Забон – рамзи давлат, боигарии ҳар як миллат мебошад.
Имсол ба қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» 33 сол мешавад. Дар моддаи якуми он қайд гардидааст, ки забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ аст ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳтироми забон, урфу одат ва анъанаҳои ҳар як миллат ва халқиятеро, ки дар ҳудуди он умр ба сар мебаранд, таъмин менамояд.
Тавре ки маърифатпарвари бузург Абдулло Авлонӣ қайд кардааст: «Ойинаи зиндагонии ҳар як миллате, ки мавҷудияти ӯро дар ҷаҳон собит менамояд, забон ва адабиёти ӯ аст. Аз байн рафтани забони миллӣ аз байн рафтани рӯҳи миллат мебошад».
Забони ӯзбекӣ ғайр аз ҳудуди Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва Туркия паҳн шудааст.
Аз ҷиҳати лексикиву грамматикӣ ба забони уйғурӣ наздик буда, ба гурӯҳи забонҳои чиғатоӣ дохил шавад ҳам, дар он таъсири забонҳои форсу тоҷик ва арабӣ бештар ба назар мерасад.
Доир ба чунин хусусиятҳои забони давлатӣ дар маросими тантанавие, ки дар Донишгоҳи давлатии Бухоро бахшида ба ҷашни забон баргузор шуд, сухан ба миён омад.
Чорабинӣ аз маросими гулгузорӣ ба ҳайкали асосгузори ин забон Алишер Навоӣ оғоз шуд.
Тантанаҳои асосии ҷашн дар Маркази ҷавонони Бухоро баргузор шуд. Дар он доктори илмҳои филологӣ Байрамалӣ Қиличев ба иштирокдорон оиди таърихи ташаккулёбӣ, давраҳои рушд, ҳолати имрӯза ва истиқболи забони ӯзбекӣ маълумот дод.
Иштирокдорон аз барномаи бадеиву композитсионии «То ки забон абадист – миллат абадист» баҳраманд гардиданд.
Дар чорабинӣ мушовири ҳокими вилоят оиди масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавиву маърифатӣ Акбар Рустамов, расиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагон Шодмон Сулаймон, декани факултаи филологияи ДДБ Дилшод Раҷабов ва роҳбари шуъбаи вилоятии маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Марҳабо Пардаева дар хусуси корҳои таҳқиқотие, ки доир ба забони давлатӣ бурда мешавад ва корҳои маънавиву маърифатие, ки доир ба рушду нумӯи он амалӣ мегарданд, гуфта гузаштанд.
Инчунин, оид ба хидматҳои беназири шоиру нависанда ва донишмандон Юсуф Хос Ҳоҷиб, Аҳмад Югнакӣ, Насриддин Рабғузӣ, Атоӣ, Лутфӣ, Саккокӣ, Хоҷа Аҳмади Яссавӣ, Маҳмуди Қошғарӣ, Муниси Хоразмӣ, Заҳриддин Бобур, Аваз Ӯтар, Фурқат, Муқимӣ дар рушди забонҳои туркӣ, ба хусус забони ӯзбекӣ, маълумот пешкаш гардид.
Фирӯза РАҲМАТУЛЛОЕВА,
номзади фанҳои иқтисодӣ, устоди ДДБ.
Аслиддин АБДУЛЛОЕВ,
доктори фалсафа оид ба илмҳои иқтисодӣ.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.