ЗАБОНИ МОДАРӢ – РӮҲИ МИЛЛАТ

Забон ин сарвати бебаҳо ва дастоварди бемисли ҳама гуна миллат маҳсуб меёбад. Ҳар як халқ забони нодири худро дорад, ки инъикоскунандаи таърихи ғанӣ ва фарҳанги ба худ хоси ӯ ба шумор меравад.

«Забони ӯзбекӣ яке аз забонҳои қадимӣ ва ғанӣ, барои халқи мо рамзи худшиносии миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти азими маънавӣ ба шумор меравад. Касе, ки мехоҳад тамоми ҳусн, зебоӣ ва ғановатмандии забони мо, имкониятҳои азими онро дарк кунад, бигузор суруди сари гаҳвораи модарони мо, достон ва мақомҳои куҳан, таронаҳои ҳофизону бахшиёни моро шунавад».
Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Аз суханронӣ дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 30-юмин солгарди ба забони ӯзбекӣ додани мақоми давлатӣ.
Забон ин сарвати бебаҳо ва дастоварди бемисли ҳама гуна миллат маҳсуб меёбад. Ҳар як халқ забони нодири худро дорад, ки инъикоскунандаи таърихи ғанӣ ва фарҳанги ба худ хоси ӯ ба шумор меравад. Маҳз аз тариқи он худшиносиву худогоҳии миллӣ, робитаи маънавии наслҳо муайян карда мешавад.
Дар мамлакат 21 октябри соли 1989 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид, мувофиқи он ба забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Қабули ҳуҷҷати нави расмӣ дар роҳи истиқлолият қадами муҳим гардид, имкон дод ҳуқуқи миллат барои худмуайянкунӣ мустаҳкам шавад. 
Ҳоли ҳозир дар олам беш аз ҳафт ҳазор забон мавҷуд аст, вале танҳо тақрибан 200-тои онҳо мақоми давлатӣ ё худ расмӣ доранд. Дар моддаи 4-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд шудааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ ба шумор меравад». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки забони  модарии мо ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ низ дорои ҳуввияти маънавист ва таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.
Бояд таъкид кард, сиёсати забон, ки дар кишвар татбиқ карда мешавад, равандҳои демократиро  оқилона ва бидуни ғараз инъикос менамояд. Моддаи 4-уми Қонуни Асосӣ, ки дар он: «Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибати боэҳтиромонаро ба забонҳо, анъана ва урфу одатҳои миллат ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди вай зисту зиндагӣ мекунанд, фароҳам овардани шароит барои инкишофи онҳоро низ таъмин менамояд», аз ин шаҳодат медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки дар Ӯзбекистон ба забони тамоми миллат ва ҳалқиятҳое, ки аҳолии ҷумҳурии офтобӣ мебошанд, муносибати боэҳтиромона мавҷуд аст. Зиёда аз ин барои рушди онҳо шароит фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, имконияти гирифтани тамоми дараҷаҳои таълим – аз таълими томактабӣ то маълумоти олӣ – нафақат бо забони давлатӣ, балки ба забонҳои дигар низ таъмин карда мешавад. 
Таълим дар кишвари мо ба ҳафт забон (ӯзбекӣ, қароқалпоқӣ, русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ ва туркманӣ) татбиқ мегардад, ки шаҳодати гуфтаҳои болоист. 
Дар бораи забони давлатӣ сухан ронда, бояд суханони ҳикматомези маорифпарвари бузург Абдулло Авлониро ба хотир овард: «Забон ва адабиёт оинаи ҳаёти ҳар кадом миллате ба шумор меравад, ки ба олам аз ҳастии худ дарак медиҳад».
Воқеан, забон сарвати маънавии миллат мебошад. Он на фақат воситаи муомила, балки фарҳанг, анъана, тарзи ҳаёт, таърихи халқ аст. Эҳтиром ба забони халқҳои гуногун бошад, дар навбати худ барои ҳусни тафоҳум ва гуфтугӯ имконияти зиёд фароҳам меоварад.
Вобаста ба ин бояд зикр намуд, ки қабул шудани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар таърихи нави кишвари мо қадами муҳим буд. Ин ғалаба навиди муваффақ шудан ба давлати мустақили мо маҳсуб меёбад, ки дар он забони модарӣ рамзи худшиносии миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ гардид. Баъд аз сӣ сол бошад боз як иқдоми муҳим гузошта шуд. Фармони Президент «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани  нақш ва нуфузи забони ӯзбекӣ ҳамчун забони давлатӣ» аз 21 октябри соли 2019 қабул гардид. Мувофиқи ҳуҷҷат дар байни масъалаҳои зиёде, ки ба рушди минбаъдаи забони ӯзбекӣ алоқаманд мебошанд, бинобар қарори Девони Вазирон Департаменти оид ба рушди забони давлатӣ, Комиссияи доир ба истилоҳоти назди ҳукумат ташкил ёфтанд. 
Узвияти Ӯзбекистон ба Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон ба сифати узви комилҳуқуқ муҳимияти нақши забони ӯзбекиро дар оилаи забонҳои туркӣ собит сохт. 
Роҳбари кишвари мо хеле дуруст таъкид намуд, ки мо муносибати худро ба забони давлатӣ бояд ҳамчун муносибат ба истиқлолиятамон, эътимод ва эҳтиром ба он – ба сифати садоқат ва ҳурмат ба Ватан баррасӣ намоем. Ин бояд қонуни ҳаёти мо гардад. Зеро ҳама гуна давлате, ки дар назди худ мақсади мақоми сазовор пайдо кардан дар ҷомеаи ҷаҳонро гузоштааст, дар навбати аввал саъй мекунад, ки забони миллӣ ва фарҳанги халқи худро нафақат ҳифз кунад, балки пешрафти онро таъмин намояд. 
Алҳол забони ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва маърифатии мо фаъолона истифода мегардад. Зиёда аз он вай аз минбарҳои байналхалқӣ садо медиҳад. Он эҳсоси ифтихореро, ки  ҳамаи мо ҳангоми дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар назди роҳбарони ҷаҳон ба забони давлатӣ сухан рондани роҳбари ҷумҳурӣ эҳсос намудем, наметавон ногуфта гузашт. Ин ифодаи равшани муҳаббати беҳудуди Президент ба забони модарӣ ва халқи ӯзбек, эътимоди сарвари кишвар ба ояндаи Ӯзбекистони нав аст. 
Тавре ки мегӯянд, забон калиди дилҳост. Забони ӯзбекӣ низ вазифаи таърихии худро иҷро мекунад. Як қатор ташаббусҳои бартариноке, ки аз минбари олӣ ба забони халқи мо садо доданд, аз ҷониби намояндагони кишварҳои мухталиф баҳои баланд гирифтанд. Ин боиси ифтихори мост. 
Дар арафаи Рӯзи таҷлили забони ӯзбекӣ мехоҳем таъкид намоем: забон ин пеш аз ҳама рӯҳ, дил, ифтихори ҳама гуна халқ, нишони истиқлолият, шукуфоии ояндаи Ватан ба шумор меравад. Бидуни забон ягон халқ наметавонад миллати комил гардад. 

Гулрух АЪЗАМОВА, 
депутати Палатаи Қонунгузории 
Олий Маҷлис.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: