ЗАФАР

НОНУШТА

НОНУШТА

Тоҷбахшхола (модаркалони Зафар) аввали шаб хамир кард ва субҳи солеҳон аз ҳама пештар хест ва танӯр тафсонд. Тез-тез зуволаҳоро тунук ва ба онҳо равғану ҷаз молидаву печонда як сӯ гузоштан гирифт. Чаққон аз танӯр хабар гирифта омад, ки ҳанӯз тафси алав баланд буд. Аз фурсат истифода бурда, ба ғилмондани фатир сар кард. Келин, яъне модари аскар, хандазанон омада сарзаниш кард:
– Хобатон набурд магар? Акнун писаратон дар пешамон. Ҳар қадар хоҳад, бафурҷа, фатир хӯрдан мегирад.
– Коратон набошад, келинҷон. Худам бо дастонам фатир пухта медиҳам. Шумо равед, лахчаҳоро ҷамъ карда, ба танӯр об занед. Ман худам мечаспонам.
Фатир барвақт тайёр шуд. Вақт кайҳо аз чоштгоҳ гузашта бошад ҳам, аскар ҳамон дар ҷойгаҳи гарму нарм чун дар батни модар осуда мехобид.
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш овози изтиробомезу марғуладори навбатдор сарбозонро ба хестан маҷбур мекард. Ҳоло бошад, овози ӯ шунида намешуд. Зафар чашм кушода сӯйи тиреза нигарист. Нурҳои офтоби тирамоҳ хонаро равшан мекард.
Ҷойгаҳи Сафар холӣ буд. Аскар аз рӯйи одат бо як ҷаҳиш аз ҷояш хест. Дастурӯ шуста, назди аҳли оила омад. Ҳама дар атрофи дасторхон сӯҳбаткунон нонушта мекарданд. Вай саломи умумӣ дода, аз шафати модаркалон ҷой гирифт. Рӯйи дасторхон як лаълӣ ангур, чою шириниҳо, дар косаи сафолин қаймоқ буд. Буғи фатири гарми ҷаззагин ба машом расида, иштиҳояшро қозгир кард.
Фатирро дулунҷа задан гирифт.
– Оҳиста, – падараш бо табассуми нарм сӯйи писар нигарист.
Зафар фаҳмид, ки қиблагоҳаш ӯро аз чашми бад нигоҳ доштанист. Зеро ҳар боре, ки ӯ ҳамин гуна пурхӯрӣ мекард, вай насиҳатомез мефаҳмонд, ки дар пеши одамони наозмуда боэҳтиёт луқма гирад.
– Чашм одамро сӯрох мекунад.
– Санбӯсаи алафин аз ман, – Саодатбибӣ пазмони таомҳои миллӣ шудани мағзи бодоми худро дарк намуда, меҳрубонона даст сари китфи ӯ гузошт, – фақат баъди омада рафтани меҳмонон.
– Ҳа, рӯзи якшанбе маърака мегузаронем, – изҳор дошт сарвари оила, – вагарна омаду рафт ҳамаро аз кору бор мемононад.
– О, писарам, гашти аскарбинӣ дар ҳамин омаду рафт-ку! Вақтат набошад, ба ту ҷавоб. Мо худ меҳмононро қабулу гусел мекунем.
Ҳусейн Наҷмӣ хуб медонист, ки авлод калон аст. Ба ҳурмати ҳар як дасторхон ва дами гарм тайёр кардан кори саҳл нест. Пиразани рамузфаҳм ноилоҷ ба фарзанду набераҳо фармон дод. Яке бозор кардану дигаре даъвати меҳмононро ба ӯҳда гирифт.
Рӯзи маърака барои муборакбодии аскар хешу ақрабо, дӯстону ҳамдеҳагон омаданд, тангаю конфетпошӣ шуд. Аҳли оила дар таги дар меҳмононро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, гусел мекарданд. Ногоҳ марди ношиноси тахминан 60-сола, ки дар даст асо дошт, солор қадам партофта ба ҳавлӣ даромад. Вай одами миёнақади тоссар буд, тоқии чустӣ, шиму костюми сиёҳи тозаю озода ва куртаи барф барин сафед дошт. Намуди зоҳириаш гувоҳӣ медод, ки ӯ як шахси хирадманду мутафаккир аст.
– Марҳамат, марҳамат, – ҳама якбора ба вай роҳ кушоданд.
Чеҳраи меҳмон аз илтифоти мизбонон кушодатар шуд. Вай паси мизи пури неъмат нишаста, даст ба дуо бардошт. Суханҳояш кӯтоҳу фаҳмо ва пурмаъно буданд. Вақте ки вай гап мезад, дигарон гуфтугӯйи худро қатъ намуда, ҳама тан гӯшу ҳуш мешуданд. Ҳатто эшони Махсуми ҳавобаланд ҳам ба сергапӣ нуқта гузошт.
– Ҳа, нашинохтӣ? – аз ҳайрати писар рамуз гирифта пурсид падар, – расмашонро дар китобҳо ҳам надидаӣ?
Фарзанд сӯйи меҳмонони ношинос дида дӯхта, китф дарҳам кашид. Дар як лаҳза аз пеши назари Зафар симои шахсони зиёде гузашт. Ҳайҳот, хотирааш фиреб дод магар, пурсиши қиблагоҳ бидуни ҷавоб монд.
– Ҳасан Ирфон, нависанда, тарҷумон, – оҳиста пичиррос зад Ҳусейн Наҷмӣ, – дар гузари ҳамсоя зиндагӣ мекунанд.
Рости гап, тақдир ӯро то ҳол бо шоиру адибон рӯ ба рӯ накарда буд. Эҳтимол аз ҳамин сабаб вуҷуди Зафарро ҳисси изтиробомез фаро гирифт. Вай аз меҳмон чашм канда наметавонист. Ҳусейн Наҷмӣ бори дигар барои “хуш омадед” гуфтан назди меҳмон рафта буд, ки ӯ сабабгори “зиёфат”-ро пурсид. Аскар тозон наздаш омада, бо эҳтиром, дубора даст сари сина гузошта салом дод. Ҳасан Ирфон аз ҷояш хеста сарбозро ба оғӯш гирифт ва ба китфаш навозишомез тап-тап зада, “боракаллоҳ, боракаллоҳ” гуфту аз паҳлӯяш ҷой дод.
Вай одами хоксор, дилкушод, суҳбаторо будааст. Бо забони соддаву равони адабӣ, ки лаҳҷаи самарқандиёнро ба ёд меовард, сухан меронд.
Гоҳо ҳазлу мутоибаро ба авҷи аълояш мерасонд. Зафар ба чеҳраи меҳмони олиқадр бо диққат нигарист. Вай пешонаи фарох, чашмони каме фурӯрафта, бинии теғдор, рӯйи дароз ва дандонҳои сунъӣ дошт, ки ҳангоми ба ҳам бархӯрдан “чақ-чақ” овоз мебароварданд. Маҷрои суҳбат гоҳ ба як сӯ, гоҳ ба сӯйи дигар тоб мехӯрд. Ҳасан Ирфон марди ҳамадон буд. Шарҳу ҳикоятҳояш боварибахш, пуртаъсир, диққатангез буданд, ки ҳама гӯш ба қимор менишастанд. Ҳеч кас аз суҳбати мароқангези ӯ дил канда наметавонист. Вай ба пурсишҳои ҳозирон бо тамкин, пурраву ҳаматарафа ва далелҳои раднопазир ҷавоб медод.
Хидматгузорон табақҳои холиро гирифтанд. Аммо ҳеч кас нияти аз ҷой хестан надошт. Калонҳои гузар ҳам ба омин кардан ҷуръат намекарданд.
Суҳбати гули сари сабади маърака, марди ҳозирҷавобу хирадманд – Ҳасан Ирфон ҳозиронро моту мабҳут сохта буд. Ҳамин вақт воқеаи аҷиб рух дод. Пашшаи хира ба асаби Зафар расид.
Вай худ нафаҳмида монд, ки чӣ тавр бо каф ба рӯйи дасторхон зад. Меҳмон ҳаракатҳои барабаси ӯро мушоҳидакунон пурсид:
– Ҳа, сарбози бебок, рақибатро нобуд сохтӣ ё тират хок хӯрд?
– Барои пирӯзӣ набардҳои шадид идома доранд, – бо пашшакушак мусаллаҳ шуда, магасҳои хираро таъқибкунон ҳозирҷавобӣ намуд Зафар. – Ғалаба бар душмани ғаддор наздик аст!
– Боз чанд рӯз? – завқ карда хандид меҳмон ва овози марғуладори ба кадом як ҳунарманд монандаш танинандоз гардид:
Ман полвони сари деги ош,
Лашкари магасро кунам 
пош-пош,
Се шабу се рӯз ҷанг 
кардам,
Шаби охир як магасро ланг 
кардам!
Ханда чунон баланд шуд, ки ҳатто ошпази ҳангоматалаб дар даст кафгир аз сари дег “чӣ гап?” гӯён ба назди онҳо омад. Ҳасан Ирфон ҳамон бо табассум сӯйи сарбози собиқ менигарист. Зафар ғайр аз табассуми дандоннамо карда нишастан дигар илоҷе надошт. Он рӯз адиб баъди пароканда шудани меҳмонон ҳам хеле нишаст. Пас аз маърака Зафар ӯро то манзилаш ҳамроҳӣ намуд. Маълум гашт, ки Ҳасан Ирфон баъди вафоти ҳамсараш сари қоқашро гирифта, ба хонаи духтараш омадааст. Зеро келинҳои кӯтоҳандеш дар хонаи худаш ба пирамард рӯйи хуш нишон надодаанд. Ҳамин ки онҳо ба назди ҳавлии шинос расиданд, мӯйсафед роҳбалади худро ба хона хонд. Аммо Зафар аз таҳти дил ваъда дод, ки ягон рӯз, албатта, меояд.

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

Рафтуомади наздикону дӯстон кам шуд. Зафар оҳиста-оҳиста ба ҳаёти оддӣ одат мекард. Бештари вақтҳои холиро бо кори хона, мутолиаи китоб, машқу варзиш мегузаронд. Дар корхона ё идораҳои давлатӣ кор накардани вай бештар модаркалонро ба ташвиш мегузошт.
– Аскарбача, беҳудагардӣ ба дилат назад? – як пагоҳирӯзӣ пурсид Тоҷбахшхола, – мардак бояд аз паси кор шавад. Аз бекор – ҳама безор.
– Ду сол орому фароғат надошт, – ба ҳимояи фарзанд гузашт модараш, – монед, боз камтар дам гирад.
– Келинҷон, кор ҷавҳари мардро зиёд, сарашро баланд, кисаашро пур, рӯяшро сурх мекунад, – бо исрор фаҳмонд пиразан ва ҳамин вақт нигоҳаш ба мӯрчаяке афтод, ки нонрезаро ба сӯрохие бо азоб кашола мекард, – ана, бинед, ана ҳамин мӯрча тобистон кор мекунад, зимистон мехӯрад. Ин маънои онро дорад, ки меҳнати имрӯза роҳати фардо аст.
Ҳолати ногуворе ба миён омад. Зафар дарк намуд, ки сабаби пасту баланд гап задани арӯсу хушдоман вай аст. Агар аз рӯйи инсоф гӯяд, модаркалон ҳақ аст. Аммо модари дилсӯз ҳеҷ намехоҳад, ки писари нозпарвараш ҳатто даст ба оби хунук занад.
– Зафар чӣ нақша дорӣ? – пурсиши падар сӯҳбати баҳсомези келину модаршӯйро шикаст, – дилатро кушо. 
Писар ҳамон ба чашми қиблагоҳаш рост нигоҳ карда наметавонист. Байни онҳо гӯё вартаи калон вуҷуд дошт. Сиёсати падар дар оила қатъӣ буд. Зафар сӯйи модаркалон наҷотталабона нигарист.
– Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд, маҷлис оростан лозим, – Тоҷбахшхола таклифи худро гуфт: – «Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад», ин аст насиҳати бузургон. Бегоҳӣ келин ош пазанд. Зафар Алӣ Муродович, Имомқуламак, Зарифбригад ва Шакарамакашро таклиф намояд. Суҳбат мекунем ва ба ягон хулоса меоем. 
Меҳмонон дар вақти муайяншуда ҳозир шуданд. Каме дертар Имомқуламак “деги сиёҳ боло шавад, дӯстони мо пайдо шавад” гуфта вориди ҳавлӣ шуд. Ӯро Ҳусейн Наҷмӣ хуш истиқбол намуда, то айвон ҳидоят намуд, ки он ҷо дасторхон густурда буданд. Болои дасторхонро себу ангур, тарбузу харбуза, чанд табақча ширинӣ оро медод. 
Имомқуламак, баробари омада нишастан, фотиҳа хонда, ба ҳаққи аҳли оила ва аскар суханҳои нек гуфт.
— Ҳусейнбойбача, – дандони сунъии худро нишон дода пурсид вай, – дина, рӯзи якшанбе, базми ҷамшедӣ буд. Ин зиёфат барои чӣ?
— Хӯроки ҳаррӯза, амактӯра, – чойро бод дода сӯйи Зафар маънидорона нигарист падар, – шуморо ёд кардем. Писар ду шиша арақ ва чанд пиёла оварда дар як гӯшаи дасторхон гузошт. Падараш ба қадаҳҳо арақ рехт.
Нахустин пиёларо ба меҳмони калону иззатманд бо ду дасти адаб дароз кард. Имомқулбобо бидуни инкор қадаҳро рӯйи каф гирифт. Арақи қадаҳ аз дастони хаёле ларзони ӯ мавҷ хӯрд. Дигарон ҳам як-як соҳиби қадаҳ шуданд. 
Ҳусейн Наҷмӣ маънидорона сӯйи Имомқулбобо нигарист. Мӯйсафеди рамузфаҳм намуди ҷиддӣ гирифта, лаб ба сухан кушод:
— Дӯстон, гӯё дирӯз Зафарҷонро ба хидмати ҳарбӣ гусел карда будем, – андешамандона сар ҷунбонд нотиқ. – Худ нафаҳмидем, ки чӣ хел ду сол шамол барин гузашт. Вай қарзи ҷавонмардиро шарафмандона иҷро намуд. Ҳа, ана имрӯз бо рӯйи сурх баргашт. Шахсан ман бо Зафарҷон ифтихор дорам. Охир, хидмати Ватан шараф аст. Ватанпарварӣ хислати мардӣ, садоқат ба шири модар мебошад. Канӣ, гирифтем, барои шербачаи худамон! – ва худ намуна шуд. Вай бо як бардоштан ҷомро холӣ кард. Муддате афташро турш карду бо пушти даст даҳонашро пӯшонд. Ҳусейн Наҷмӣ чаққон помидорпораро дароз кард. Вай хомӯш газакро гирифта, миннатдорона сар ҷунбонд.
Дигарон низ қафо намонданд. Соқӣ пиёлаҳоро боз назди худ гузошт.
— Имрӯза базми ҷамшедӣ ба чӣ хотир? – ногаҳон пурсид ҳамсояи дасти рост Зарифбригад, – ба нӯшидан-ку мо ҳамеша тайёр. Аввал сабабашро фаҳмем.
— Маслиҳат шуд, собиқ аскар дар звенои Шакарбой кор мекунад, – гуфт Тоҷбахшхола, – фаъолияти меҳнатиро аз деҳқонӣ оғоз намояд, нағз. Ҳоло ҷавон, кӯҳа занад, талқон мекунад. Аввало ба қадри меҳнати ҳалол мерасад, сонӣ соҳиби як порча замин мешавад.
— Пешниҳоди олиҷаноб, – дастгирӣ намуд Алӣ Муродович, – манбаи даромаду фароғат – меҳнат ва боз меҳнат.
Ҳозирон ба хулоса омаданд, ки фикру андешаи Ҳусейн Наҷмӣ дуруст аст. Зафар бояд аз зинаи паст сар карда, ба баландӣ барояд. Ҳатто Шакарбой истеҳзоомез гуфт, ки бо гузашти айём Зафар соҳиби мансабҳои баланд гардаду ӯ ногаҳон аз вазифа дур шавад, ҳеч боке нест. Мардум мегӯянд, ки каландзан буд, боз ба кори худ омад. Вагарна, мисли фалону беҳмадониҳо аз курсии мансаб парида рафта, ба ягон беморӣ печиданаш муқаррар.
Аз ҳозирон танҳо Тоҷбахшхола тасдиқомез сар ҷунбонду халос.
Ниҳоят, қарор карданд, ки Зафар аз пагоҳ ба саҳро баромада, бо кори деҳқонӣ машғул мешавад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: