ЗАБОНИ МОДАРӢ – ЗОДАИ РӮҲИ МИЛЛАТ

Забон тарҷумони дил аст.

Забон тарҷумони дил аст. Зеро ки афкору андеша ва мулоҳизаҳои инсон маҳз тавассути забон изҳор мегарданд. Муҳаббат нисбати забони модарӣ беҳтарин падидаи эҳтироми инсон аст. Шахсе, ки дорои чунин муҳаббат аст, на танҳо фарҳангу забон ва адабиёти хеш, балки боз забон ва фарҳангу адабиёти халқҳои дигарро гиромӣ хоҳад дошт. Ва оне, ки аз ин хислати воло маҳрум аст, ҳаргиз соҳибмаърифату соҳибдил буда наметавонад. Шукр, ки Оллоҳ, инчунин муҳаббату эҳтиромро дар табиат танҳо барои инсони соҳибдил насиб дидааст, вале баъзе ашхос аз муҳаббат ба фарҳангу забони модарӣ ва ҳатто ба анъаноту расму оини ниёгон ва хусусан аз гиромидошти забони модарӣ фарсахҳо дур афтодаанд ва бештар, мутаассифона, сарвату дунёиро афзал донистаанд. 
Дар ҳақиқат, забони модарӣ сеҳри илоҳӣ дорад, он бо шири модар ба тани инсон дохил шуда, танҳо бо ҷон мебарояд. Касе, ки забони модариро фаромӯш кард, аз таърих, урфу одат ва анъанаҳои миллии хеш дур мемонад. Шоирони бузург ба ин маънӣ ёдовар шудаанд: 
Чӣ мардум, ки гӯё надорад 
забон, 
Чӣ ороста пайкаре беравон. 
Асадии ТӮСӢ 
***
Сухан ҷон асту ҷондоруи ҷон аст, 
Магар чун ҷон азиз аз баҳри он 
аст. 
Низоми ГАНҶАВӢ 
Яке аз дастовардҳои бузурге, ки дар даврони истиқлолият ба мардуми тоҷики Ӯзбекистон насиб гардид, ин дар Сарқонуни ҷумҳурӣ зикр шудани ба ҳамаи миллатҳои қаламрави Ӯзбекистон додани ҳуқуқи омӯхтани забони модарӣ мебошад. Ин аз он далолат медиҳад, ки дар мамлакат барои мукаммал омӯхтану густариш додани забони тоҷикӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Ин иқдом барои аз газанди ҳаводиси нохуши рӯзгор раҳоӣ додани забони миллии мо амри хайрест. Имрӯз аз ҷониби ҳукумат сайъ ва кӯшиш барои тараққии забони тоҷикӣ низ вуҷуд дорад. Нуктаи қобили қайд аст, ки дар замонҳои гузашта ҳам муҳаббат нисбати забони модарӣ ҷо доштааст. 
Дар қарни Х ба олами тамаддун ҷавони қавиазм ва қавирӯҳе арзи ҳастӣ намуд, ки таърихи пурифтихори меҳани муқаддас ва қаҳрамонии устуравию таърихии қавми худро эҳё намуд ва пас аз талошу ҷонбозиҳо, ба ҳадафи волояш расида, дар сафи пеши азизони Аҷам қарор гирифт. Ин ҷавонмард ситораи тобони назми Аҷам, муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Ҳаким Абулқосими Фирдавсии Тӯсӣ буд. Фирдавсии бузург асари безаволи худро дар замоне навишт, ки давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён сари қудрат буд, ки баъди истило ва ҳукмронии халифаҳои араби бодиянишин куллан поймол гардида буд. Шоир як бахши умдаи ифтихороти тоисломии ақвоми эронинажодро, ки қариб буд аз байн биравад, аз нав эҳё намуда, боз ба халқ баргардонид. Азамат ва шаҳомати «Шоҳнома»-ро ба иллати он ки тахти Сомониён вожгун ва иқболи Ғазнавиёну Қарохониён ҳумоюн гардид, дар айёми рӯзгори ин ҳамосапардози беназир идрок накарданд. Танҳо баъд аз марги шоир ҳашамат ва бузургии Фирдавсӣ чун шаҳомати хуршеди ҷаҳонафрӯз эҳё ва падидор гардид. Дар қарнҳои пасин «Шоҳнома» ба андозае шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард, ки ҳатто шоирони маъруфу машҳур ҳам дар пеши закои Фирдавсӣ сари таъзим фуруд оварда, ӯро ба ҳайси худованди сухан шинохтанд. Аз ҷумла паямбари қасидагӯёни Аҷам Анварии Абевардӣ фармудааст: 
Офарин бар равони Фирдавсӣ, 
Он ҳумоюннажоди фархунда. 
Ӯ на устод буду мо шогирд, 
Ӯ худованд буду мо банда. 
Даврони Фирдавсӣ даврони шукуфоии  забон, адабиёт, умуман фарҳанги мардуми форсу тоҷик аст. Туфайли эҷодиёт ва фаъолияти устодон Рӯдакиву Фирдавсӣ ва чеҳраҳои беназири илму адабиёт, аз ҷумла Фаррухии Сиистонӣ, Манучеҳрӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Розӣ, Табарӣ, Форобӣ, Ғаззолӣ, Хайём, Байҳақӣ ва чандини дигар ин забони ноб хеле рушду тараққӣ кард ва дар ҳамон замон, аллакай чун забони шеъру адаб ва илм ба ҳадди камол расид. 
Тавре ки маълум аст, забони модарӣ он гоҳ ба нуқтаи баланди рушду густариш мерасад, ки дар ҷамъият вазифаи худро ҳамаҷониба иҷро намояд, дар соҳаҳои асосии он – маориф, муассисаҳои томактабию миёна ва донишгоҳҳову донишкадаҳо, илм, маданият, санъат ва дар бахшҳои зиёди ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, маҷлисҳои хурду калон ва дар муомилаи муқаррарии мардум аз тамоми имкониятҳои худ комилан истифода бурда тавонад. Истифодаи забони модариро дар доираи оила низ набояд маҳдуд гардонд. Агар омилҳои мазкур маҳдуд гардонд, ин ҳолат ба марги забон боис хоҳад шуд. Аз ин рӯ, бояд саъй кард, ки таълими забони модарӣ дар муассисаҳои томактабию миёна беҳтар ва пурсамартар гардад. 
Туфайли сиёсати оқилонаи роҳбари давлат дар ҳамаи муассисаҳои таълими кишвар ба таълими ҷавонон, рушди ақлии онҳо эътибори зиёд дода мешавад, аз ҷумла дар муассисаҳои таълими умумӣ ин ҷараён бо шиддат идома меёбад. Аз ин  имконот мебояд дуруст истифода бурд, яъне ба рушду равнақи забони модарӣ бештар эътибор бояд дод. 
Дар урфият «Забондонӣ–ҷаҳондонӣ», мегӯянд, яъне қабл аз ҳама ҳар як шахс бояд қонуну қоидаҳои забони модарии хешро аз худ намояд, то ки омӯхтани забонҳои дигар сабуктар шавад. Яъне: 
Ҳар кас ба забони худ сухандон 
гардад, 
Донистани сад забонаш осон 
гардад. 
 
Умеда ШУКУРОВА,
муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами
9-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: