Ман зодаи шаҳри Андиҷон ҳастам.
Дар Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон таҳсил мекунам. Риштаи таҳсилам исломшиносӣ мебошад. Дар ин академия ба мо устодони зиёд дарс медиҳанд ва ин дарсҳо хеле ҷолибу завқоваранд. Дар баробари чанд забони хориҷӣ омӯзиши забони ноби форсӣ низ дар академия ба роҳ монда шудааст.
Кайҳо мехостам, ки забони форсиро ёд гирам, шеъру ғазал, рубоиву қасида ва достонҳои дилошӯбу шавқангези Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Хайёму Сайидо, Мавлавию Ҷомиро дар забони асл хонаму аз дурри маънии он баҳра барам. Таҳсил дар академия мусоидат намуд, ки ин орзуву ормонҳои худро бароварда созам. Вале ҳанӯз гуфтугӯ ба забони форсӣ ва ҷойгузин кардани баъзе истилоҳот бароям мушкилот эҷод мекунад.
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тошканд гурӯҳеро таъсис дод, ки ба он устодони забони форсии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва донишҷӯён шомил ҳастанд. Ман шомили ин гурӯҳ будам.
Аз устодони варзидаи эронӣ забони форсиро амиқтар омӯхтем, дар баробари ин, забони гуфтугӯии худро беҳбуд бахшидем, дар Маркази омӯзиши забони форсӣ барои хориҷиёни Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ мо 14 рӯз ба омӯхтани забони форсӣ машғул шудем.
Бароямон чунин менамуд, ки ба тарзи зиндагӣ ва ғизоҳои мардуми Эрон одат кардаем. Ростӣ, ин ғизоҳо хеле хушу бомаза буданд.
Дар ин сафар боз бештар ба умқи истилоҳоти зиёди форсӣ сарфаҳм рафтам. Фикр мекунам, ки шаҳрҳои қадимӣ дар ҳамтоёнам низ таассуроти хубу хотирмон боқӣ гузошт. Чи дар Теҳрон ва чи дар Кошону Исфаҳон медидем, ки мардуми зиёд ба мағозаву фурӯшгоҳҳои китоб даробаро мекунанд ва даста-даста китоб мехаранд. Дарҳол даъвати Президенти мамлакатамон дар гӯшам садо дод, ки мо – ҷавононро бевосита ба китобхониву фарҳанги мутолиаи китоб раҳнамоӣ мекард. Зеро манбаи асосии дониш танҳо китоб аст.
Ба ин китобхонаҳо мо низ даромадем. Дар онҳо муштарӣ китоби дилхоҳашро пайдо карда метавонист. Ман чанд китоби ғазалҳои Саъдиву Ҳофиз, рубоиёти Хайём ва шоирони муосири Эронро бо худ ба Тошканд овардам.
Шаҳзода АБДУМАҶИДОВА,
донишҷӯи
Академияи байналхалқии
исломии Ӯзбекистон.