Дар мактаби мо таҳти ҳамин ном семинари вилоятии забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар он аз 47 мактаби вилоят беш аз 60 нафар омӯзгорони забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷик иштирок карданд.
Умедворам, ки дар ҳамаи мактабҳо муносибат нисбати таълими забони давлатӣ беш аз пеш беҳбуд меёбад ва ҳама дастҷамъона дар тарғибу ташвиқи он саҳми худро мегузорем, – гуфт директори мактаб Зебо Маҳкамова.
Дар идомаи семинар омӯзгорони забони давлатӣ ба иштирокчиёни семинар доир ба паҳлӯҳои гуногуни забони давлатӣ ва оммавӣ гардонидани кору фаъолияти омӯзгорони соҳибтаҷриба ибрози назар карданд.
Яке аз хусусиятҳои хоси баргузор кардани семинари вилоятии забони давлатӣ ва забон ва адабиёти тоҷик маҳз дар мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен аз он маншаъ гирифт, ки он яке аз мактабҳои калонтарини тоҷикӣ дар вилоят ба шумор меравад. Дар он омӯзгорони зиёд кору фаъолият мекунанд ва таълиму тадриси забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷик низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Ин маъниро иштирокчиёни семинар дар дарсҳои кушоди омӯзгорони мактаб Фирӯза Маъруфова ва Рухшона Абдуқодирова даромада диданд ва ба ин эътимод ҳосил карданд. Фирӯза Маъруфова дар синфи 9-ум дар мавзӯи “Фаъолияти илмии устод Садриддин Айнӣ” дарси кушод гузаронд. Ин дарси кушоди ӯ сазовори пазироии гарми иштирокчиёни семинар қарор гирифт. Ҳамчунин, дар семинар аз тавсияҳои омӯзгорони забон ва адабиёти модарии мактаби рақами 7 ва мактаб-интернати давлатии махсуси шаҳр Раъно Эсонова ва Ҳафиза Ҳабибуллоева хеле хуб пазироӣ карда шуд.
Баъд бахшида ба 30-солагии мақоми давлатӣ касб намудани забони ӯзбекӣ таҳти унвони “Забон пайвандгари дилҳост” намоишномаи бадеӣ-мусиқии гурӯҳи омӯзгорон ва донишомӯзони мактабамон рӯи саҳна намоиш дода шуд.
Омӯзгори забони давлатии мактаби таълими умумии рақами 5-уми шаҳри Олмалиқ Муқаддам Юлдошева изҳор намуд, ки таълим дар ин мактаби Ангрен ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, вале аксари донишомӯзони он ба забони давлатӣ хеле фасеҳу равон ҳарф мезананд. Ин ҳол ӯро хеле хушҳол намуд, барои ҳамин кӯшиш кард, ки аз таҷрибаи омӯзгорони он хеле баҳра бардорад.
Зайниддин ИБРОҲИМОВ,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 17, шаҳри Ангрен.