Барои омӯзиши забонҳои гуногун омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернати мо низ саҳми сазовори худро ҳамроҳ менамоянд.
Барои омӯзиши забонҳои гуногун омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернати мо низ саҳми сазовори худро ҳамроҳ менамоянд. Дар мактаб Маркази забономӯзӣ вуҷуд дошта, дар он гурӯҳҳои англисӣ, русӣ, арабӣ, франсавӣ, немисӣ, корейсӣ амал мекунанд.
Вазифаи марказ аз оммавӣ кардани забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани самаранокии омӯзонидани онҳо, зиёд намудани шавқу завқи толибилмон оид ба омӯхтан ва донистани забонҳои хориҷӣ, доир ба маданият, санъат, фан ва ҳаёти иҷтимоии кишварҳои хориҷӣ баргузор сохтани тадбирҳои гуногуни ҷолиб иборат аст.
Барои ин дар ихтиёри хонандагон синфҳои васею барҳавои бо компутер ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидашуда мавҷуданд. Дар китобхонаи мактаб-интернат асарҳои чопӣ ва электронӣ, адабиёти бадеӣ, луғат, китобҳои дарсӣ ва услубӣ мавҷуд буда, хонандагон метавонанд аз онҳо истифода бубаранд. То имрӯз бо Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд, Донишгоҳи давлатии Намангон ҳамкориҳои доимӣ ба роҳ монда шудаанд.
Бовар дорем, толибилмоне, ки забони ӯзбекиро хуб медонанд, забонҳои дигарро низ зуд азбар карда метавонанд. Инкишоф додани дониши хаттӣ ва даҳонии хонандагон дар маркази диққат ва эътибори мо қарор дорад.
Бахшида ба ҳар як санаи таърихӣ ва иду тантанаҳо бо 7-8 забон ташкил кардани баромадҳои хонандагони мактаб-интернат ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳатто сафи онҳое, ки шеърро ба дигар забон тарҷума карда, худашон қироат мекунанд, низ меафзояд. Соли хониши 2018-2019-ум 27 нафар хатмкунандагони мактаб-интернати мо ба таълимгоҳҳои олии ҷумҳуриамон бо гранти давлатӣ қабул шуданд.
Шогирди мо Дилобар Маҳмудова дар марҳилаи ҷумҳурии «Китобхони ҷавон — 2019» бомуваффақият иштирок карда, соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Забономӯзӣ барои ҷавонони давр болу пари камолоти онҳо ба шумор меравад. Барои ба хориҷ баромадан омӯхтану донистани забон аз талаботи аввалин аст. Инро бояд нафақат омӯзгорону мураббиён, балки падару модарон ва фарзандони онҳо низ хуб дарк намоянд.
Гулчеҳра ҚАЮМОВА,
директори мактаб-интернати махсуси омӯзиши забонҳои
хориҷии ба номи Исҳоқхон Ибрати вилояти Намангон.