Забон тарҷумони дил аст.
Зеро афкору андеша ва мулоҳизаҳои инсон маҳз тавассути забон ошкор мегарданд. Муҳаббат нисбати забони модарӣ яке аз намоёнтарин эҳтироми инсон аст. Шахсе, ки дорои чунин муҳаббат аст, нахуст фарҳангдӯсту хештаншинос мебошад ва он шахс, албатта, забон ва фарҳангу адабиёти халқҳои дигарро низ гиромӣ хоҳад дошт. Шахсе, ки аз ин хислати воло маҳрум аст, ҳаргиз соҳибмаърифату соҳибдил шуда наметавонад. Шукр, ки Худо, инчунин муҳаббату эҳтимомро дар табиат ба инсон додааст. Вале мутаассифона, баъзеҳо аз фарҳангу забони модарӣ ва ҳатто анъаноту расму оини ниёгон, гиромидошти забони модарӣ фарсахҳо дур афтодаанд ва бештар сериву сарвату дунёро афзал донистаанд. Дар ҳақиқат, забони модарӣ як сеҳри илоҳиро доро мебошад, ки бо шири модар дохил шуда, танҳо бо ҷон мебарояд. Касе, ки забони модариро фаромӯш кард, аз таърих, аз урфу одат ва анъанаҳои мардумии хеш рӯй мегардонад ва ояндаи инчунин инсон ҳаргиз дурахшон нахоҳад шуд. Шоирони бузург ба ин маънӣ фармудаанд:
Чӣ мардум, ки гӯё надорад
забон,
Чӣ ороста пайкаре беравон.
(Асадии ТӮСӢ)
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
(Лоиқ ШЕРАЛӢ)
Сухан ҷон асту ҷон доруи ҷон аст,
Магар чун ҷон азиз аз баҳри
он аст.
(Низомии ГАНҶАВӢ)
Ҳар кӣ худ аз ҳамзабонаш
шуд ҷудо,
Бенаво шуд, гарчи дорад
сад наво.
(Ҷалолуддини БАЛХӢ)
Яке аз имкониятҳои бузурге, ки барои халқи тоҷики Ӯзбекистон насиб гардид, ин дар Қонуни Асосӣ ба ҳамаи миллатҳое, ки дар қаламрави он сукунат доранд, додани ҳаққу ҳуқуқи омӯхтани забони модарӣ мебошад. Ин далолат аз он аст, ки дар мамлакатамон барои мукаммал омӯхтан ва рушду густариши забони тоҷикӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ин иқдоми хуҷаста барои аз газанди ҳаводиси нохуши рӯзгор раҳоӣ додани забони миллии мо амри хайрест. Имрӯз ба ҳифз гардидани забони тоҷикӣ аз ҷониби ҳукумат сайъ ва кӯшиш барои беҳбудӣ ва инкишоф вуҷуд дорад. Қобили ёдоварӣ ин аст, ки дар замонҳои гузашта ҳам муҳаббат нисбати забони модарӣ вуҷуд доштааст.
Дар мобайнҳои қарни Х дар олами тамаддун ҷавони қавиазм ва қавирӯҳе ба майдон омад, ки таърихи пурифтихори миҳани муқаддас ва қаҳрамонии устуравию таърихиро эҳё намуд ва пас аз ҷонбозиҳо, ба ҳадафи волояш бирасид ва дар радифи азизони Аҷам қарор гирифт. Ин ҷавонмард ситораи тобони олам, муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ буд. Агар мо алҳол дурусттар ба олами забону адабиёти хеш бо чашми дил назар афканем, нахуст пай мебарем ва ҳатто ба хотир мерасад, ки алҳол дар ҳамон вазъияти маълуме, ки тайи зиёда аз дусад соли ҳукмронии арабҳо дар саросари сарзамини тоҷикон, манотиқи Мовароуннаҳру Хуросони кабир ба вуҷуд омада буд, гӯё қарор дорем. Алҳол, ин ҷо тафовутро фақат дар сохти иҷтимоии давлатдорӣ дидан мумкин аст. Фирдавсии бузург асари худро дар замоне навишт, ки пояҳои давлати бузург ва мутамаркази тоҷикон – Сомониён суст шудан дошт. Шоир як бахши ифтихороти тоисломии ақвоми эронинажодро, ки қариб буд аз байн равад, аз нав эҳё намуд ва боз ба халқ баргардонд. Ба қадри «Шоҳнома» дар вақти зинда будани ҳамосапардози беназир нарасиданд. Танҳо баъд аз марги шоир ҳашамат ва Фирдавсӣ чун хуршеди ҷаҳонафрӯз ошкор гардид. Дар қарнҳои пасин «Шоҳнома» ба андозае шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард, ки ҳатто шеърсароёни маъруф ба Фирдавсӣ сари таъзим фуруд оварда, ӯро ба ҳайси худованди сухан шинохтанд. Аз ҷумла, паямбари қасидагӯёни Аҷам Анварии Абевардӣ чунин фармудааст:
Офарин бар равони Фирдавсӣ,
Он ҳумоюннажоди фархунда.
Ӯ на устод буду мо шогирд,
Ӯ Худованд буду мо банда.
Забони модарӣ он гоҳ ба нуқтаи баланди рушду густариш мерасад, ки дар ҷамъият вазифаи худро ҳамаҷониба иҷро намояд, дар соҳаҳои асосии он – маориф, муассисаҳои томактабию миёна ва донишгоҳҳову донишкадаҳо, илм, маданият, санъат ва дар бахшҳои зиёди хуҷҷатҳои коргузорӣ, маҷлисҳои хурду калон ва дар муомилаи муқаррарии мардум тамоми имкониятҳои худро комилан истифода бурда тавонад. Истифодаи забони модарӣ дар доираи оила низ набояд маҳдуд гардад. Агар омилҳои дар фавқ гуфта гузаштаи мо маҳдуд гарданд, ин ҳолат нишонаи наздик расидани марги забон хоҳад буд. Аз ин рӯ, саъю кӯшиш мебояд кард, ки таълими забони модариро нахуст дар муассисаҳои томактабию миёна пурзӯртар ва пурсамартар намоем. Бо инчунин амалиёт ба муваффақияти назаррас ноил шудан мумкин аст. Яъне, мардум бояд донанд, ки забони модарӣ на танҳо дар оила ва мактаб, балки дар тамоми фаъолияти инсон хеле зарур аст.
Ба туфайли сиёсати оқилонаи роҳбари давлат дар ҳамаи муассисаҳои таълими кишвар ба таълими ҷавонон, рушди ақлии онҳо эътибори вижае дода мешавад, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълими умумӣ ин ҷараён бо шиддат идома меёбад. Аз ин имконияти бамиёномада дуруст мебояд истифода бурд, яъне таваҷҷӯҳ ва эътибори худро бештар ба пажӯҳиши забони модарӣ ҷалб намуд. Ин ҷо як чизи муҳимро ёдовар мебояд шуд, яъне забони модарӣ бо шири модар ҳазм мешавад ва аз ин хотир кӯдакистон нахустин ҳалқае дар таълими махсуси забони модарӣ шуда метавонад. Биноан, дар маҳалҳои тоҷикнишин ташкил намудани гуруҳҳои тоҷикӣ зарур аст, чунки кӯдак аз синни кӯдакистонӣ бояд аз доираи маҳдуди гуфтугӯи хонагӣ берун шавад ва зудтар ба олами бепоёни забони модарӣ қадам гузошта, кам-кам ба доираҳои рангомези он даст ёбад. Ман аз таҷрибаҳои зиндагии худ ба хулосае омадам, ки забони модариро мебояд як умр омӯхт ва барои чунин омӯзиш заминаи мувофиқ доштан низ лозим аст.
Забони модарӣ нахустин унсури маънавият аст. Ба ин муносибат нахуст ба сифати таълими забони модарӣ дар мактабу кӯдакистонҳои тоҷикӣ аҳамияти махсус мебояд дод. Дар ин маврид дарсҳои забон ва адабиёт бояд бо забони фасеҳи адабӣ гузаранд.
Умеда ШУКУРОВА,
муаллимаи мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сариосиё.