Забони хушоҳанги тоҷикӣ (форсӣ) ё дарӣ яке аз забонҳои қадиму муқтадири дунёст.
Дар гузаштаи дур аҳли адаб онро забони шеър қаламдод кардаанд. Вале он натанҳо забони шеър, балки забони илм, сиёсат ва давлатдорӣ низ будааст. Барои он ки ин забони муқтадир забони шеър, сиёсат ва давлатдорӣ шавад, саромадони миллат басе ранҷ бурдаанд.
Яке аз онҳо поягузори адабиёти классикии форсизабонони дунё Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст. Дар замоне, ки мамлакат дар тасарруфи хилофати араб буду бо кинояи Фирдавсӣ «ҳама ном Бӯбакру Умар» мешуд (Чу бо тахт минбар баробар шавад, Ҳама ном Бӯбакру Уммар шавад) ва аҳли адаб рӯ ба арабинависӣ ниҳода буданд, ин абармард бо дастгирии шоҳ Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ва шеъри ноби хуросониаш барои истиқлолияти забони меъёрии тоҷикӣ мубориза бурд. Ҳамасронаш Абӯшакури Балхӣ, Робияи Балхӣ, Муродӣ, Марвазӣ, Дақиқӣ ва дертар Абулқосими Фирдвсӣ бо «Шоҳнома»-и безаволаш дар таҳкимёбии истиқлолияти забони тоҷикӣ ҷоннисориҳо карданд. Ин буд, ки бо мурури вақт, забони тоҷикӣ доираи корбурди забони арабиро танг кард.
Дар ҳамчун забони илм ташаккул ёфтани забони тоҷикӣ Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯрайҳони Берунӣ бо осори худ «Донишнома» ва «Китоб-ат-тафҳим» нақши муҳим бозидаанд. Дертар бо ин забон асарҳои зиёди илмӣ доир ба фалсафа, таърих, ҷуғрофия, риёзиёт, тиб... таълиф шуданд.
Вақте таърихи адабиёти тоҷикро (форс) сафҳагардонӣ мекунем, шоҳиди он мегардем, ки бо ин забони ноб дар тӯли таърихи дароз сафарнома ва қиссаву романҳои зиёде ба мисли «Сафарнома», «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Самаки айёр», «Абӯмуслимнома», «Марзбоннома», «Қисас-ул-анбиё», «Ҳазору як шаб», «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ул- ривоёт», «Ахлоқи Муҳсинӣ» ва ғайра офарида шудаанд. Ҳарчанд қисмате аз онҳо асари тарҷумавианд, вале дар аксарияташон нафосат ва шеваи баёни тоҷикӣ нигоҳ дошта шудааст.
Забони мо забони дарӣ низ номида шудааст. Мисол:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.
Дарӣ, яъне чӣ? Дарӣ аз вожаи «дар» – даргоҳ, дарбор таркиб ёфтааст. Дар даргоҳ ё дарбори шоҳону амирон дар қадим бо забони мураттаби (меъёрӣ) тоҷикӣ ҳарф мезадаанд. Ва осори назмиву насрӣ низ бо ҳамин забони мураттаб навишта мешуд, фармону қарорҳо доир мегардид. Мураттаб ба он маънӣ, ки бо салосати худ аз забони авом фарқ дошт. Биноан, он забонро забони дарӣ, яъне дарборӣ низ номидаанд. Як ҳақиқати таърихиро ҳеч кас маҷоли инкор кардан надорад. Дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон, баъд аз давлатдории Сомониён то ибтидои садаи ХХ, забони тоҷикӣ (форсӣ) забони илму адаб ва давлатдорӣ буд, фармону қарорҳои зимомдорон аксар бо ин забон доир мегардиданд, таърих, ҷуғрофия, ҳандаса, нуҷум... бо ин забон навишта мешуд.
Ҳуҷуми мӯру малахвори чингизиён ба Осиёи Марказӣ ва манотиқи дигар талафоти зиёди ҷонӣ ва моддиву маънавӣ дар пай дошт. Вале аз ҷониби онҳо шикаст дода шудани хилофати араб домани корбурди забони тоҷикиро густурдатар кард. Метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ комилан ба истиқлолият расид.
Аҳди темуриён давраи гул-гулшукуфии забон, адабиёт, илм ва фарҳанги тоҷикӣ буд. Хоссатан таърихнигорӣ, риёзиёт, ҳандаса ва илми ситорашиносӣ хеле рушд кард...
Рӯзгоре буд, баъзеҳо даъво доштанд, ки забони тоҷикӣ забони илм нест, наметавон бо ин забон таълифоти илмие анҷом дод. Ин фикри ғалат, ки навиштаи рӯйи яхро мемонад, дар аҳди шӯравӣ пайдо шуда буд. Пӯшида нест, ки дар он аҳд забони русӣ забони ҳоким буд ва рисолаҳои илмӣ, бино ба талаби боло, бо забони русӣ дифоъ карда мешуданд... Забон ва миллати ҳоким рӯйи дороиҳои моддӣ ва маънавии миллатҳои тобеъ парда пӯшида буд. Аммо бо вуҷуди маҳдудияту масдудиятҳо, забони илмии тоҷикӣ аз тараққиёт бознамонд. Асари илмию фундаменталие бо номи «Тоҷикон» (муаллиф академик Бобоҷон Ғафуров) арзи ҳастӣ кард, ки дастуруламали донишҷӯён ва таърихнигорони минтақа гардид. Ба чандин забонҳои дунё тарҷума шудани он дили ҳар як тоҷикро аз ҳисси ифтихор лабрез месозад. Истиқлолият ва адолати иҷтимоӣ, воқеан, неъматҳои бебаҳоянд, ки имрӯз зебоӣ ва қудрату тавоноии забони тоҷикиро бори дигар ба оламиён намоиш дода истодаанд. Пас, офтобро бо доман пӯшида намешавад...
Дар тӯли таърихи дароз ба зебоӣ, хушоҳангӣ ва қудрату тавоноии забони тоҷикӣ шеъри мондагори шоирони классики мо афзудааст. Адабиётшиносон ва алоқамандони каломи бадеъ бар онанд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ғазалиёт ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхии Румӣ саршор аз ибораву ифодаҳои тоҷикиянд. Бузургони шеъру адаби мо он қадар зиёданд, ки гоҳо дар шумурдан маҷоламон намерасад. Ба қавли устод Лоиқ Шералӣ:
Шеъри моро гар бихонад солиён,
Халқи олам, бемуҳобо, мерасад.
Дар масири таърих забони тоҷикӣ бори дигар қад алам мекунад. Имрӯз миллати тамаддунсози тоҷик амиқ дарк намудааст, ки Истиқлолият, сулҳу оштӣ, ҳусни тафоҳум ва ваҳдати воқеӣ сабаби комёбӣ ва дастовардҳои беназиранд.Истиқлолият ва озодии ин миллати созандаро Худо аз чашми бад нигоҳ дорад.
Мо ин навиштаро ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ барои он омода кардем, ки забони рӯзномаи қариб садсолаи «Овози тоҷик» ва чанде аз нашрияҳои дигар низ тоҷикист ва дар ҷумҳуриамон тоҷику тоҷикзабонони зиёде будубош доранд. Иди забон муборак, ҳамдиёрони азиз!
А. СУБҲОНОВ.