Забони мо, нишон аз асли моӣ, Равон чун рӯд баҳри васли моӣ. Забон, эй поктар аз чашмасорон, Гувоҳ аз тозагии насли моӣ!
Рӯзи забон
Сухан, то гул зи боғат чид тоҷик,
Дурахши рӯйи маънӣ дид тоҷик.
Суруди Рӯдакӣ то хонд булбул,
Садои зиндагӣ бишнид тоҷик.
Суханро Рӯдакӣ бар тахт биншонд,
Дариро шаҳписар гардид тоҷик.
Забон, бар чашм нуриву бинӯшад
Гумоне чашмаи хуршед тоҷик.
Дарӣ, дурри хушоб, оби ҳаётӣ,
Ту ҳастӣ зиндаву ҷовид тоҷик.
Забон, дар Рӯзи ту, к-он Рӯзи мо низ,
Зи нав гӯё бишуд тавлид тоҷик.
Муборак бод дамҳои саидат,
Забон, дар Рӯзи ту кард ид тоҷик.
Ин ту
Чу ман тоҷик, бар ман ном – ин ту,
Зи модар беҳтарин инъом – ин ту.
Ту мисле аллаву тифл аст дар маҳд,
Ба ҷони беқарор ором – ин ту.
Забони Меҳри ман дар Балху Кобул,
Забони Моҳи ман дар Шом – ин ту.
Дарии ман, китоби осмонӣ
Ба дасти Саъдиву Хайём – ин ту.
Малакҳо дар фалакҳо то ғазалхон,
Забони Ҳофизи айём – ин ту.
Дариям, дар Бухорову Самарқанд,
Забони Рӯдакибобом – ин ту.
Забонгумкарда
Забон гум кард ҳар кӣ, ор гум кард,
Ту гӯйӣ давлати бедор гум кард –
Бурун аз қаср гашту дарбадар шуд,
Дарӣ не, гӯиё дарбор гум кард.
Забони модар ин аҳвол кардӣ,
Сари он зер, қаддаш дол кардӣ.
Бале, эй «булбул»-и боғи дигарҳо,
Забони модари худ лол кардӣ.
Замон гум кард, вақте ақл гум кард,
Ҷаҳон гум кард, вақте ақл гум кард.
Зи модар рӯй он оқи падар тофт,
Забон гум кард, вақте ақл гум кард.
Забонгумкарда шеъри мо нахонад,
Забонгумкарда даври мо наронад!
Забони аҳли хулдии дариро,
Забонгумкарда донад ё надонад.
Забонгумкарда беҳуш аст, эй ёр,
Забонгумкардаро пиндор бемор.
Забон гум аз даҳон мекард ногоҳ,
Забонгумкарда гар мебуд ҳушёр?
Қадр бинмо
Забони модариро қадр бинмо,
Нишон болову ҷо дар садр бинмо.
Зи ҷон модарзабон гар дӯст дорӣ,
Ҳилоли меҳри онро бадр бинмо.
Забони модарие, ки азизӣ,
Китоб астӣ, китоби рӯйимизӣ.
Пур аз пандӣ, пур аз андарзу
ҳикмат,
Биёмӯзем аз ту хуштамизӣ!
Забони модарӣ, меҳри ту дар ҷон,
Туӣ то пок, беолоиш имон.
Намегунҷем дар худ, рӯ занад шавқ,
Даме, ки ҳамзабони мост меҳмон.
Чӣ хуш, ҳамчун навозишҳои модар,
Ҳама ҳарфу ҳиҷоят рӯҳпарвар.
Гуворо ҳар дами соҳибзабонон,
Ту ҳастӣ дар даҳон то тозаву тар.
Забони мо, нишон аз асли моӣ,
Равон чун рӯд баҳри васли моӣ.
Забон, эй поктар аз чашмасорон,
Гувоҳ аз тозагии насли моӣ!
Ш. МУҲАММАД.