ЗАБОНИ МОДАРӢ — САРВАТИ БЕБАҲОИ МАЪНАВӢ

Имсол 31-солагии ба забони ӯзбекӣ дода шудани мақоми давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Касе, ки латофат, ҷозиба, иқтидор ва имкониятҳои беинтиҳои забони ӯзбекиро ҳис кардан мехоҳад, бигузор, аллаҳои модарони мушфиқ, достонсароии ҳазорсола, мақомҳои абадзинда, сурудҳои бахшию ҳофизони моро гӯш кунад.
Шавкат МИРЗИЁЕВ.
Имсол 31-солагии ба забони ӯзбекӣ дода шудани мақоми давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд ин муддат дар назди таърих муҳлати кӯтоҳ аст, дар тӯли солҳои сипаригардида нуфузу обрӯйи забон зиёд шуд, дар миқёси ҷаҳон теъдоди онҳое, ки бо ин забон ҳарф мезананд, қариб ба 50 миллион нафар расид.
Биноан, забони ӯзбекӣ дар минбарҳои байналхалқӣ хуб танинандоз мегардад, дар мамлакатҳои хориҷӣ эътибор ва таваҷҷӯҳ ба омӯхтани он пурзӯр мешавад. Барилова, дар қатори дигар забонҳои Шарқ таълим додани забони ӯзбекӣ дар донишгоҳҳои беш аз 10 мамлакат, мисли ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Ҷопон, Туркия, Украина, Русия, Озарбойҷон дили моро аз ифтихор лабрез месозад.

Воқеан, мероси фароҳангии ҳар як мамлакат ба забони ӯ иртиботи ногусастанӣ дорад. Ба ин маънӣ, ҷашнвораю анҷуманҳои байналхалқие, ки дар кишварамон таҳти унвонҳои «Таронаҳои Шарқ», анҷумани мақом, «Санъати байналхалқии бахшиёна» ва Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ низ ба афзудани обрӯю эътибори Ӯзбекистон ва танинандоз гардидани забони ӯзбекӣ дар ҷаҳон саҳм мегузоранд. Суханони Президент Шавкат Мирзиёев дар ин хусус сазовори диққатанд: «Касе, ки латофат, ҷозиба, иқтидор ва имкониятҳои беинтиҳои забони ӯзбекиро ҳис кардан мехоҳад, бигузор, аллаҳои модарони мушфиқ, достонсароии ҳазорсола, мақомҳои абадзинда, сурудҳои бахшию ҳофизони моро гӯш кунад». 
Солҳои охир ба туфайли эътибор ба забони ӯзбекӣ мақеи он боз ҳам баланд шуда, соҳиби мақоми воло ва асоси мустаҳками ҳуқуқӣ гардид. Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан афзудани нуфуз ва мавқеи забони ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ», аз 21 октябри соли 2019, ислоҳотро дар ин самт ба зинаи нав бардошт. Тибқи фармони мазкур дар сохтори Девони Вазирон Департаменти рушди забони давлатӣ, бобати ба истеъмоли расмӣ даровардани калимаву истилоҳҳои аз нигоҳи илмӣ асосноккардашуда, ҳамчунин, дар лоиҳаҳои асноди қонунӣ риоя намудан ба меъёр ва қоидаҳои забони адабӣ, қоидаҳои ҳуқуқию техникӣ ва дигар қоидаҳои махсус, Комиссияи истилоҳҳо созмон дода шуд.
Аҳамияти дигари фармони мазкур дар он аст, ки тибқи қарори Девони Вазирон, аз 20 январи соли 2020 дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, вазоратҳо ва созмонҳои ба онҳо дахлдор, ба мақсади афзудани самарадории маънавию маърифатӣ, таъмини риоя ба ҳуҷҷатҳои қонунӣ дар бораи забони давлатӣ вазифаи мушовир ҷорӣ карда шуд. Ҳамакнун мушовирони забони давлатӣ дар корхонаҳое, ки худ кору фаъолият доранд, ба масъалаҳои афзун гардондани самарадории корҳои маънавию маърифатӣ, таъмини риоя ба қонуни забони давлатӣ масъуланд.
Бояд эътироф кард, ки дар солҳои сипаригардида эътибор ба ифтихори миллӣ — забони давлатӣ як андак суст шуда буд. Бар асари ин дар корбарии мақомот ва созмонҳои давлатӣ як қатор камбудиҳое ба назар расиданд, ки ба риоя накардан ба қонуни забони давлатӣ иртибот доранд. Ба мақсади бартараф намудани камбудиҳое, ки ба корбарӣ бо забони давлатӣ вобаста буданд, аз ҷониби Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи даровардани иловаҳо ба моддаи 42-юми Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ» коркард шуд. Муаллифи лоиҳа ба моддаи 42-юм пешниҳоде ворид намуд, ки ин аст: агар ба талабҳои ҳуҷҷати қонун дар бораи забон дар мақомот ва созмонҳои давлатӣ риоя карда нашавад, ба шахсони мансабдор ба миқдори аз ду баробар то панҷ баробари ҳисобкунии пойгоҳӣ ҷарима ситонда шавад. Лоиҳаи қонуни мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокимаи шадид қарор гирифт.
Бино ба моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» пешбинӣ шудааст, ки дар корхона, муассиса, созмон ва иттиҳодияҳои ҷамоатӣ корбарӣ, ҳисобу китоб, ҳуҷҷатҳои омору молия бояд бо забони давлатӣ сурат гирад. Бино бар ин, дар Инспексияи давлатии карантини растаниҳо ҳоло корбарӣ, табодули маълумоти байниидоравӣ пурра бо забони давлатӣ ба амал татбиқ мегардад. Хоссатан, дар фаъолияти кории инспексия фарҳанги 5-ҷилдаи тафсирии забони ӯзбекӣ, ки беш аз 80 ҳазор калимаю ибораро дар бар мегирад ва китоби такмилдодаи «Корбарӣ бо забони давлатӣ» васеъ истифода бурда мешавад. Манбаъҳои мазкур, дар мавриди корбарӣ ва табодули ҳуҷҷатҳои байниидоравӣ, ба сифати кори инспексия меафзоянд.
Маълумоти дигар:  шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2020 ба мақсади афзудани маҳорату таҷриба, дониши назарию амалии хидматгузорони давлатӣ доир ба меъёрҳои забони адабии ӯзбек, имлои алифбои лотиниасоси ӯзбек, асосҳои корбарӣ бо забони давлатӣ, навиштани ҳуҷҷатҳои расмӣ дар Маркази таълими асосҳои корбарӣ бо забони давлатӣ ва такмили малакаи назди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд курси таълимӣ ташкил дода шуд. Ба курсҳои такмили малака барои таълим даставвал ходимони Инспексияи карантини растаниҳои назди Девони Вазирон ҷалб карда шуданд. Пешбинӣ шудааст, ки рӯзҳои наздик барои ходимони Маркази илмии карантини растаниҳо, ҳамчунин, инспексияҳои давлатии карантини растаниҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд низ чунин курсҳо ташкил дода мешаванд.
Бино ба таъбири роҳбари давлат, дар марҳилае, ки ба бедории нави Ӯзбекистон — Эҳёи сеюм асос гузошта мешавад, чунин ба назар мерасад, ки дар эътибори бузург ва эътирофи забони ӯзбекӣ маънии рамзие нуҳуфта аст. Зеро модоме, ки ҷараёни афзудан ба қадру қимати забони ӯзбекӣ идома пайдо мекунад, дар ҷамъиятамон илм ривоҷ меёбад, сатҳи маънавӣ баланд мешавад, ҷойгоҳи забони ӯзбекӣ дар арсаи ҷаҳон мустаҳкамтар мегардад.

Бунёд НАСИМОВ,
мушовири сардори Инспексияи давлатии карантини растаниҳо бино ба масълаҳои забони давлатӣ. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: