ЗАБОН — КАЛИДИ ДАРИ ИЛМУ ДОНИШ

Инсон, вақте ба дунё меояд, то ба синни балоғат меваи норасидаро мемонад.

Инсон, вақте ба дунё меояд, то ба синни балоғат меваи норасидаро мемонад. Яъне, дар ин фосила ба таълиму тарбия ниёз дорад. Дар шеъри шоирони қадим мо баъзан ба вожаи «дудар» вомехӯрем, ки ишора ба ду дари хонаи дунё бошад. «Юсуф Одилхон ва Фатҳуллоҳи Имод... ба аҷали табиӣ аз ин дудар рахти сафар барбаста» (Аз «Таърихи Фаришта»). Ба таври дигар гӯем, дар саҳифаи китоби ҳастӣ ду нуқта вуҷуд дорад: яке нуқтаи таваллуд, дигаре нуқтаи марг. Одам дар фосилаи байни ҳамин ду нуқта бояд донишу таҷрибаҳоеро, ки аз Одаму Ҳавво ба мерос мондаанд, биомӯзад, зиндагиашро дар чаҳорчӯбаи ахлоқи ҳамида ба роҳ монад...
Дар ҳамаи давру замонҳо барои ба насли ҷавон омӯзонидани илмҳо мактабҳои гуногун арзи вуҷуд кардаанд. Онҳое, ки қиссаи «Мактаби куҳна»-и Устод Айниро хондаанд, дар бораи муассисаҳои таълими ибтидоии аҷдоди дуру наздикамон тасаввуроте доранд. Дар зимистон роғҳои равзанаи ба тиреза монанди хонаи сарду нимарӯшани мактаби куҳнаро бо коғазу картон ширеш мекарданд...
Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ барин нобиғагони илму адаб парвардаи мактабу мадрасаҳои куҳнаанд. Аҷобаташ дар он аст, ки кас дар осори камистеъдодтарин шоирону нависандагони пешина як нуқси забонӣ намеёбад... 
Дар муассисаҳои таълимии фароху рӯшан, бо таҷҳизоти гармидиҳӣ, асбобҳои аёнӣ ва воситаҳои техникӣ муҷаҳҳази имрӯзаи мо, мутахассисони «баландмалака» тибқи технологияҳои пешқадами педагогӣ ба толибилмон асосҳои илмро меомӯзанд. Намедонам, дигарон дар чӣ андешаанд, вале мани носипос бар онам, ки механизми таълиму тарбия дар мактабҳои хонаҳояшон фароху рӯшани мо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Чунин ба назар мерасад, ки ҷавонон асосҳои илмро комилан аз худ карда натавониста истодаанд. 
Мегӯянд, ки забон калиди дари ҳамаи фанҳост. Зеро ҳама гуна матлабу маънӣ бо забон ифода меёбад. Хабарам нест, ки дар дигар мактабҳои миллии мамлакат таълими фанни забон дар кадом поя қарор дорад, вале нек медонам, ки аксарияти хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ, баъзе омӯзгорони забон ва адабиёт низ, аз ӯҳдаи дар доираи забони меъёрии (адабӣ) тоҷикӣ матлаби худро ифода кардан, ба сари худ ариза, тарҷумаи ҳол, нақли хаттӣ ва иншо навиштан намебароянд. Пас, маълум мешавад, ки онҳо асоси дигар фанҳоро низ басе сатҳӣ аз худ менамоянд.
Мавҷудияти мактабҳои миллӣ, аз ҷумла мактабҳои тоҷикӣ, бешубҳа, дар пиёда гардидани сиёсати миллии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёде, ки мо месозем, нақши муҳим дорад. Дар моддаи 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфта шудааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон забон ва урфу одатҳои миллату халқиятҳоеро, ки дар қаламрави он ба сар мебаранд, эҳтиром менамояд, ба рушди онҳо шароит фароҳам меоварад». Намедонам, дигарон аз ин модда чӣ мегиранд. Вале инҷониб, баъди фурӯ рафтан ба он натиҷа гирифтам, ки эҳтироми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забон ва урфу одатҳои миллату халқиятҳои ғайриӯзбек дар таъмини мактабҳои миллӣ, аз ҷумла мактабҳои тоҷикӣ, бо кадрҳои босаводу баландмалака ва самарабахшии таълиму тарбия зоҳир мегардад... Зеро насли ҷавон ҳама чиз: забон, урфу одат ва асосҳои илмро дар мактаб меомӯзад. Агар мактабҳо ба ҳоли худ гузошта шаванд, ба рушди забон ва урфу одатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам намеояд.
Камина даҳ сол собиқаи омӯзгорӣ дорам. Вале тӯли даҳсолаҳои зиёд дар ёдам нест, ки дар байни хонандагони мактабҳои тоҷикӣ, бигирем, озмуни ҷумҳуриявии бо номи «Беҳтарин донандаи забони адабии тоҷик» баргузор шуда бошад. Ҳол он ки мутахассисони соҳа бисёр хуб медонанд, ки рағбатноксозии хонандагон бобати аз худ кардани асосҳои илм нақши калидӣ мебозад. Ногуфта намонад, дар қатори дигар фанҳо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик низ олимпиада баргузор мешавад. Аммо бо як олимпиада кор буд намешавад.
Хишти аввал гар ниҳад 
меъмор каҷ,
То ба охир меравад 
девор каҷ.
Ин байт ҳушдор медиҳад, ки бисёр иллатҳо, аз ҷумла изофанависӣ аз мактабҳо шурӯъ мешавад. Як пеши назар оред: омӯзгор сабақҳои ба хонандагон додаву надодаашро дар журнали синф қайд менамояд. Магар ин изофанависӣ нест? Сарфи назар аз он ки хонандаҳо аз ӯ чизе гирифтанд ё на, дар охири моҳ маошашро пурра мегирад. Касе аз ӯ намепурсад, ки: «Эй бародар ё хоҳар, чаро  ҳама кори ту «олӣ» асту мағзи бачаҳо холӣ?»...!
Боиси шукргузорист, ки дар Ӯзбекистон бо забони меъёрии форсии тоҷикӣ рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик», нашрияи вилоятие бо номи «Овози Самарқанд», нашрияи хусусии «Ховар» ва чанд рӯзномаи ноҳиявӣ интишор меёбанд. Вале хонандагон, донишҷӯён ва баъзе шаҳрвандон, ба сабаби суст будани пояҳои таълими забон дар таълимгоҳҳои тоҷикӣ шиква мекунанд, ки забони басе соддаи нашрияҳои тоҷикӣ душворҳазм аст. Ба фикрам, дар асл ин шикояти онҳо ба моддаи 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тааллуқ дорад, ки қисман ба амал татбиқ мегардад. Бояд гуфт, ки баъзе зиёиёни бузургсол низ дар он ақидаанд, ки забони матбуоти тоҷик душвор аст. Боре як зиёии тоҷик аз душвор будани забони матбуоти тоҷик сухан ба миён овард. Вақте ба ӯ гуфтам: «Ту ҳар рӯз ба сифати як тоҷик барои омӯхтани забони меъёрии  худ чӣ миқдор вақт сарф менамоӣ?» Магарам ин суолро мунтазир набуд, ки як андак саросема шуд. Ба фикрам, ӯ ва ӯ баринҳо намедонанд, ки дар забони меъёрии тоҷик ҳамагӣ 100 ё 150 калимаи душворҳазм мавҷуд аст. 
Бовар кунед, агар гӯянд, ки яке аз шартҳои ба курсии мансаб нишастан донистани забони адабии тоҷикӣ аст, ҳамонҳое, ки мегӯянд забони меъёрии тоҷикӣ душвор аст, онро дар муддати хеле кӯтоҳ бо тамоми нозукиҳояш меомӯзанд ва ба фарзандонашон низ бехгӯшӣ мекунанд, ки ин забонро, ки нон медиҳад, амиқ биомӯзанд... Тоҷикеро медонам, ки барои омӯхтани забонҳои русиву англисӣ вақту маблағи зиёдеро ба харҷ додааст, вале ин бенангу шараф мегӯяд, ки забони басе соддаи «Овози тоҷик» душвор аст. Шояд забони меъёрии тоҷикӣ ҳеч душворие надораду омӯхтани он ба ӯ нон намедиҳад?
Аз асри IX то охири садаи XIX забони форсии тоҷикӣ дар қисмати зиёди Осиёи Марказӣ мақоми давлатӣ дошт. Аксарияти қарору фармонҳои ҳукмдорон, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, бо ин забони шевою муқтадир ба тасвиб мерасид. Ақвоми ғайритоҷик бо ин забон адабиёт офаридаанд, корҳои илмӣ анҷом додаанд. Кам касон медонанд, ки рисолаи «Таърихи Бухоро»-и ҳукмдори охирини Бухоро — амир Олимхон бо забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Барилова, сулолаи манғитиёни Бухоро забони форсии тоҷикиро беҳтар аз забони модарии худ донистаанд.
Дар Ӯзбекистони кунунӣ миллату халқиятҳои зиёде умр ба сар мебаранд. Аз ҷумла, тоҷикон расман беш аз 1,5 млн. нафар нуфус доранд. Ин миллату халқиятҳо ҳоло амиқ дарк кардаанд, ки дар қаламрави мамлакат забони давлатӣ забони ӯзбекӣ мебошад. Яъне, онҳо бояд забони ӯзбекиро хуб донанд. Вале ин маънои онро надорад, ки забон, урфу одат ва арзишҳои миллиашонро хуб надонанд, фарзандонашон асосҳои илмро аз худ накунанд... 
Ҳар мушкиле роҳи ҳалли худро дорад. Фикр мекунам, агар ба моддаи 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон як андак тағйирот ворид карда шавад, мушкили ақаллиятҳои миллӣ осон мешавад. Масалан, он бад-ин тарз таҳрир карда шавад: «Забони давлатии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон забон ва урфу одатҳои миллату халқиятҳоеро, ки дар қаламрави он ба сар мебаранд, эҳтиром менамояд, ба рушди онҳо шароит фароҳам меоварад. Шахсоне, ки забон, урфу одат ва анъанаҳои ақаллиятҳои миллиро ҳурмат намекунанд ва ба ривоҷашон роҳ намедиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд». Бояд гуфт, ки дар ин таҳрир моддаи мазкур бетағйир монд, танҳо ба он ҷумлаи охирин: «Шахсоне, ки забон, урфу одат ва анъанаҳои ақаллиятҳои миллиро ҳурмат намекунанд ва ба ривоҷашон роҳ намедиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», илова гардид.
Ин тағйироти ҷузъӣ дар моддаи мазкур миллату халқиятҳои ғайриӯзбеки ҷумҳуриро ҳушдор медиҳад, ки дар баробари арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, забони модарӣ ё меъёрии худро хуб донанд.
Тӯли се соли охир, бо ибтикороти сарвари мамлакат, дар соҳаи таълими халқ низ ислоҳоти тақдирсоз доман густурд, дар мактабҳои миёна таълими 11-сола ҷорӣ карда шуд. Умед аст, ки солҳои наздик ин дигаргуниҳои ҷиддӣ дар мактабҳои миллӣ низ меваҳои ширин ба бор меоваранд.

 А. СУБҲОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: