёсати давлатиро амалӣ гардонд. Биноан, ба фикри мо, сӣ соли ба забони модариамон мақоми давлатӣ додашударо ба ду давра бояд ҷудо кард. Якум – давраи амалкарди забони давлатӣ аз 21 октябри соли 1989 то 31 августи соли 1991, дуюм – давраи амалкарди забони давлатӣ дар тӯли солҳои истиқлолият.
Дар соли дуюми истиқлолиятро ба даст даровардани мамлакатамон Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардид. Дар моддаи чоруми он омадааст:
«Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекист.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забон, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди он будубош доранд, арҷ мегузорад ва ба рушди онҳо шароит фароҳам меоварад».
Ин мавқеъгирии воқеии демократист. Зеро Ӯзбекистон ҷумҳурии сермиллат мебошад. Дар он беш аз 130 намояндагони миллату халқиятҳо умр ба сар мебаранд.
Пайдост, ки дар мамлакат ба моддаи 4-уми Конститутсияамон қаъӣ амал карда мешавад.
Якум, дар ҳамаи мактабҳое, ки таълим ба 7 забон роҳандозӣ шудааст, забони давлатӣ омӯзонда мешавад. Забони давлатӣ дар мактабҳои ӯзбекӣ чун забони модарӣ, дар мактабҳои қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ бошад, ба сифати забони давлатӣ таълим дода мешавад.
Дуюм, ин ҷо бояд ба як нуктаи нозуку муҳим рӯйи эътибор гардонд. Созмони Милали Муттаҳид ба шаш забон – арабӣ, англисӣ, испанӣ, русӣ, франсузӣ ва хитойӣ мақоми байналхалқӣ додааст. Дар ҳамаи мактабҳое, ки таълим ба 7 забон бурда мешавад, яке аз ин 6 забон – забони русӣ таълим дода мешавад. Забони русӣ дар мактабҳои русӣ чун забони модарӣ, дар мактабҳои ӯзбекӣ, қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ ва туркманӣ бошад, ба сифати забони русӣ таълим дода мешавад. Ба ҷуз ин, дар ҳамаи мактабҳои таълими ҳамагонии мамлакат забонҳои хориҷӣ низ омӯзонда мешавад. Бад-ин тариқ, дар мактабҳои ӯзбекию русӣ 3 забон, дар мактабҳои қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ ва туркманӣ бошад, 4 забон таълим дода мешавад.
Барилова, намояндагони миллату халқиятҳои дигар ҳуқуқ доранд, ки забони  модариашонро дар мактабҳо тавассути мушғулотҳои беруназсинфӣ омӯзанд.   
Дар тӯли солҳои истиқлолият забони ӯзбекӣ ба забони воқеии сиёсат табдил ёфт. Дар аҳди шӯравӣ забони сиёсии ӯзбекӣ забони тарҷума буд. Зеро ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар маркази собиқ ба тасвиб мерасиданд, матни баромаду маърӯзаҳо, ахбори аҳамияти сиёсидошта филфавр ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда мешуд. Ҳоло бошад, забони давлатӣ забони сиёсист. Ҳар як ҳуҷҷате, ки  дар байни давлати мо ва дигар давлат ба тасвиб мерасад, бо се забон: бо забони давлатии мо, бо  забони давлатии кишвари ҳамкор ва яке аз забонҳои байналхалқӣ ба тасвиб мерасад.
Дар тӯли солҳои истиқлолият забони нави дипломатии ӯзбек ташаккул ва такомул ёфт. Дар баробари афзудани нуфузу обрӯйи мамлакатамон дар арсаи байналхалқӣ, таваҷҷӯҳи хориҷиён ба забони давлатӣ пурзӯр мегардад. Забони ӯзбекӣ дар муассисаҳои таълими олии ИМА, Ҷопон, Олмон, Корея, Хитой,  Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо омӯзонда мешавад. Дар беш аз 70 муассисаи таълими олии Туркия забони ӯзбекиро меомӯзанд. Зеро дар соҳаҳои мухталифе, ки бо мо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд, мутахассисоне лозиманд, ки забони ӯзбекиро медонанд.
Халқи мо зурбулмасале дорад, ки ин аст: «Харбуза аз харбуза ранг гирад». Бо мурури солҳо тавассути забони муқаддасамон маънавияти волои мо ба сартосари олам интишор хоҳад ёфт. Мо халқе ҳастем, ки аз қадим чароғи хиради ниёгони бузургамон торикии зеҳнҳоро равшан кардааст. Онҳо мояи ғуруру ифтихори моянд.
Бале, дар забон дили миллат, дар дили забон бошад, маънавияти волои ӯ нуҳуфтааст.

Султонмурод ОЛИМ,
номзади илмҳои филологӣ, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: