ЗАБОН ВА ШЕВАИ БАЁНИ РАО

Баъди истиқлолиятро ба даст даровардани кишварамон, чун дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, дар бахши расонаҳои ахбори оммавӣ (РАО) низ дигаргуниҳо ба вуқӯъ пайвастанд.

Теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо ба маротиб афзуданд, шабакаҳои нави садою симо (телевизиону радио) боз гардиданд. Сатҳи мазмуну муҳтавои маводи чопӣ, шунавоӣ ва намоишӣ то ҷое баланд бардошта шуд, журналистикаи интернет арзи ҳастӣ кард.

Дар иловаи фармони Президентамон «Дар бораи Стратегияи амалиёт доир ба рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021» ба «пурзӯр намудани нақши расонаҳои ахбори оммавӣ, ҳифзи фаъолияти касбии журналистон» дар солҳои 2017-2021 рӯйи эътибор гардонда шудааст.
Матбуот, радио ва телевизион дар рушди иқтисодиёт, илму фан, фарҳанг, дар маҷмӯъ, ҳаёти иҷтимоӣ ҷойгоҳи худро доранд. РАО дар ташаккул ва инъикоси шуури иҷтимоӣ воситаи муҳим маҳсуб меёбанд.
Забон ва услуби маводи РАО бояд ба қонуну қоидаҳои забони адабии меъёрӣ такя кунад. Бо назардошти ин ҳама ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ташаббуси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва кафедраи «Сабкшиносӣ ва таҳрир»-и факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон конфронси VI анъанавии илмию амалӣ баргузор шуд.
Дар конфронс профессорону омӯзгорон, ходимони илмӣ, бакалавриату магистрантҳои факултет доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз баромад карданд.
Баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар навиштаҳо гоҳо ба хатоҳои имлоиву услубӣ роҳ дода мешавад, сарлавҳаи маводи интишордода ба мазмуну муҳтавои он мутобиқат намекунанд.
Хатоҳои имловиву услубӣ бештар дар матолиби интернет ба чашм мерасад, ки омодакунандаи онҳо низ журналистонанд.
Донишҷӯйи факултети журналистика ДМӮ Шерзод Маҳмудов доир ба мавзӯи «Забон ва услуби нашрияҳои ба варзиш ихтисосонида» баромад кард. Вай изҳор дошт, ки забон ва услуби баёни матолиби варзишӣ ва шореҳони соҳа таҷдиди назар мехоҳад.
Дар конфронс баромади журналисти собиқадор, сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» («Адабиёти ҷаҳон») Аҳмадҷон Мелибоев як навъи дарси маҳорат буд.
– Шеваи баёни журналистон яксон нест, ҳар кас ба дунёи ҳаводис аз равзанаи худ нигоҳ мекунад, – изҳор дошт ӯ. – Аз ин дидгоҳ журналист бояд услуби ифодаи худро дошта бошад. 
Вай дар рафти баромади хеш диққати аҳли нишастро ба аз рақамҳо моҳирона истифода бурдани журналистон ҷалб намуд. Бино ба фикри ӯ, факту рақамҳо дар навиштор нуқтаи такягоҳианд. Вале аз онҳо оқилона истифода бурдан ба ҷаҳонбинӣ ва маҳорати журналист вобаста аст.
Мисолан, дар кишваре аз бачаҳо суол кардаанд, ки меваҳои ситрусӣ бештар дар куҷо мерӯянд? 70 фоизи бачаҳо посух додаанд, ки дар супермаркетҳо мерӯянд.
Дар пурсиши иҷтимоие суол додаанд, ки «Дини ислом чӣ гуна дин аст?» Посух шудааст, ки он дини террористон аст. 
Факту рақамҳо решаи муаммоҳоро мекушоянд. Зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, забони бурро ва шеваи шево дар якҷоягӣ ба тавлиди маводи хонданӣ замина мегузоранд.
Конфронси мазкур иштирокдоронро водор намуд, ки ба соҳа бо диди нав қаробат ҷӯяд, дар зеҳну шуури онҳо андешаҳои навро бедор кунад.
Воқеан, имрӯз дар шеваи баён ва муҳтавои маводи журналистон бояд гардиши куллие ба амал ояд. Мо дар қарни XXI умр ба сар мебарем. Вале чунин ба назар мерасад, ки шеваи баён ва муҳтавои хабару мақолаҳоямон он қадар нав нест.
Мисолан, мо хабаре ба ин маънӣ менигорем: «Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Обод ба дарозии 10 километр қубури газ кашида шуд. Аҳолӣ аз ин користон мамнун аст». Вале пушти медалро ба хонанда нишон намедиҳем, ки кашидани қубури газ ва аҳолиро розӣ кардан вазифаи аввалиндараҷаи ҳокими ин ё он ноҳия аст. Ин «корнома» маҳсули исрору пофишориҳо ва ба боло муроҷиаткуниҳои мардум буд...
Дар поёни анҷумане, ки дар сатҳи Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус баргузор шуд, иштирокдорон дар баробари иброз доштани фикру мулоҳизаҳои худ доир ба ин ё он мавзӯи мавриди назар, изҳор доштанд, ки чунин гирдиҳамоиҳо ба рушди беш аз пеши журналистикаи ватанӣ мусоидат менамояд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: