ЗАБОНИ ШЕЪРҲОЯШ ЗАБОНИ ХАЛҚ БУД

Салим Кенҷа.

Салим Кенҷа. Бо ин ном аз овони мактабхонӣ ошноям. Дар қатори дигар рӯзномаҳо мо — мактабиён ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») низ, ки нархи солонааш 4 сӯму 08 тин буд, обуна мешудам. Саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат»-и он сермазмун мебаромад. Дар қатори қаламиҳои дигарон шеърҳои устод Салим Кенҷа низ ба дасти нашр мерасиданд. Хонда хеле баҳра мебурдем. Он солҳо ба гӯшаи хаёлам намеомад, ки рӯзе риштаи шогирдию устодӣ моро ба ҳам мепайвандад.
Соли хониши 1972-73, баъди хатми мактаби миёна, ба факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории ба номи С. Айнии Самарқанд ҳуҷҷат супурдам...
Рӯзе ҳамкурсон хабар доданд, ки аз фанни педагогика ба мо шоир Салим Кенҷа дарс медодаанд. Фикр мекардам, шахси ҳавобаланданду карру фарри зиёд доранд. Вале рӯзи якуми машғулот фикрҳоям мисли абри баҳорӣ пароканда шуданд. Як инсони зиндадил ва хоксору одипӯше рӯ ба рӯям қарор дошт. Аз чеҳрааш нур меборид, фикр мекардед, ки дар баробари лабонаш, дилаш низ механдад.
Шеър машқ кардани инҷонибро ҳамкурсон расондаанд. Рӯзе, вақте рӯ ба рӯ омадем, гуфтанд: «О, мардум шуморо шоир аст мегӯянд. Кай шеърҳоро меоред?». Гуфтам: «Ҳамааш машқ, хому хатала, устод». Гуфтанд: «Ин табиист, ҳама якбора шоир нашудаанд, шарм надоред». Устод баъзе шеърҳоро таҳрир карда, гирумон меомӯхтанд. Бо пешниҳоди он кас ба узвияти маҳфили адабие, ки бо иштироки устодон Болта Ортиқзода, Нор Остонзода, Акбар Пирӯзӣ, Бахтиёр Ҷумъа, Солеҳ Саид Мурод мегузашт, пазируфта шудам.
Устод беҳтарин намунаҳои эҷоди аъзои маҳфилро худашон ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» расонда, чоп мекунонданд. Ин корҳо навқаламонро ба адабиёт дилгарм месохт. Ёд дорам, вақте нахустин шеърам дар рӯзнома чоп шуд, хурсандиам ҳадду канор надошт...
Бале, устод Салим Кенҷа ба бисёр навқаламон ҳаққи устодӣ доранд. Бо донишҷӯён мисле ки бо ҳамсоли худ суҳбат дошта бошанд, муносибат мекарданд.  Устод, дар баробари сабақ додан дар донишгоҳи давлатии Самарқанд, дар радиои вилоятӣ муҳаррири бахши тоҷикӣ буд. Лавҳаю мақола ва шеърҳои навқаламонро ба самъи мардум мерасонд. Дар байни мардум аз тарғибгарони фаъоли минбари ягонаи тоҷикони ҷумҳурӣ — «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буданд.
Устод ба он маъно, ки содаву равон ва оммафаҳм менавиштанд, шоири халқӣ буданд. Шеъри аз таъбиру ибораҳои халқӣ саршорашон зарофате дорад. Дебочаи суханашон бо дӯстону ҳамкорон ва шогирдон ин буд: «Салим Кенҷа, ман ҳаминҷа!»...
Устод ба як пора хоки Ватани маҳбуб — Самарқанди қандманд меҳри беандоза доштанд:
Касе, ки мешавад як бор 
меҳмони Самарқандам,
Шавад як умр мафтуни 
Регистони Самарқандам.
Маноронаш чу шоирҳои 
номӣ рост истода, 
Қироат мекунанд ашъору 
дастони Самарқандам...
Дирӯз хабари фавти устод — шоири маҳбуб, педагоги моҳир дили мо — шогирдон ва аҳли қалами рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро андӯҳгин кард. Устод дар синни 86 ин дунёи фониро падруд гуфтанд. Равонашон шод, хонаи охираташон обод бод!  
— Дар ҷанозаи устод, ки дар масҷиди ҷомеи Хоҷа Абдударун баргузори шуд, қариб 4 ҳазор нафар ширкат ҷустанд, — гуфт хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода. — Ин нишони ҳурмату этироми самарқандиён ба аҳли қалам аст. 
Аз устод дар баробари фарзандони нек, сарвати маънавӣ: китобҳои шеърии зиёде, ба мисли «Сайқали дил», «Садои Самарқанд», «Шодию ғамҳои ман», «Зарофати дӯстон», «Меҳр ва шеър» ба мерос монд. Фикр мекунам, ҳарчанд зиндагии ҷисмонии устод ба поён расида, зиндагии рӯҳониашон оғоз ёфтааст. Ба қавле, ҷояшон дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
 
Абдулло СУБҲОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: