Ғаллакорони вилояти Бухоро дар қатори аввалинҳо нақшаи шартномавии ба давлат супоридани ғалларо бо муваффақият иҷро карданд.
Имсол деҳқонони асил дар 65 ҳазор гектар киштзорҳои 3038-то хоҷагии фермерӣ гандуми навъҳои «Алексеевич», «Васса», «Грои» ва ғайраро табъи дил парвариш карданд. Дар натиҷа ҳосил фаровон шуд. Бо мақсади беталафот гузаронидани мавсим аз ҳисоби 190-то комбайни вилоят отряди ғалладаравӣ созмон ёфт. Ба ҳар як отряд аз ҳисоби сарварони масъулиятшиноси ташкилоту корхонаҳои ноҳия роҳбар таъин гардида, ба онҳо ҳамчун ҷонишин як нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ вобаста гардид. Вазифаи мушаххаси ҳар яки онҳо муайян карда шуд. Ғалладаравӣ бо як маром оғоз ёфта, баъди иҷрои нақшаи шартномавӣ қисми боқимонда ба ҳисоби хоҷагии фермерӣ гузошта мешавад. Ҳангоми дарав ба отрядҳо 900 мошини боркаш 32 устохонаи сайёри таъмиркунӣ, 43 адад воситаи таъмини сӯзишворӣ мададгор гардиданд. Ба хоҷагиҳои фермерӣ саривақт дода шудани нуриҳои минералӣ, маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва кумаки моддӣ самараи худро дод. Муҳимтараш нақшаи шартномавӣ дар 20 рӯзи корӣ иҷро шуд. То 27 июн ба хирмани давлат бештар аз 164 ҳазору 100 тонна гандум ворид гардид. Дар натиҷа ҳам нақшаи солонаи пешбинишуда ва ҳам нақшаи ғаллаи тухмӣ барзиёд ба иҷро расид. Дар ин комёбӣ саҳми ғаллапарварони ноҳияҳои Олот, Рометан, Вобканд, Қарокӯл, Ҷондор, Бухоро арзанда шуд. Хоҷагиҳои фермерии «Шукрулло Ӯрин», «Ҷӯра Қурбон», «Гавҳаройим» аз ноҳияи Олот, «Муъминабону Аброр», «Равшан Мирзо Олим», «Савур Толмас», «Ғафуробод Зулфия», «Мансурбек Диёрбек Дилшод» аз ҳар як гектар майдон 90-100 сентнерӣ ҳосил гирифта бошанд, ҳосилнокии хоҷагиҳои фермерии «Собир Суҳроб Бобур», «Қунди Гавҳар», «Гулбаҳор Гулнора» аз ноҳияи Вобканд «Норқулота», «Бечандик» аз ноҳияи Қарокӯл, «Ҷонибек Фарҳод», «Ботирҷон» аз ноҳияи Ҷондор ба 85-95 сентнерӣ рост омад.
Бо вуҷуди мураккабии иқлим ва таркиби хок дар вилоят бори аввал ҳосилнокии қитъаҳо ба ҳисоби миёна ба 82 сентнерӣ рост омад. Истеҳсоли ғалла бештар аз 530 ҳазор тоннаро ташкил кард. Мувофиқи пешгӯии мутахассисон ғаллакорони вилоят 1 триллион 410 миллиард сӯм даромад мегиранд ва фоидаи соф 620 миллиард сӯмро ташкил мекунад.
Ба ҳисоби хоҷагиҳои фермерӣ гузошта шудани беш аз 350 ҳазор тонна ҳосил боиси фаровонии ҳаёти кормандони хоҷагиҳои фермерӣ мегардад.
Операторони комбайн Фазлиддин Асадов (Рометан), Амин Раҳмонов (Олот, Фазлиддин Бозоров (Когон), Марат Қудратов (Вобканд), Қурбон Ҷумъаев (Қаровулбозор), Мақсуд Улуғов (Бухоро), Бахтиёр Сатторов, Ҳоким Ярашев (Пешкӯ) ва дигарон рӯзе 100-110 тоннагӣ гандум ҷамъ оварданд.
Ҳоло дар ҳудудҳо ҷараёни дастгирӣ кардани оилаҳои муҳтоҷ, кишти такрорӣ барои манфиати онҳое, ки шомили «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» ҳастанд, дар авҷ аст.
Дар арафаи 33-солагии истиқлолияти давлатии мамлакат комёбии меҳнатӣ муборак бод, ғаллакорони ҳимматбаланди вилояти Бухоро!
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.