ЗАБОНИ ТОҶИК Ё ЗАБОНИ ТОҶИКӢ?

Пас аз солҳои бисти асри XX дар иртибот ба он баҳсҳое, ки атрофи забони тоҷикӣ сурат гирифта буданд, дар матбуоти даврӣ аз ҷониби адибону равшанфикрони он замон номи забони тоҷикӣ дар бештар маврид дар шакли «забони тоҷик» муаррифӣ мешавад, ки ин қолаб дар муқобили қолаби меъёрӣ ва суннатии номи «забони тоҷикӣ» ғалат мебошад.

Пас аз солҳои бисти асри XX дар иртибот ба он баҳсҳое, ки атрофи забони  тоҷикӣ сурат гирифта буданд, дар матбуоти даврӣ аз ҷониби адибону равшанфикрони он замон номи забони тоҷикӣ дар бештар маврид дар шакли «забони тоҷик» муаррифӣ мешавад, ки ин қолаб дар муқобили қолаби меъёрӣ ва суннатии номи «забони тоҷикӣ» ғалат мебошад. Аммо ин ғалати машҳур дар корбурди забони мо аз он солҳо то ба имрӯз идома дошта, гӯё, воқеан номи ин забон на «забони тоҷикӣ», балки «забони тоҷик» буда бошад. Ин  қолаби ғалат дар номи забон ба гунаи «забони тоҷик» дар нашрияҳои маъруфе ҳамчун «Овози тоҷик» ва «Роҳбари дониш» дар муқобили қолаби дурусти «забони тоҷикӣ» истифодаи хеле фаровон доштааст, ки  ин аз маводи ин рӯзномаҳо ва нашрияҳои дигар низ ба хубӣ бармеояд.
Қолаби «забони тоҷик» дар шумораҳои гуногуни ин ду нашрияи дар боло зикршудаи солҳои 1928-1930 дар ибораҳо ва  таркибҳое чун «забони тоҷик», «забони авомфаҳми тоҷик», «забони адабии тоҷик», «забони нави адабии тоҷик», «забони имрӯзаи тоҷик», «забони умумихалқии тоҷик», «забони равони тоҷик», «забони ширини тоҷик», «забони асосии тоҷик», «забони зиндаи тоҷик», «лаҳҷаҳои тоҷик», «лафзи тоҷик», дар китоби «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (қисми 1, Душанбе, 1973, с. 14), «забони адабии пешазреволютсионии тоҷик», «забони пешазреволютсионии адабии тоҷик», «забони миллии тоҷик» дар номи китоби сарфу наҳви Абдурауфи Фитрати Бухороӣ – «Қоидаҳои забони тоҷик», «луғати забони тоҷик» фаровон ба кор рафтааст. Якҷо бо ибороту тартиботи ёдшуда дар чанде аз мақолаҳои он солҳо қолаби «забони тоҷикӣ», «забони адабии тоҷикӣ», «забони зиндаи тоҷикӣ», «забони адабии оммафаҳми тоҷикӣ», «забони оммаи тоҷикӣ», «забони соддаи тоҷикӣ» низ аз ҷониби бархе аз муаллифон истифода шудааст. Баъдан, номи забони тоҷикӣ дар китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва грамматикаи академӣ дар чунин қолабҳо ва унвонҳо мавриди истифода қарор гирифт: «забони адабии ҳозираи тоҷик», «грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик», солҳои баъдӣ – «забони адабии муосири тоҷик» ва ғ. Дар факултаҳои филологияи тоҷики донишгоҳҳо то ба ҳол фанҳое низ таҳти номи «забони адабии ҳозираи тоҷик» ва ё «таърихи забони адабии ҳозираи тоҷик» дарс гуфта мешавад, ки ин бори дигар далели устувории чунин як қолаби ғалати маснӯӣ дар андеша ва зеҳни чандин насли забоншиносон ва то ба ҳол ислоҳ нашудани он дар илми забоншиносӣ мебошад. Муқоиса шавад истифода аз ҳамин қолаби ғалат дар номҳои «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии ҳозираи тоҷик» ва ё «Терминологияи тоҷик».
Дар он солҳо якҷо бо ибораи «забони тоҷик» аз ибораи дурусти «забони тоҷикӣ» низ истифода шудааст, ки инро дар чанде аз навиштаҳо метавон мушоҳида кард. Дар муқобили ибораи «забони тоҷик», ки аз ҷониби адибон дар он давра корбурди фаровон доштааст, шакли дуруст ва меъёрии номи забони мо дар унвон ва матни китоби К. Д. Громатович ва В. А. Дмитревский бо номи «zaboni tojiki» дар қолаби суннатии вожасозӣ ба воситаи пасванди нисбии i (-ӣ) ба кор рафтааст (Gromatovic va Dmitrevskiy 1929).
Ҷолиб он аст, ки бинобар нашри ин дастури омӯзишӣ дар соли 1929 барои аврупоиёне, ки дар Дастгоҳи давлатии Ҷумҳурии Мухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Ӯзбекистон хидмат мекарданд, таҳия шуда буд, номи забон аз ҷониби ховаршиносони рус дар қолаби дурусти меъёрӣ муаррифӣ гардида, аммо дар таълифоти бархе аз  адибону равшанфикрони тоҷик номи забони тоҷикӣ бар хилофи қоидаҳои дастури забон дар як шакли хориҷ аз меъёри вожасозӣ, яъне «забони тоҷик» истифода шудааст, ки ин, воқеан ҷойи тааҷҷуб мебошад. Бояд тазаккур дод, ки ховаршиносони Ғарб бо истилоҳи «забони тоҷикӣ» (на «забони тоҷик») тавассути як таълифоти Ф. Тойфел ҳанӯз дар охири асри XIX ошноӣ пайдо карда буданд (Toufel 1884,241). Ф. Тойфел истилоҳи забони тоҷикиро бар ивази истилоҳи забони форсӣ бори нахуст дар нисбати забони тоҷикони Бухоро ба кор бурдааст (Ниг: Оранский 1979. 111).
Дар рӯзномаи «Овози тоҷик», (29-декабри соли 1930) дар иқтибос аз банди 5 қарорҳои Анҷумани якуми илмии Тоҷикистон ибораи «забони араб» ба кор рафтааст, ки ин низ дар баробари «забони тоҷик» ва «забони форс» далели корбурди чунин қолаб дар ин ҳавзаи забонӣ мебошад. Муқоиса шавад: дар забони ӯзбекӣ tojikcha 1. тоҷикӣ; 2. номи забони кишвари Тоҷикистон, забони тоҷик (Farhange uzbaki bi farsi 1386. j.2, с.989) ва ё дар лаҳчаи Бухоро ӯзбакча ба маънои ӯзбекӣ: «Пуртаринаш ӯзбакча гап мезананд эрониҳо-йа»; ӯзбакчаба нағалтидан «ба забони ӯзбекӣ сарфаҳм нарафтан, ӯзбекиро надонистан», «моҳо ӯзбакчаба намеғалтем: ӯзбакчайа интухин нағз намеафтад» (Маҳмудов, Бердиев 1989, 264). Қолаби ӯзбекии «тоҷик тили» тарҷумаи вожа ба вожаи «ӯзбек тили» буда, баргардони он «забони тоҷик», яъне «тоҷик тили» (бидуни аломати сифати нисбии-ӣ дар номи «тоҷикӣ») мебошад. 
Дар иртибот ба ин шарҳи «Фарҳанги узбакӣ бе форсӣ» муқоиса шавад дар «Фарҳанги форсии имрӯз» «тоҷикӣ» – номи забони кишвари Тоҷикистон, забони тоҷик (Фарҳанги форсии имрӯз 1374, с.313). Аммо дар ҳамин фарҳанг вожаи «узбакӣ», на «забони узбак», балки дар шакли дуруст «забони мардуми узбак» маънӣ шудааст. Ҳамчунон ки мебинем, ибораи «забони тоҷик» ҳамчун ғалати ом ва иштибоҳи он солҳо ба фарҳангҳои форсӣ низ таъсир гузоштааст. Дар ҳамин қолаби бегонаи забонӣ пас аз он ки пули миллӣ ба муомилот ворид карда шуд, дар бархе аз лаҳчаҳо қолаби «пули тоҷик» (бар ҷойи қолаби дурусти «пули тоҷикӣ») пайдо шуд, ки ин як намунаи дигари корбурди қолаби мазкур дар бархе аз ҳавзаҳои дузабонии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба шумор меравад.
Тибқи меъёр ва қоидаҳои дастури забони форсӣ-тоҷикӣ номи забонҳое, ки бо номи мардумон ва ё қавмҳову миллатҳо иртибот мегиранд, дар қолаби изофӣ ба воситаи сифати нисбӣ бо пасванди ӣ (-1 -1g -1k, эронии бостон*-yaka-) ташкил мешаванд (Дар бораи таърихи пасванди -1 ниг: Salemann GIPh, 279; Расторгуева, Молчанова 1981, 69).
Дар ин қолаби изофӣ, ки яке аз равишҳои маъмули суннатӣ дар таърихи забони мо маҳсуб мешавад, иртиботи ҷузъҳо бар асоси мансубияти як ҷузъ ба ҷузъи дигар дар шакли сифати нисбӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, тибқи чунин қоидаи дастури забони тоҷикӣ номи забон дар шакли сифати нисбӣ, яъне тоҷикӣ ба вожаи забон (забони тоҷикӣ) иртибот гирифта, бо доштани нишонаи морфологӣ ва ё сарфӣ бо пасванди «-ӣ» метавонад бидуни муайяншавандаи худ, яъне вожаи забон низ ба танҳоӣ истифода шавад. Ба таври мисол форсӣ (забони форсӣ), паҳлавӣ (забони паҳлавӣ), тоҷикӣ (забони тоҷикӣ), курдӣ (забони курдӣ), тотӣ (забони тотӣ), толишӣ (забони толишӣ) ва ғ.
Аслан истифодаи қолаби «забони тоҷик» маънои манфӣ дошта, ин қолабро дар нисбати забонҳои дигар наметавон истифода кард. Магар мо метавонем «забони рус», «забони ӯзбек», «забони қазоқ», «забони қирғиз», «забони курд», «забони толиш», «забони арман» ва ғ. гӯем ва нависем? Чунин қолаб дар номи ҳеҷ кадоме аз ин забонҳо қобили истифода нест. Ҳамчунон ки мушоҳида мешавад ин қолаб махсуси ҳавзаҳои дузабонии тоҷикӣ-ӯзбекӣ буда, иллати корбурди он таъсири сохтори забони бегона маҳсуб мешавад. Дар ҳама маврид номи забон тавассути пасванди «-ӣ» ҳамчун нишонаи мансубият ва ё нисбат ба мардумони дорои ин ва ё он забон мебошад, ки ин баёнгари мансубияти забон ба номи ҳамон қавм ва ё миллат аст.
Қолаби «забони тоҷик» дар гуфтор ва ё лаҳҷаи мардуми Бухоро бар ивази қолаби меъёрии «забони тоҷикӣ» ба кор рафта, ки намунаҳои онро аз навиштаҳо ва ёддоштҳои муҳаққиқони хориҷӣ дар даст дорем. Намунае чанд аз истифодаи ин қолаб дар лаҳҷаи Бухоро аз сабти О. А. Сухарева (Сухарева 1966, 125) ва Ф. Д. Люшкевич (Люшкевич 1971, 43, 45):
«Престарелый житель квартала Гозиён, Я-хъё ходжа, сказав, что таджикязычное насиление его квартала – узбеки, пояснил: «Вахташ-ба Эрон омадаги, лафзи ино тоджик, мо тоджики ёдгирифта омадаги» (Во время они проходили сюда персы,  а язык у них – таджикский, у них мы и научились таджикскому) (Сухарёва 1966, 125). Дар як сабти соли 1950 аз қавли Саъдуллоев (соли таваллуд тақрибан 1875) О. А. Сухарёва дар тарҷумаи русӣ чунин овардааст: «Во всех гузарах Бухары живут узбеки, язык у них – таджикский, но это ничего не значит: когда узбек начинает говорить по – таджикский, он от этого таджиком не становится.
русский говорит по – узбекский, но вед он не узбек» (Сухарёва ҳамин ҷо).
Қолаби дигари мустаъмал дар ҳавзаи забонии Бухоро дар баробари қолаби «забони тоҷик» ибораи «лафзаш тоҷик» маҳсуб мешавад. Дар иртибот намунаеро аз маводи мақолаи Ф. Д. Люшкевич метавон зикр кард: «Ин қишлоқ эрониҳо, он қишлоқ сунниҳо. Лафзаш тоҷик». В этом кишлаке ирони, в том – сунниты, язык их (тех и других) таджикский; – сказали нам, например, в кишлаке Кухна Мачит (Люшкевич 1971, 43). Дар ҷойи дигари ҳамин мақола аз номи як нафар бошандаи деҳаи Зиробод Мулло Ёдгор дар мавриди роиҷ будани қолаби «забони тоҷик» метавон ин намунаро зикр кард: «Агар аз аҳли Эрон меоянд – эронӣ мегуим, агар аз ҷамъияти мо меоянд – гуем форс. Мо аҷам ҳастим ба маънои форс. Забони мо форс, миллати мо шеа». Тарҷумаи Ф. Д. Люшкевич: «Если приезжают из Ирана, то говорим – ирони, из нашей среды – форс. Мы, как иранцы, называемся форс. Язык наш персидский, народность шииты» (Лушкевич 1971, 45-46.).
Ҳамчунон ки аз намунаи боло дида мешавад, таркиби «забони мо форс» ба маънои «забони мо форсист» низ забон на ба гунаи сифати нисбии «форсӣ», балки дар шакли «форс», яъне «забони форс» ба кор рафтааст. Муқоиса шавад истифодаи ҳамин қолаб дар номи «забони тоҷик», «забони форс» ва «забони араб». 
Намунаи ҷолиби дигар дар мақолаи Т. Зеҳнӣ «забони форсии афғон» (Овози тоҷик 4 ва 6 декабри 1928) ба мушоҳида мерасад.
Мутобиқи меъёр ва грамматикаи забони тоҷикӣ номи забонҳое, ки ба номи қавму миллатҳо ва ё номи кишварҳо мансубанд, дар ибораи изофӣ номи забон ҳамчун муайянкунанда дар шакли сифати нисбӣ пас аз вожаи муайяншавандаи забон қарор гирифта ва дар ин робитаи изофӣ номи забон бидуни истисно дар  шакли сифати нисбӣ ба кор меравад. Ба таври намуна: забони тоҷикӣ, забони арабӣ, забони русӣ, забони курдӣ, забони арманӣ, забони англисӣ ва ғ.
Дар қолаби изофӣ, ки дар равиши суннати забон ташкил шудааст, ҷузъи дувум ҳатман бо доштани нишона ва ё аломати мансубият ва ё нисбат дар қолаби сифати нисбӣ дар робитаи вобаста будани як ҷузъ ба ҷузъи дигар қарор мегирад ва ҷузъи дувум, яъне номи забон ба ҷузъи якум вожаи забон тобеъ буда, онро ташхис менамояд. Аз ин рӯ номи забон дар шакли сифати нисбӣ бо пасванди «ӣ» (-1  -1g  -1k) метавонад бидуни вожаи забон, яъне ҷузъи нахуст низ истифода шавад. Ба таври мисол: форсӣ, паҳлавӣ, тоҷикӣ, курдӣ, русӣ, англисӣ ва ғ. аз ибораҳои забони форсӣ, забони паҳлавӣ ва ғ. Ин шакл дар қолаби вожасозии забони тоҷикӣ далели мансубияти забон бо номи қавму миллат, кишвар ва ё шаҳр мебошад.
Масалан, дар осори таърихнависони даврони исломӣ, аз ҷумла Мақдисӣ, дар «Аҳсан-ут-тақосим» (дар тарҷумаи форсӣ аз арабӣ) метавон аз ин чанд намуна далел овард:
«Забони Тус ва Нисо наздики нишобурӣ аст, забони Хуҷистон миёни маврӣ ва балхӣ аст ва забони Бомиёну Тахористон наздик ба  балхӣ аст..., забони хоразмӣ фаҳмиданӣ нест, забони тирмизӣ наздики балхӣ аст» (с.490-491).
Дар намунаҳои боло қолаб чунин аст:
1. забони Тус, Нисо, Бомиён, Тахористон ва ғ.
2. (забони) нишобурӣ, маврӣ, балхӣ, хоразмӣ, тирмизӣ (бо пасванди ӣ-и нисбат). Чун дар ҳолати дувум номи забон дар шакли сифати нисбӣ ба кор рафтааст, бинобар он аз вожаи забон истифода нашудааст.
Ин равишро метавон дар осори даврони Ҳохоманишиён ба хати мехӣ ва забони форси бостон, дар сангнавиштаи маъруфи Дориюши I дар Бесутун (сутуни IV сатрҳои 89-90) пайдо кард: Oatiy Darayavaus xsaya0iya vasna Auramazdaha i (ya)m dipimay ty (am) adam akunavam patisam ariya aha uta pavastaya uta carma gradita aha.
«Шоҳ Дариюш гӯяд: ба хости Аҳурамаздо ин набиштаи ман (аст), ки ман кардам. Ҳамчунин ба ориёӣ буд, ҳам дар лавҳ ҳам дар чарм нигошта шуд». Дар ин ҷо ariya, яъне «ба ориёӣ» ба маънои «ба (забони) ориёӣ» буда ва он дар шакли сифати нисбӣ ёд шудааст. 
Ҳамин равиш дар қолаби сифати нисбӣ дар забони форсии миёна parsik//parsig, яъне «порсӣ» дар ду маъно ҳам номи қавм ва ҳам номи забон (забони порсӣ, яъне форсӣ) корбурд доштааст.
Бармегардем ба қолаби «забони адабии ҳозираи тоҷик».
Манбаи иқтибоси ин қолаб баргардони қолаби русии «современный русский литературный язык» ва дар забони тоҷикӣ «современный таджикский литературный язык» маҳсуб мешавад. Ин ном, ки  аз чаҳор вожа иборат аст, дорои ин чанд иштибоҳ мебошад:
1. Қолаби ибораи «забони тоҷикӣ» устувор буда, ҳама гуна сифоти дигари ташхисдиҳандае, ки ба ин ном иртибот мегирад, бар асоси қоидаи маъмул пас аз номи забон афзуда мешавад. Барои мисол «забони порсӣ ва ё форсӣ», якҷо бо сифати ташхисдиҳандаи он «дарӣ» «забони порсии дарӣ// форсии дарӣ». Яъне «дарӣ» ҳамчун сифати порсӣ (форсӣ) пас аз номи порсӣ (форсӣ) афзуда мешавад, ки бо ин далел наметавон номи забонро «дарии порсӣ (форсӣ)» номид. Аз  ин ҷост, ки «дарӣ» ҳамчун гунаи сабки порсӣ (форсӣ) дар номи забон бар ивази порсӣ (форсӣ) низ ба кор меравад:
забони дарӣ-порсӣ ва ё форсӣ.
2. Дар қолаби «забони адабии хозираи тоҷик» бидуни калимаҳои «адабии ҳозира» номи забон боз ҳамон «забони ... тоҷик» боқӣ мемонад.
3. Дар таркиби ин ном истифодаи калимаи «ҳозира» дар ибораи «забони ҳозира» ё «забони адабии ҳозира» низ ғалат аст. Ҳамчунон ки медонем, калимаи арабии «ҳозира» (?) шакли муаннаси «ҳозир» буда, «ҳозир» дар арабӣ сифати фоилӣ аз «ҳузур» ба маънои «ҳузурдоранда, ба ҳузур» омада ва зидди ғоиб; омода, муҳайё, мавҷуд мебошад» («Фарҳанги форсии Амид» 1387, 772);
4. Дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (ҷ.1, 487)   ниг:  1) присутствующий; 2) готовый; согласный; 3) данный; настоящий.
Калимаи арабии «ҳозира» (аз ҳозир), ки дар забони тоҷикӣ истифода мешавад, махсуси меъёри забони классик ва ё адабӣ нест.
Дар луғати русӣ-тоҷикӣ (М. 1985) нынешный – 1. разг. ҳозира; 2 прост. имрӯза ва калимаи «современный (дар маънои 3.) – ҳозира муосир ҳозиразамон», дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (Душанбе 2006) «ҳозира-современный; настоящий»; замони ҳозира-настоящее время.
Калимаи «современный», ки дар забони тоҷикӣ онро «ҳозира» баргардон кардаанд, дар ҳама фарҳангҳои русӣ ба форсӣ ва форсӣ ба русӣ «муосир, кунунӣ» маънӣ шуда ва дар номи забон низ муҳтаво ва маъно на «ҳозир», яъне «ҳузурдошта дар муқобили ғоиб», балки «муосир», яъне марбут ба аср ва ё кунунӣ аст.
Иштибоҳ дар корбурди вожаи «ҳозира» дар забони ба истилоҳ «адабии ҳозираи тоҷик» ғалати тарҷумонҳо буда ва он маҳз аз роҳи тарҷумаи мафҳуми русии «современный литературный язык»  ба забони тоҷикӣ ворид карда шудааст. Ин иштибоҳ мисли корбурди ғалати садҳо вожаҳои дигар то ба имрӯз дар забони тоҷикӣ мавриди истифодаи забоншиносон, ба хусус устодони донишгоҳҳо, қарор дорад.
Бояд тазаккур дод, ки чунин иштибоҳ дар корбурди вожаи «ҳозира» ба маънои «муосир» танҳо махсуси забони тоҷикӣ мебошад. Дар мавриди истифодаи дурусти ин вожа муроҷиат шавад, ба фарҳангҳои форсӣ ва фарҳангҳои дузабонаи русӣ ба форсӣ, форсӣ ба русӣ, қомуси русӣ ба пашту ва дарӣ, ҳамчунин фарҳанги арабӣ ба русӣ ва ғ.
Қолаби ба таври сунъӣ сохташудаи «забони адабии ҳозираи тоҷик» барои номи забон қобили қабул набуда ва он дар чунин шаклҳо бояд ислоҳ карда шавад:
1. забони тоҷикӣ, на забони тоҷик
2. забони тоҷикии адабӣ, на забони адабии тоҷик ва ё забони адабии тоҷикӣ.
3. забони тоҷикии муосир (кунунӣ), на забони ҳозираи тоҷик.
4. забони тоҷикии адабии муосир, на забони адабии ҳозираи тоҷик.
Қолабҳои дигар: забони тоҷикии меъёр, забони тоҷикии навишторӣ, забони тоҷикии гуфторӣ ва ғ.
Имрӯз аз ибораи «забони тоҷик» вожаи мураккаби «тоҷикзабон» сохта шудааст, ки шакли дурусти он «тоҷикизабон» маҳсуб мешавад. Вожаи мураккаби «тоҷикизабон»  муодили мафҳуми «дорои забони тоҷикӣ» буда ва он дар қолаби «форсизабон» шакл гирифтааст. Муқоиса шавад иборатҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ забони паҳлавӣ (на забони паҳлав): «Агар паҳлавӣ ту надонӣ забон», яъне  «агар ту забони паҳлавиро надонӣ».
Аз ин шакл метавони вожаи мураккаби «паҳлавизабон»-ро дар равиши «форсизабон» қолаб зад, ки аз инҷо на «тоҷикзабон», балки «тоҷикизабон» шакли меъёрӣ дониста мешавад.
Сохтаҳо ва бофтаҳои ғалате ҳамчун «адабиёти форсу тоҷик» (Форс номи кишвар, аммо тоҷик номи миллат), адабиёти даҳанакӣ устная литература, бар ивази адабиёти шифоҳӣ; «эҷодиёти даҳонии халқ» устное народное творчество ва ғ., ки бар хилофи қоидаҳои забон аз ҷониби донишмандон дар солҳои қаблӣ сохта шудаанд, имрӯз бояд ислоҳ карда шавад ва номи забони миллии мо, ки яке аз муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст, барои миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шакли дуруст ва бидуни иштибоҳ муаррифӣ гардад.

Додихудо САЙМИДДИНОВ, 
доктори илмҳои филологӣ, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: