ЗАБОНИ МУҚТАДИР, ҒАНӢ ВА ПУРЗАРФИЯТ

ё худ давоми “Сухани фасеҳу расоям орзуст”

Вақте бастаи солҳои 2002-юми рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро аз назар мегузарондам, чашмам ба мақолаи пурмуҳтавои “академики беунвон” Муҳсин Умарзода (хонаи охираташон обод бод!)  таҳти номи “Забони модариро пос дорем” афтод. Ба хонданаш шурӯъ кардам. Хушам омад, ки донишманд дар ҷое ба як нигоштаи инҷониб истинод кардаанд: “Чӣ  хуб аст, ки бисёр соҳибзабонон аз вазъи имрӯза ва ояндаи забони модарӣ бепарво нестанд. Нишонгари ҳамин воқеият мебошад, ки як мақолаи Абдулло Субҳон – “Сухани фасеҳу расоям орзуст” миёни хонандагони рӯзнома бозтобею акси садо пайдо кард, ки шоистаи тақдир ва ситоиш аст...
...Ба ин тартиб Абдулло Субҳон андешаҳои ғайримаъмулиро иброз медорад. Баъзе афкораш, аз ҷумла, назари ӯ дар бораи суде надоштани таълими қонуну қоидаҳои забон аз нигоҳи нахуст як иддаои ғайричашмдошт менамояд, аммо дар замири он фикрҳое нуҳуфтаанд, ки ҳанӯз гуфта нашудаанд ва бояд гуфта шаванд”.
Мутолиаи мақолаи устод ва як баромади шоири боистеъдоди тоҷик, мудири шуъбаи робитаҳои адабии хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ – Абдулло Раҳнамо тавассути Интернет, ки ӯ низ бар он аст, ки  таълими қоидаҳои дастурии забон он қадар судманд нест, такон бахшид, ки парда  аз рӯйи он фикрҳои нуҳуфта бардорам.  
Ба фикрам, забони модарӣ, сатҳи забондонии мардум, усули таълими забон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ аз мавзӯъҳоеанд, ки ҳар як рӯшанфикрро бефарқ намегузоранд.
Бемуболиға, забони форсӣ (тоҷикӣ) яке аз забонҳои муқтадир, ғанӣ ва пурзарфияти дунёст. Мутахассисони соҳа бар онанд, ки бо ин забон, ба ҷуз ҳикоёту қиссаву ривоёти дилангезе, ки аз романҳои Ғарб камие надоранд, беш аз панҷ ҳазор девони шеър (мутаассифона на ҳамаашон то замони мо расидаанд) офарида шудааст. Ҳар касе, ки бо таҳаммулу тааммул аз байни ин миқдор ганҷи шойгон  як бор танҳо “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва “Маснавии маънавӣ”-и Мавлонои Балхро  мутолиа намояд, ба ин гуфта, ки забони форсӣ аз забонҳои зебову шево ва муқтадири дунёст, бовар мекунад...
Фикр мекунам, оғоз ёфтани ҷараёни содакунии забон дар ибтидои садаи ХХ, ду бор иваз шудани алифбо, таълими забон дар асоси сарфу наҳви забони русӣ то андозае нафосату назокат ва тавону иқтидори забони форсиро дар минтақаи мо аз байн бурд. Содакунӣ ва усули нодурусти таълими забон то ҷое асаргузор буд, ки сатҳи забондонии тоҷикон дар муқоиса бо ҳамзабонони берунмарзии худ (Эрону Афғонистон) хеле поин рафт. Ин аст, ки ҳоло навад дар сади хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба сари худ тарҷумаи ҳол, ариза, нақли хаттӣ ва иншо навишта наметавонанд, дар роҳи дарки мазомини осори назмию насрии классикони адабиёт нуқтаи заъфашон ошкор мегардад...
Шоири тавонманди тоҷик, устод Муъмин Қаноат дар як мусоҳибаи радиёии худ доир ба содакунии забон изҳор дошта буд: “... Ин даврони сода кардани забон буд. Ҳама чизро сода мекарданд... Дар ҳамин ҷараён забони адабӣ сохтанд, ки як чизи бепирояву пароканда буд. Ин сода кардани забон билохира адабиётро ба харобӣ кашид бо забони обшуста, бо як теъдоди ками калимаҳое, ки сад бор гуфта шудаанду на бори маънӣ доштанд, на бори эҳсос, на бори ирсият, на ҷавҳар, на оташ. Ҳеч чиз надоштанд. Бесобиқа сода кардани забон  мардумро ноком кард ”.
Бале, дар он аҳд Абулқосим Лоҳутӣ барин шоири бузург маҷбур шуда буд, ки ба “соданависӣ” мувофиқат кунад.
Таълим дар асоси сарфу наҳви забони русӣ чӣ маънӣ дорад? Яъне, мо дар садаи ХХ аз баҳри усули таълим ва сарфу наҳви миллӣ баромадем. Дар мактабҳо таълими сарфу наҳви забони форсии тоҷикӣ тибқи грамматикаи забони русӣ, ки Вера Расторгуева барин олимони рус тартиб дода буданд, ба роҳ монда шуд.
Ёдам ҳаст, мо – хонандагони аҳди шӯравӣ шурӯъ аз синфи 5, бо захираи ночизи луғавӣ, тибқи супориши омӯзгор қоидаҳои забонро қориазёд мекардем: “Калимаҳое, ки  номи предметро ифода намуда, ба саволҳои кӣ?, киҳо? ва чӣ?, чиҳо? ҷавоб медиҳанд, исм номида мешаванд. Мисол: Кӣ? – Фирдавс, Манижа, одам, момо, амак, хола… Чӣ? – китоб, ҳаво, қалам, гул, офтоб....” 
Дар синфҳои болоӣ қисми синтаксиси забон – қоидаҳои панҷ аъзои ҷумла; саръаъзо ва аъзои пайрав омӯзонда мешуд. Омӯзгор қоидаҳои дастури забонро ба таври худ мефаҳмонд, дар тахтаи синф ҷумлаҳоро навишта таҳлили морфологию синтаксисӣ мекард. Вале аз он, ки захираи луғавии мо ночиз буд, моҳияти қоидаҳои забонро намефаҳмидем. Фикр мекунам, дигарон низ, баъди ба факултети филологияи донишкадаю донишгоҳҳо дохил шудан, фаҳмиданд, ки қоидаҳои дастури забон чӣ маънӣ доранд. Аз он ки моҳияти қоидаҳоро намефаҳмидем, ба сари худ тавони таҳлили морфологӣ ва синтаксисии ҷумлаҳои мураккаби  яктаркибаю дутаркиба ва гоҳо сертаркибаро надоштем...
Гоҳо мешуд, ки овони таҳсил дар донишкада як соати дарсии устоди забон барои таҳлили морфологию синтаксисии як ҷумла кифоя намекард. Бале, дар он аҳд  бисёр чизҳо арифметика буданд, вале дастандаркорон моҳияти масъаларо ба математикаю алгебра табдил дода буданд...
Қадимиёни мо, сарфи назар аз кору пеша, бо забони меъёр (адабӣ) ва адабиёт иртиботи ногусастанӣ доштаанд. Мисол бигирем, нобиғаҳои илму адаб Абуалӣ Сино ва Умари Хайёмро. Сино пизишк буд ва бо табобати инсонҳо сарукор дошт, вале ӯ забони меъёрро ба дараҷаи кофӣ аз худ карда буд, бе адабиёт нафас намекашид. “Донишнома” ва рубоиёти ба ёдгор мондаи ӯ аз балоғаташ дар илми сухангустарӣ гувоҳӣ медиҳанд. Рубоии зеринро хонда худ қазоват кунед:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи 
Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти 
гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар 
макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар 
банди аҷал.
Мегӯянд, ки шеър яке аз шуғлҳои писандидаи олими ситорашинос Умари Хайём буд. Вале аз илми забон ва адабиёт вуқуфи комил дошт. Аз ин рӯ, ҳамчун шоири рубоинавис шуҳрат пайдо кард.
Ҳар фарди ҷомеа манфиати шахсӣ ва умумимиллӣ дорад. Зарурати доштани манзили зист, либос, ғизо, мошин ва ҳоказо манфиати шахсӣ маҳсуб мешавад. Манфиати умумимиллӣ аз манфиатҳоест, ки ниёзҳои ҳар як фарди ҷомеаро пиёда месозад. Яъне, агар афрод  бештар ба дунболи манфиати умумимиллӣ раванд, аҳволи ҷомеа хуб мешавад. Забони модарӣ ё меъёр яке аз манфиатҳои умумимиллии тамоми тоҷикони дунёст. Ҳар як тоҷик, сарфи назар аз манзили зист, касбу кор ва пеша, бояд дар фикри рушду такомули забони меъёр бошад. Сад дареғ, тоҷиконе ҳастанд, ки барои манфиати шахсӣ (мансабу ҷоҳ ва сарвати моддӣ), яъне, зиндагии бароҳат, аз баҳри забону миллати худ мебароянд. Муҳити зист онҳоро то ҷое манқурт кардааст, ки намедонанд забон чӣ арзиш дорад. Агар ба онҳо гӯянд, ки  бе забони куриёӣ корат пеш намеравад, забони худ дар канор гузошта, ба ҳар қимат забони куриёӣ меомӯзанд...
Овони кор дар мактаб вақте аз омӯзгорони фанҳои  математика, физика, кимиё талаб карда мешуд, ки бо забони меъёр (адабӣ) дарс диҳанд, ҷавобашон ин буд: “Мо филолог набошем”... Бубинед, ин ҷавоби на як деҳқон ё коргари одӣ, балки ҷавоби омӯзгори соҳибдиплом аст.
Рӯзгоре бо сафари хидматӣ савори автобус аз Самарқанд ба Тошканд бармегаштам. Баъди ба роҳ даромадани автобус барои мутолиа китоби Умари Хайёмро, ки дар он рубоиёташ бо хати форсию кириллӣ чоп шуда буд, аз ҷузвдон берун овардам. Ҷавоне, ки дар паҳлӯям нишаста буд, суол кард: “Шумо тоҷикед?”. Гуфтам: “Бале, аз куҷо донистед, ки ман тоҷикам?”. Гуфт: “Хайём мегӯяд, ки шумо тоҷикед”. Шуд ханда.
Ҷавон изҳор дошт, ки тоҷир аст аз қавми ҳазораи Афғонистон, пайи коре ба Тошканд меравад. Раҳораҳ тору пуди суҳбатамон ба ҳам печид, шамъи маҳфил афрӯхтем. Ӯ шеърро бо тамоми нозукиҳояш дарк мекард, банда аз хондани шеър лаззат мебурдаму тоҷир аз шуниданаш. Суол кардам: “Шумо шеър ҳам менависед?”. Гуфт: “На, чӣ буд?”. Гуфтам: “Аз шеърфаҳмию шеърхониатон хушам омад”. Гуфт: “Лутфатон зиёд аст. Бояд бигӯям, ки дар Афғонистон аз шоир то шофиру тоҷир бо шеър ва адабиёт алоқамандие доранд”.
Чунин ҳолат соли 2004 дар Эрон низ, вақте иштирокдори Нахустин ҳамоиши шеъри муосири форсӣ будем, рӯй дода буд. Дар маҳфилҳои шеърхонӣ сомеон аз шунидани шеър баҳра мебурданду мо аз хонданаш. Чунин ба назар мерасид, ки онҳо ба дунболи тасвирҳои шоирон мегарданд. Ин лаззати маънавиро камина дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба сабаби паст будани сатҳи забондонии мардум, кам эҳсос кардаам...
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, баъди мақоми давлатиро гирифтани забони форсии тоҷикӣ, ба тасвиб расидани Қонуни забон, хосатан, чорабиниҳои созандаи Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони форсии тоҷикӣ  то ҷое рушд кард. Мо ба тавассути ҷаҳоннамои Тоҷикистон борҳо дидаем, ки ин марди далер  аз минбари СММ бо забони меъёр мураттаб ва ҳадафрас нутқ кардааст. Роҳбарони зинаҳои пасту боло, тоҷирону шофирон (албатта, на ҳама) низ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо забони меъёр арзи матлаб кунанд. Ба ҳукми анъана даромадани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар ин кишвар шоистаи таҳсин ва қобили пайравию пайгирист. Бешубҳа, чунин чорабиниҳои мӯмиёӣ ба ғановати дунёи маънавӣ ва боло рафтани  сатҳи забондонии аҳолӣ, хосатан насли ҷавон, мусоидат менамоянд.
Фаромӯш набояд кард,  забон калидест, ки бо он дари ҳамаи фанҳоро метавон кушод. Аз ин рӯ, маблағгузории беш аз пеш барои омӯзиши забони меъёр ( ҷорӣ кардани таълими фанни забон дар кулли муассисаҳои таълими олӣ) мувофиқи матлаб аст.
Басе мехостам, сатҳи забондонии тоҷикони дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ низ боло равад. Онҳо низ аз ғизои маънавӣ, ки меъдаи зеҳн танҳо тавассути забони модарӣ қабул мекунад, бебаҳра набошанд. Агар бебаҳра монданд, тоҷикият дар онҳо бимирад...
Суоле мантиқӣ ба миён меояд: “Чӣ бояд кард то сатҳи забондонии тоҷикони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва соири кишварҳои дунё баланд шавад ва онҳо дар доираи забони меъёр бо ҳам озод табодули афкор карда тавонанд?”.
Инҷониб, ба сифати фарде, ки бо сухан сарукор дорад ва даҳ сол ба насли ҷавон аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст, пешниҳоде доштам, ки тӯли солҳои зиёд дар зеҳнам кор хӯрдааст. Фикр мекунам, хонандагони борикназар ва мутахассисони соҳа ин пешниҳодро бо назардошти мақоли “Нангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд” мепазиранд. Зеро қимати чӣ гуфтан аз кӣ гуфтан ҳамеша болотар будааст. Пешниҳоди мо кашфиёт нест, он такя ба таҷрибаи аҷдод ва натиҷагириҳои олимони саршинос дорад.
Мегӯянд: “Илм дар ҷавонӣ нақш бар санг аст”. Фарзандони 6-10 солаи аҷдоди мо дар гузаштаҳои дуру наздик ҳофизи Қуръон будаанд, яъне ояҳои ин китоби бузургҳаҷмро қориазёд кардаанд. Ҳофизи Қуръон – Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:
Ишқат расад ба фарёд ар худ ба 
сони Ҳофиз,
Қуръон зи бар бихонӣ бо чордаҳ 
ривоят.
Зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ дар як таълифоти хеш ёдрас карда буданд, ки мо дар хурдсолӣ маънои абёти шоирони классикро нафаҳмида қориазёд мекардем. Маънии он байтҳоро дертар дар бузургсолӣ дарк кардем. Дар идома аз суди қориазёди шеър сухан ба миён оварда буданд...
Ғалат накунам, Арӯзии Самарқандӣ фармудааст, ки агар шоири ҷавон даҳ ҳазор байт аз шоирони қадим ва панҷ ҳазор байт аз шоирони муосир ҳифз намояд, шеъри хуб навишта метавонад. 
Модар ба фарзанд, дар доираи гӯйиши маҳаллӣ, бе дастур забон меомӯзад. Ба қавли шоири бузург Эраҷ Мирзо:
Гӯянд маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт...
Як ҳарфу ду ҳарф бар даҳонам,
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт...
Мактабу омӯзгор низ ба масал  модаранд, агар як ҷумлаю ду ҷумла дар даҳони ёду зеҳни мактабиён ниҳода гуфтан омӯзанд, ба қавле олам гулистон мешавад.
Бо назардошти ин ҳама камина натиҷа гирифтам, ки дар кӯдакистон, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ забонро ба насли ҷавон як муддати муайян (аз синфи 1 то синфи 8 ё 9) метавон бе дастур (қоидаҳои забон) омӯхт. Бигирем, мактаб 10 ё 11-сола аст. Бинобар усули таълими мавриди назар толибилмон дар тӯли 8 ё 9 сол бояд бе дастур забон омӯзанд.
Ин усул на ба шеър, балки ба матни насрӣ такя дорад. Бигузор, бори шеър ва шеършиносиро адабиёт бар дӯши худ дошта бошад. Дар ин усули таълим низ роҳ аз сода ба мураккаб аст.  Дар муассисаҳои таълими томактабӣ корро метавон аз як ҷумла оғоз кард. Мисол: “Модари ман инсони меҳрбон ва заҳматписанд аст”. Шояд кӯдакони хурдсол ба маънии вожаҳои “модар”, “меҳрбон” ва “заҳматписанд”-и ҷумлаи мазкур  сарфаҳм нараванд. Фикр мекунам, то ба остонаи мактаб қадам гузоштан, кӯдакон бо кумаки мураббӣ  матнҳои зиёди насриро аз бар менамоянд ва дар зеҳнашон қолиби ҷумлаҳо шакл мегирад. Гуфтан ҷоиз аст, ки китобҳои дарсии муассисаҳои таълими томактабӣ бояд аз нигоҳи вожа хеле устувор буда, дар онҳо ҳар калима беғалат навишта шавад ва он китобҳо тарҳи зебо дошта бошанд ва  ҷаззобияташон ба омӯзгорону бачаҳо то ҷое таъсиргузор бошад.  Барилова, тамоми мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои таълими ҳамагонӣ бояд бо забони адабӣ ҳарф зананд, дар тарбияи нутқ аз шеваи маҳаллӣ сарфи назар кунанд. Барои онҳое, ки аз доираи забони меъёр берун мебароянд, ҷорӣ кардани ҷарима натиҷаи матлуб мебахшад.
Пӯшида нест, ки матни насрӣ бо се услуб: бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ офарида мешавад. Биноан, муаллифони китобҳои дарсии забонро лозим меояд, ки барои ҳар як соати дарсӣ, бо назардошти се услуб, беҳтарин намунаҳои насриро интихоб намоянд. Аз нигоҳи мо “беҳтарин намунаи насрӣ” ҳамон насрест, ки дар баробари моҳияти тарбиявӣ доштан, бо шеваи умумифорсӣ нигошта шудаааст.
Баъди ба остонаи мактаб қадам ниҳодани кӯдакон, кор ранги дигар мегирад. Онҳо, вақте алифборо хатм менамоянд, ба ҳифзи матнҳое оғоз менамоянд, ки аз ду-се банд иборатанд. Дар синфҳои дуюму сеюму чорум ҳаҷми пораҳои насрӣ то ба панҷ-шаш банд афзоиш меёбад. Омӯзгор, ки бояд намунаи ибрат бошад, баъди аз ёд гуфтани матни мавриди назар, хонандагонро бо мазмуни он ошно месозад. Сипас, аз тариқи саволу ҷавоб муайян менамояд, ки барои бачаҳо ҳазми кадом вожаҳо душвортар аст. Калимаҳои душворҳазм бо шарҳашон дар тахтаи синф навишта мешаванд. Баъди шарҳ, бино ба хоҳиши омӯзгор, хонандагон вожаҳои душворҳазмро ба дафтари луғаташон мекӯчонанд. Як соати дарсӣ 45 дақиқа аст. 
Бигирем, барои иҷрои амалҳои болоӣ 20 дақиқа сарф мешавад. Омӯзгор дар 25 дақиқаи боқимонда аз тариқи суолу ҷавоб мавзӯи навро мустаҳкам менамояд. Дар поёни дарс аз толибилмон талаб карда мешавад, ки матнро дар хона аз ёд карда, ба баёни мазмуни он ва шарҳи калимаҳои душворҳазм омодагӣ гиранд. Фикр мекунам, дар иҷрои чунин вазифаҳои сода, вале пураҳамият, ки таҳлили дастуриро тақозо надоранд, падару модарон низ бо камоли майл саҳм мегузоранд.
Дар синфҳои болоӣ (7-8) интихоби матнҳо барои китоби дарсӣ аз “Калила ва Димна”, “Самаки айёр”, “Синдбоднома”,  “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт”, “Ҳазору як шаб”, “Ахлоқи Муҳсинӣ”, “Қобуснома”, “Гулистон”-и Саъдӣ, “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров, “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Эмомалӣ Раҳмон, мақолаҳои илмӣ, насри муосири тоҷик ва Эрону Афғонистон мувофиқи матлаб аст. Ҳамчунин, интихоби намунаҳои тарҷумаи ҳол, ариза, забонхат, мактуб (нома) ва дигар муҳимоте, ки насли ҷавон оянда дар тӯли умр бо онҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, суди зиёде дар пай дорад. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки аксарияти хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, баъди номаи камолро ба даст гирифтан, ба сари худ ариза, тарҷумаи ҳол, нақли хаттӣ, иншо навишта наметавонанд.
Бигирем, пораи зеринро аз китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров (услуби илмӣ): “Исмоили Сомонӣ аз муборизаи оммаи халқ барои истиқлолият истифода бурда, нахустин бор пас аз истилои Араб сарзамини дар натиҷаи задухӯрдҳои дохилӣ парешонгардидаро ба ҳам муттаҳид намуд ва давлати бузурги мусаҳкаме ба вуҷуд овард. Вай дар баробари барҳам додани ҳукумати Саффориён ҳокимияти худро на танҳо дар Мовароуннаҳр ва Хуросон мустаҳкам кард, балки ба як қатор вилоятҳои шарқӣ ва шимолии Эрон соҳиб гардида, истиқлолияти ҳақиқии давлати ташкилкардаи худро нисбат ба хилофати Араб таъмин намуд”. 
Ин пора, дар баробари дили толибилмонро аз ҳисси ифтихор лабрез намудан, дар зеҳни онҳо қолиби ҷумласозии илмиро ташаккул медиҳад.
Матнҳои насрӣ (бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ) дар синфҳои 7-8 ё 9 метавонанд то  даҳ банд ё ду саҳифаи китобӣ афзоиш ёбанд. Дар ҷараёни таҳсил даст ба корҳои амалӣ (диктант, нақли хаттӣ ва иншо) задани хонандагон ҳатмист. Зеро корҳои амалӣ намоёнгари сатҳи забондонии хонанда ва маҳсули кори омӯзгор аст.
Бад-ин тариқ, толибилмон аз синфи 1 то синфи 8 ё 9 тақрибан 600-700 матни хурду бузурги бадеӣ, илмӣ ва публитсистиро ҳифз менамоянд. Итминони комил дорем, ки дар ин фосила: а) Захираи луғавии навад дар сади толибилмон ғанӣ мегардад; б) Аз ҳама муҳимаш дар зеҳни онҳо қолаби ҷумлаҳо ташаккул меёбад, малакаи ҷумласозӣ ва ҷумлапардозӣ ҳосил мекунанд; в) Матлаберо, бе ишкол, хаттӣ ё даҳонӣ баён карда метавонанд...
Суоле мантиқӣ ба миён меояд, ки толибилмон дар синфҳои 9-10 ё 11 бо чӣ кор машғул мешванд? Ҷавоб ин аст, ки дар тӯли 8 сол захираи луғавии онҳо ғанӣ гардид, қолибҳои ҷумла ва ҷумлсозӣ дар зеҳнашон ташаккул ёфт ва малакаи бе ишкол хаттӣ  ё даҳонӣ баён кардани матлаберо ҳосил намуданд. Акнун онҳо дар ду соли боқимонда, дар асоси мантҳои ҳифзнамудаашон, метавонанд дастури забон омӯзанд: бо кумаки омӯзгор ҳарфҳои садоноку бесадоро муайян кунанд, калимаҳоро ба ҳиссаҳои нутқ ҷудо созанд, хелҳои ҷумла, сараъзо ва аъзои пайравро муайян намоянд, яъне бо таҳлили морфологию синтаксисии ҷумлаҳо ва дигар амалҳое, ки қоидаи забон тақозо дорад, машғул шаванд...
Фикр мекунам, таълими забон бо  ин усул, сарфи назар аз он ки тоҷикон дар кадом минтақаи дунё ба сар мебаранд, ба боло рафтани сатҳи забондониашон мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бар онам, ки тоҷикон дар андак фурсат метавонанд ба ҳамзабонони хориҷии худ – форсигӯёни Эрону Афғонистон расидагӣ кунанд, ҳатто, як-ду қадам пеш гузоранд.
Шояд нуқтаи назар ва натиҷагириҳои инҷониб такмил мехоҳанд ва ба коркарди дастҷамъӣ ниёз доранд. Ба ҳар ҳол, бисёр мехостам, ки роҳбарият, аҳли илм  ва мактабу маорифи кишвари ҳамсояи мо– Тоҷикистон сари ин қазия биандешанд. Зеро дар дигар минтақаҳое, ки мактабҳои тоҷикӣ вуҷуд доранд, аз ҷумла Ӯзбекистон, дастандаркорон пеш аз он ки чунин пешниҳодҳоро барои чораандешӣ бипазиранд, мулоҳиза мекунанд, ки Тоҷикистон чӣ мегуфта бошад. Охир муаллифи ғоя, ақаллан, номзади илм нест, балки як филологи одӣ...

А. СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: